Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Белгия Филипп барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Аълоҳазрат,
Сарфарозам муносибати фархундаи ба тахт нишастани Аълоҳазратро самимона табрик ва муборакбод гӯям.
Робитаҳои Тоҷикистону Белгия дар чаҳорчӯбаи шарикии муваффақонаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ ва дар майдони равобити дуҷониба рӯ ба рушду густариш ҳастанд. Умедворам, ки дар марҳалаи ҷадиди фаъолияти Аълоҳазрат онҳо таҳкиму тақвияти бештар касб хоҳанд кард.
Ба Шумо дар ин маснади олӣ дастоварду комёбӣ, ба мардуми дӯсти Белгия пешрафту рифоҳ орзумандам».