Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ҳамовозии аҳолии кишвар таҳия ва қабул шудааст, афкор, мавқеъ, манфиати мардум ва натиҷаи назари огоҳонаи аъзои фаъоли ҷомеаро дар худ таҷассум намудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар шуда, гуфта буданд: «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо назардошти зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳоде, ки ба гурӯҳҳои кории Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда буд, таҳия гардид. Дар баррасии он мардум тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои телевизионӣ фаъолона ширкат варзиданд… Чунин фаъол будани мардум дар раванди қабули қонун намунаи равшани дастоварди давлати демократии Тоҷикистон буд, ки иртиботи бевоситаи воридшавии иродаи мардумро ба мазмуни қонунгузории кишвар собит мекард». Ба андешаи мо, ба ҳамин асос онро қонуни миллӣ меноманд. Ҷойи ифтихор аст, ки он дар ҷаҳон то ҳол назир надорад ва миллатҳои дигари дунё баҳри омӯхтани ин таҷрибаи Тоҷикистон кӯшиш намуда истодаанд.
Майи соли 2007 Президенти кишвар таъкид карда буданд, ки: «мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму оинҳои халқӣ ва маросимҳои динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани меъёрҳои баргузории онҳо ба раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем».
Баъди ба даст овардани истиқлолият, истиқрори сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон масъалаи ба танзим даровардани ҷашну маросим ва расму оинҳо пеш омад. Мақсад аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, пешгирӣ аз таассубу хурофот ва ифротгаройӣ буд, ки боиси гумроҳиву гирифторӣ, қафомонию кулфатзадагии мардум мегардиданд. То қабули қонун вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ дар ҳолати бисёр ташвишовар қарор дошт. Паст будани маърифати динии шаҳрвандон, зоҳирпарастӣ боис гардид, ки ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ ба маъракаҳои пурдабдабаю серхароҷот табдил ёбанд, ки ба манфиати иқтисодиву иҷтимоии мардум набуд.
Бино ба таҳлилҳо ва маълумоти оморӣ, аксари мардуми кишвар бо вуҷуди камбизоат будан, аз рӯи нангу номус, ба тақлидкорӣ, худнамоӣ фурӯ рафта, манфиатҳои шахсӣ ва буҷаи оилавиро хароб мекарданд. Дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат, 24 майи соли 2007 Президенти кишвар гуфта буданд: «Зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои халқиву динӣ дар навбати худ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».
Аз қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки даҳ сол гузашт, боиси коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, аз банди хурофот озод шудани мардум, болоравии сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва устувории суботу амнияти кишвар гардид.
Ҳанӯз соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими расму оинҳо интишор шуд, ки он вақт қариб 80 фоизи сокинони мамлакат камбизоат буданд. Фарҳанги динии мардум дар дараҷаи паст қарор дошт ва онҳо урфу одатҳои хурофотиро ҳамчун урфу одатҳои динӣ қабул намуда, байни ҳам дар барпо намудани маъракаҳои серхароҷот мусобиқа мекарданд, ки ин ҳолат боиси афзудани сафи камбизоатҳо гардид. Аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон маблағҳои калон фиристода мешуд, ки қисми зиёди он сарфи маъракаҳои хурофотии сермасраф мешуд. Ҳамон вақт Президенти мамлакат қайд намуда буданд : «Маъракаороии мардум аз доираи меъёрҳои одоб ва ахлоқи Ислом торафт дур рафта, имрӯз дар роҳи баланд бардоштани сифат ва сатҳи зиндагӣ, бахусус оилаҳои камбизоат, ки беш аз нисфи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд, монеаҳои ҷиддӣ эҷод карда истодааст». Аз ин бармеояд, ки ҷомеаи Тоҷикистон он солҳо ҳақиқатан гирифтори «беморӣ»-и урфу одатҳои сермасрафи хурофотӣ гардида буд ва ба таҳаввулоти фикриву иқтисодӣ, мафкуравию иҷтимоӣ ниёз дошт.
Дар робита ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот комиссияҳои доимии маҳаллӣ таъсис дода шуданд.
Ҳоло дар кишвар 499 комиссияи доимии сатҳҳои гуногун амал мекунанд. Шумораи комиссияҳои ҷамъиятӣ бошад, дар корхона, идораю муассисаҳо ба зиёда аз 770 адад мерасад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз қабули қонуни танзим даҳ сол гузашта бошад ҳам, шахсони масъули комиссияҳои доимии маҳаллӣ бо он шинос нестанд, мазмуну муҳтавои онро ба таври бояду шояд намедонанд. Мутаассифона, дар бисёр ҳолат аъзои комиссияҳои доимии маҳаллӣ аз талаботи тартиб додани санад, протокол ва сурат — маҷлисҳо бехабаранд. Баъзан ҷаримаҳои аз аҳолӣ рӯёнидаи онҳо ғайриқонунӣ ҳисобида, аз тарафи судҳо рад карда мешаванд. Ҳанӯз ҳам шахсони нолоиқ, тасодуфӣ ва камсавод дар комиссияҳои доимии маҳаллӣ фаъолият менамоянд. Ҳатто баъзе аз онҳо фарқи додани ош ва зиёфатро намедонанд! Пас, чӣ гуна иҷрои талаботи қонунро назорат мекунанд?
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеан ҳам қонуни демократӣ аст. Агар матни онро бодиққат мутолиа намоед, ба хубӣ хоҳед дид, ки ибораҳои «ба таври ихтиёрӣ», «метавонад», «манъ намекунад», «ҳуқуқ дорад» вомехӯранд, ки гувоҳи дар доираи қонун озодона амал кардани соҳиби маърака мебошанд.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар баргузор кардани расму оинҳо озод аст. Ва метавонад маъракаҳои зодрӯз, тӯйи домодию арӯсӣ барпо кунад ё накунад, яъне соҳибихтиёр аст. Қонуни номбурда касеро барои барпо намудани маъракаҳои анъанавӣ маҷбур намесозад.Он дар гузаронидани маъракаҳо, расму оинҳо вижагиҳо дорад. Барои мисол, зодрӯз ( моддаи 8 ) ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила баргузор карда мешавад. Зери мафҳуми «оила» хешу табори наздик, ки ҳам аз назари хунӣ ва ҳам аз назари иҷтимоӣ қаробат доранд, фаҳмида мешаванд. Оилаи хурд метавонад хешу табори наздикро даъват намояд. Ба қатори хешовандони наздик ба ғайр аз бародарон ва хоҳарони волидони тифл, фарзандони болиғи онҳо, писари амак, амма ё писари хола ва ё тағои онҳо низ дохил мешаванд. Дар рӯзи таваллуди шахс ба табрики ӯ омадани хешу табори наздик ба талаботи қонун муқобил нест.
Дар қонун мафҳуми ош ё зиёфат истифода шудааст, ки аз ҳам фарқ доранд. Ҳангоми додани ош, соҳиби тӯй бо додани танҳо як хӯрок, яъне ош, меҳмонҳоро гусел мекунад. Агар соҳиби тӯй зиёфат карданӣ бошад, он гоҳ метавонад ба меҳмонон ҳам хӯроки якум ва ҳам хӯроки дуюм бо хӯришҳо, нӯшокиҳои ташнашикан, меваҳои хушк ва самбӯса дода, маъракаашро гузаронад.
Масъалаи дигаре, ки тибқи қонунгузорӣ бояд ба танзим дарояд, тақлид ба фарҳангу либоспӯшии бегона мебошад, ки гоҳо ба ҳадди ифрот мерасад. Калимаи «ифрот» маънои аз ҳадду андоза гузаштан, аз эътидол берун шудан ва ё зиёдаравӣ карданро дорад. Шахси ифротӣ касест, ки дар тарзи фаҳмиш ва ё тарзи амал дар ягон масъала аз меъёр ва ҳадди эътидол мегузарад. Баъзеҳо дар пурхӯрӣ аз ҳад мегузаронанд, дигарон дар харҷи беҳудаи пул зиёдаравӣ ва ифрот мекунанд ва ғайра. Қисме аз занону духтарони тоҷик дар пайравӣ ба фарҳанги бегона, хусусан дар пӯшидани сару либос, аз ҳад мегузаронанд.
Либоси баъзеи онҳо, ки имрӯз дар кӯчаю бозор мушоҳида мекунем, хоси фарҳанги саҳронишинонанд. Агар ин бонувон боре андеша ва дарк менамуданд, ки ба бар кардани либоси бегона аз надонистани фарҳанги либоспӯшии миллӣ, эҳтиром нагузоштан ба анъанаҳои тоҷикӣ маншаъ мегирад, шояд ба бегонапарастӣ роҳ намедоданд.
Фарҳанги либоспӯшии тоҷикон таърихи бисёрасра дошта, аз Авесто ибтидо мегирад. Ниёкон либосро вобаста ба ҷинс, синну сол, фаслҳои сол, ранги рӯю мӯй, қадду қомат, ҳолатҳои зиндагӣ (тӯй, мотам, қабули меҳмон, ба меҳмонӣ рафтан, ба аёдати бемор рафтан…) ба бар мекарданд. Дуруст интихоб намудану ба бар кардани либос ҳунар ва бозгӯйи тафаккури пешқадами шахс аст. Барои ба роҳи дуруст ҳидоят намудани шаҳрвандон дар масъалаи эҳтироми либоси миллӣ заҳмати мунтазами тарроҳон, дӯзандагон, истеҳсолкунандагони матоъҳои миллӣ ва тарғиби онҳо зарур мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки дар баробари дигар арзишҳои миллӣ либос, анъана ва расму оин низ муаррифгари миллатанд.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон