Ҷдмм «Ҷавонӣ» — коргоҳе, ки 95 дарсади маҳсулотро ба Аврупо содирот мекунад

№99 (3736) 19.08.2017

Пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии кишвар мебошад. Маҳз чунин хусусият доштан онро ба ашёи стратегӣ табдил додааст. Мутаассифона, қисми зиёди пахтаи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ҳамчун ашёи хом содирот мешавад. Тавре вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шавкат Бобозода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, дар нимсолаи аввали соли 2017 бори аввал дар кишвар аз 10 ҳазор тонна нахи пахта ришта истеҳсол карда шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар кишвар 16 корхонаи саноати ресандагӣ бо иқтидори умумии коркарди 87 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ­фаъолият мекунад. Аз ин шумора 7 корхона бо иқтидори 24 200 тонна ба коркарди пурраи нахи пахта машғул аст. Чунин корхонаҳо аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ бархӯрдор мебошанд. Масалан, мувофиқи боби 47, моддаи 313-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дӯзандагӣ) машғул мебошанд, ҳангоми воридоти мол ба эҳтиёҷоти худ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд. Ҳамчунин, барои содироти молҳои истеҳсолкарда корхонаҳои навтаъсиси зикршуда аз андоз аз арзиши иловашуда озоданд. Дар баробари ин, онҳо аз андоз аз фоида, андози низоми содакардашуда ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул низ озод гардидаанд.

Инчунин, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017 таҳти №49 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 377 «Дар бораи ставкаҳои боҷҳои гумрукии содиротӣ» тағйиру иловаҳо ворид ва боҷи гумрукӣ ба андозаи 10 дарсад аз нахи пахтаи содиротӣ муқаррар карда шуд. Дар натиҷаи фароҳам овардани имтиёзҳои ­зикршуда ҳаҷми истеҳсоли риштаи пахтагин дар нимсолаи якуми соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 беш аз 7 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Бе дарназардошти имтиёзҳои андозиву гумрукӣ низ, таҷриба нишон медиҳад, ки фаъолияти корхонаҳое, ки ба коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти тайёр машғуланд, фоидаовар буда, ҳамаҷиҳата қобили дастгирист. Масалан, ҶДММ «Ҷавонӣ», ки яке аз корхонаҳои пешқадами ҷумҳурист, зиёда аз 95 дарсади маҳсулоти истеҳсолкардаро ба хориҷи кишвар, махсусан давлатҳои Аврупо, содирот мекунад. Тавре директори генералии он Иброҳим Ғафуров иттилоъ дод, ҶДММ «Ҷавонӣ» соли 1992 ташкил ва бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст.

- Корхона бо маҳсулоти рақобат­пазир Тоҷикистонро дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ мекунад, — изҳор дошт роҳбари он. Бино ба гуфти ӯ, муассисони ҶДММ «Ҷавонӣ» Корпоратсияи «Каррера ИМА» ва Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (ИМА) мебошанд. Коргоҳ аз истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, пардоздиҳӣ, дӯзандагӣ, рангубордиҳӣ ва минтақаи дарзмолкунӣ иборат аст.

Корхона бевосита нахи пахтаро аз хоҷагиҳои деҳқонии кишвар тибқи шартнома харидорӣ намуда, коркард мекунад, яъне аввал ришта, баъд матоъ ва маҳсулоти тайёри дӯзандагиро истеҳсол менамояд.

Нахи пахта ва сиклҳои дигари истеҳсолии коргоҳ дар дастгоҳҳои муосири замонавӣ, ки ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд, истеҳсол карда мешаванд.

Дар коргоҳ 1000 нафар фаъолият мекунанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва 75 дарсади онҳо занҳоянд. Барои коргарон шароити меҳнативу фароғатӣ муҳайё карда шудааст. Нақлиёти хизматӣ низ барои бурда овардани онҳо ба коргоҳ вобаста шудааст.

Музди меҳнат ҳар моҳ сари вақт пардохт карда мешавад. Маоши миёнаи кормандон ва хизматчиёни он дар соли 2016-ум 1800 сомонӣ ва дар шашмоҳаи аввали соли 2017-ум 1860 сомониро ташкил додааст.

Корхона ҳар сол то 1,5 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард карда, 1,5 миллион дона маҳсулоти тайёр, аз қабили шими мардона, занона, ва кӯдакона истеҳсол менамояд. Пештар 95 дарсади маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар содирот мешуд. Ҳоло бошад, ин рақам ба 97-98 дарсад баробар шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд мағозаи корхона фаъолият дорад, ки маҳсулоташро бо нархи дастрас пешкаши сокинон мегардонад. Ҳаҷми маҳсулоти дар ин ҷо истеҳсолшуда бо маблағ дар як сол зиёда аз 84 миллион сомониро ташкил медиҳад ва аз ин ҳисоб 14-15 миллион сомонӣ андозҳо, ҳамчунин дигар намуди пардохтҳоро ба буҷети давлат мегузаронад.

Ин муваффақияти коргоҳест, ки аз нахи пахтаи ватанӣ танҳо як намуди маҳсулот истеҳсол менамояд. Акнун қазоват кунед, ки аҳолии кишвари мо ба чӣ қадар либос эҳтиёҷ доранд. Агар ҳамин гуна корхонаҳо кушода, истеҳсоли дигар намуди маҳсулоти дӯзандагӣ низ ба роҳ монда шавад, ҳазорҳо ҷойи кории нав ба вуҷуд меояд ва Буҷети давлатӣ низ ғанӣ мегардад. Масалан, аҳолии наздик ба 9-миллионнафараи кишвар ҳар сол барои харидории либос маблағи зиёде сарф менамояд. Мутаассифона, аксари либосе, ки имрӯз аз бозор харидорӣ мешавад, истеҳсоли давлати Хитой буда, ҷавобгӯйи талабот нестанд. Ба саломатӣ безарар будани онҳоро касе кафолат дода наметавонад. Либосҳои аз дигар давлатҳо воридшаванда гарчанде сифати хуб ­дошта бошанд ҳам, нархи барои аксарият дастнорас доранд. Агар ҳама гуна маҳсулот бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ дар дохили кишвар истеҳсол мешуд, манфиати халқу буҷети кишвар садчанд меафзуд. Тавре болотар зикр кардем, ҶДММ «Ҷавонӣ» солона аз 1500 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи зиёда аз 84 миллион сомонӣ маҳсулоти тайёр истеҳсол менамояд. Агар ҳамин миқдор нахи пахтаро ба хориҷи кишвар содирот намоем, мувофиқи нархи бозори ҷаҳонӣ (11 августи соли 2017 -  1500 доллари ИМА барои як тонна) маблағи аз фурӯши он бадастомада 2 миллиону 250 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки бо қурби имрӯза муодили 20 миллиону 25 ҳазор сомонӣ мебошад. Аз ин бармеояд, ки коркарди ниҳоии нахи пахта дар дохили кишвар на танҳо аз нигоҳи молиявӣ, балки аз ҷиҳати иҷтимоӣ низ манфиати бештар дорад. Қабл аз ҳама, садҳо нафар соҳиби ҷойи кор ва маош мешаванд, ки ба коҳиш ёфтани шиддати бекорӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, дар ташкил ва ё хуб нигоҳ ­доштани инфрасохтори маҳали ҷойгиршавӣ коргоҳу корхонаи саноатӣ масъулиятро бар дӯш мегирад. Аз ин рӯ, то ҳадди имкон нахро дар дохили кишвар ба маҳсулот табдил дода, чун маҳсулоти тайёр набошад ҳам, лоақал ҳамчун риштаву матоъ содирот кардан самаровар аст. Масалан, нархи як килограмм риштаи аз нахи пахта истеҳсолшуда аз 2 то 2,8 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки бо ҳисоби миёна як баробар аз ҳамин миқдор нахи пахтаи коркарднашуда зиёд мебошад.

Ҳамчунин, истеҳсоли худӣ дар бозор рақобатро ба вуҷуд оварда, ба муътадил нигоҳ доштани нарх мусоидат менамояд. Масалан, имрӯз як дона шими ҷинсе, ки аз Хитой, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва ё Туркия ворид мешавад, дар бозорҳои шаҳри Душанбе вобаста ба сифат аз 100 то 600-700 сомонӣ арзиш дорад. Аммо ҳамин намуди маҳсулоти дар коргоҳи «Ҷавонӣ» истеҳсолшаванда, ки қариб сад фоиз аз пахта аст, дар мағозаи фирмавии он ба маблағи 80-90 сомонӣ фурӯхта мешавад. Гарчанде бо супориши Роҳбари давлат масъулин барои дар самти дӯхтани либосҳои мактабӣ ва махсус кӯшиш намуда истода бошанд ҳам, фаъолияти коргоҳҳои ба ин кор машғулбуда қонеъкунанда нест. Зеро аксари коргоҳҳо матои тайёрро ­дастрас карда, танҳо онро медӯзанду халос. Агар танҳо истеҳсоли пурраи либосҳои мактабӣ (шурӯъ аз истеҳсоли ришта то матоъ, дӯхт ва рангубор) ва махсус дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад, содироти нахи пахтаи коркарднашуда бамаротиб коҳиш меёбад. Муътақидем, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ дар ин самт корро ҷоннок менамояду ояндаи наздик мушкилоти соҳаи саноати сабук тадриҷан бартараф ва дастовардҳо назаррастар мешавад.

Ба касе пӯшида нест, ки мавзӯи баррасишуда таҳти назорати доимии роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад ва дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расидааст, ки яке аз онҳо ­бунёди корхонаи бузурги «Ҷунтай-Данғара СинСилуТекстил» мебошад. Умед дорем, ки баъд аз пурра ба фаъолият шурӯъ кардани он ва дигар корхонаҳои соҳа, кишвари мо на танҳо бозори дохилиро бо маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тозаи ватанӣ таъмин менамояд, балки ба содироткунандаи асосии маҳсулоти пахтагин дар минтақа табдил меёбад.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»