Ҷаласаи кории раиси шаҳри Душанбе

№91-92 (3076-3077) 25.07.2013

22 июли соли 2013 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи кории раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки доираи васеи масъулини сохторҳо ва роҳбарони ташкилоту идораҳои шаҳрӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа, ки дар партави хулосаҳо оид ба натиҷаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷиҳати пешбурди ҳаёти хоҷагидорӣ доир гашт, баҳри  тақвияти тадбирҳо ва расидан ба  ҳадафҳои барномавии тибқи қарорҳои дахлдори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз 20 декабри соли 2012 барои  соли 2013 қабул ва тасдиқгардида масъалагузориҳои амиқ  сурат гирифт.

Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагидорӣ, иҷрои ҷамъоварии нақшаҳои андоз, таъмини пардохти нафақаҳо, амалисозии босифати  корҳои бунёду азнавсозӣ, таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои хиёбону кӯчаҳо ва баистифодадиҳии саривақтии онҳо, беҳдошти вазъи санитарию экологӣ ва ҳифзи саломатӣ, барориши саривақтии партовҳои сахти маишӣ ва назорати бастани шартномаҳо миёни аҳолӣ ва субъектҳои хизматрасони ноҳиявӣ, омодагиҳо ба соли нави хониш, ҷашни Истиқлолият, мавсими зимистонгузаронии пешорӯ, назорати  истифодаи неруи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он аз ҷониби муштариён нигаронида, дастур дод, ки потенсиали мавҷуда баҳри иҷрои пайдарпайи  нақшаҳои рушд, ки дар соли 2013 бо фарогирии соҳаҳои гуногун тасдиқ гаштаанд, сафарбар  карда шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз фаъолияти ан-ҷомдодаи сохторҳои шаҳрӣ дар амалисозии корҳои бунёду азнавсозӣ- таъмири асосӣ ва ҷории роҳҳои хиёбону кӯчаҳо ва баистифодадиҳии саривақтии онҳо, бинобар сабаби зоҳир намудани бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ба таъхир андохтани муҳлати баистифодадиҳии иншоотҳо, аз қабили азнавсозии кӯчаҳои Н.Қарабоев (қисмати шарқӣ ва ғарбӣ аз кӯчаи А.Ҷомӣ то кӯчаи Ҷанубӣ) ва азнавсозии кӯчаҳои Лоҳутӣ, Меҳнат, Шарқ (баромад ба кӯчаи М.Турсунзода) ба А.М.Оев– муовини раиси шаҳри Душанбе ва С.Б.Мирзоев– сардори Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири асосию ҷории роҳҳою купрӯкҳои ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе» муҷозоти интизомӣ – танбеҳ эълон намуд.

Муқаррар карда шуд, ки фаъолияти сохторҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ оид ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ бобати эътимоднокии рақамҳои оморӣ ва пешгирӣ аз сохтакорӣ дар ин самт аз ҷониби прокуратураи шаҳр мавриди санҷиш қарор дода шавад.

Дар иртибот нисбати вусъати тадбирҳо оид ба ҷараёни татбиқи Нақшаи генералии шаҳр ва қонеъ гардонидани талаботи  шаҳрвандони манзилҳояшон дар ин зимн бартарафшаванда бо ҳуҷраҳои замонавӣ раиси шаҳр супориш дод, ки фонди манзили коммуналии шаҳр минбаъд танҳо баҳри баровардагии талаботи онҳо равона карда шавад.

Бо дахли масоили фаровонию ғановати бозори истеъмолӣ ва иҷрои Қарори раиси шаҳри Душанбе №399 аз 8 июли соли 2013 «Дар бораи  таъмини тадбирҳои амалии пешгирии  болоравии   нархи   маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе», ки ҳукми  санади меъёрии ҳуқуқиро доро гардидааст, Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон оид ба таъмин намудани бозорҳои коммуналӣ бо гӯшти хушсифат ва пешгирии воридшавии гӯшти бесифат муовини раиси шаҳри Душанбе Б.Назаров, сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр З.Авғонов ва сардухтури Раёсати назорати давлатии байторӣ дар шаҳри Душанбе Б.Қармишевро масъул таъин намуда, ҳамзамон зикр кард, ки дар сурати риоя нагардидани ин муқаррарот нисбати ҳар кадоме тадбирҳои ташкилӣ – озод намудан аз вазифаи ишғолкардаашон андешида мешавад.

 Ш. САИДОВ,

котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе