Хабарнигорамон бо пешниҳоди чанд суол аз Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ хоҳиш намуд, ки таассуроташро аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии кишвар, ки бахшида ба 10- солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, иброз дорад.
Ба назари ман, воқеан ҳам вақти он расидааст, ки қонуни мазкурро бори дигар аз назар гузаронем, ба он баъзе тағйиру илова ворид намоем, то ин ки ба шароити имрӯза мувофиқ бошад. Тоҷикистон аз минтақаҳо иборат аст ва ҳар кадом расму оини хоси худро доранд. Мисли он ки ангури ҳисорӣ хоси Ҳисор асту лимӯи Вахш хоси Вахш, себи Шаҳристон дар Хуҷанд парвариш намеёбад ва монанди инҳо. Онҳоро агар аз як маҳал ба маҳали дигар кӯчонем, шароити хоси худашонро ба вуҷуд овардан зарур аст, вагарна ҳама кӯшиш баръабас меравад.
Маъракаи шодию хурсандӣ дар ҳар маҳал лаҳзаҳои фаромӯшнаванда доранд. Ман боре дар Нуробод лаҳзаи сартарошонро дидам. Дар Ашт бадеҳагӯйии занону духтаронро шунидам. Нақшхонии хуҷандиён таърихи дурудароз дорад. Дар ин ҷо дар домодталабон ҷӯраҳои домод нидо мекунанд: «Домод ош намехӯрад!». Ин он маъноро дорад, ки арӯсро ҳам ҳаққест аз хонадони падар. Падар ё бобо дар назди издиҳом ҷоеро барояш ҷудо мекунад, то домод хушҳол бошад. Иҷрои ин расм бе муҳру ҳуҷҷат сурат мегирад, аммо дар назди ҷомеа гӯё ба ҳукми қонун даромадааст. Риояи чунин анъанаҳо, ба фикрам, зарар надорад.
- Дар атрофи маъракаи домодталабон чӣ андеша доред?
- Кӣ чӣ гуна ҳисоб кард, намедонам. Мегуфтанд, ки дар муддати даҳ сол маъракаи домодталабон бо иштироки 15 нафар гузаронида мешуд. . Ин ягона маъракаест, ки духтардор мегузаронад. Дар Тоҷикистон аксари оилаҳо серфарзанданд. Фарз кардем, ду оилае, ки даҳ нафарӣ фарзанд доранд, қудо шуданд. Даҳ нафар бо ҷуфти худ 20 нафар, ҳамроҳи 20 нафари қудо чил нафар мешаванд. Аз ин сабаб аксари тӯйдорон домодталабон намегузаронанд. Ба ҷойи он ягон набераашонро «хатнатӯй» мекунанд, аммо дар асл домодталбон аст. Буданд воқеаҳое, ки як бачаро чанд бор шоҳҷома пӯшонида, хатнатӯй карданд. Худфиребӣ ба кӣ лозим аст? Беҳтар ин аст, ки маъракаи домодталабонро умуман аз миён бардоранд.
- Фикру мулоҳизаҳо перомуни «Оши наҳор» ва маъракаи сол низ зиёданд…
- Ман пешниҳод мекардам, ки маъракаи оши наҳори хуҷандиён аз нав ҷорӣ карда шавад. Дар Хуҷанд пирони садсола ҳам аниқ намедонанд, ки ин маърака кай анъана шудааст. Ба кору бори мардум онро бояд мувофиқ кард, зеро бо баҳонаи оши наҳор хешу табори дуру наздик, ҳамкорон, ҳамсабақон, ҳамхизматон ба дидори ҳамдигар мушарраф мешаванд. Кори мардуми деҳқон ё соҳибкорон ба соат вобаста нест. Деҳқон барвақт ба сари замин мераваду аз паи кор мешавад, хусусан дар мавсими гарми тобистон.
Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои ҷануби кишвар бодабдаба гузаронидани маъракаи сол роиҷ аст, аммо дар тарафҳои шимол танҳо кушодани дастурхон барои наздикон расм шудааст ва аксарият онро риоя мекунанд.
- Агар пай бурда бошед, вақтҳои охир баъзе тағйирот дар анъанаву расмҳо ворид шудааст, аз қабили харидорӣ намудани ҷиҳози арӯс ва ғайра …
- Дуруст аст. Ба ҷиҳози арӯс мизу курсию ҷевону катҳои қиматбаҳо илова шудааст. Маъракаи рӯбинони арӯс аз куҷо ба Тоҷикистон омад, касе намедонад. Харҷи он даҳчанд аз харҷи тӯй зиёд аст. Ҳоло мебелро пеш аз тӯй меоранд ва касе онро назорат карда ҳам наметавонад.
Барои аз байн бурдани он худи халқ бояд тасмим бигирад, вагарна роҳҳои дигари гузаронданашро пайдо мекунанд. Барои муваффақ шудан ба ин мақсад корҳои тарғиботиро ҷоннок бояд кард.
- Дар хусуси нархи гарони хизматрасонии ҳунармандон чӣ мегӯед?
- Ҳоло шумораи тӯйхонаҳо хеле зиёданд. Нархи онҳо мисли хидматонаи ҳофизон гуногун аст. Ҳофизе ҳаст, ки арзон хизмат мерасонад, лекин ҳофизҳое ҳастанд, ки 2-3 ҳазор доллар талаб менамоянд. Ҳар кас мувофиқи имконияташ амал мекунад.
Ҳоло зиёд мешунавем, ки фалонӣ фалон нафар бачаҳоро аз оилаҳои камбизоат хатнатӯӣ кардааст. Ҳар касе шунид, хурсанд мешавад. Ба онҳое, ки қудрат доранд, сарватманд ҳастанд, бояд иҷозат дода шавад, ки тибқи қонун, ҳар чӣ қадар тавонанд, тӯй ва барои халқ сарф кунанд. Ин рафтор ба дигарон, хосатан ҷавонон, таъсири мусбат мерасонад. Онҳо ҳавас мекунанд, беҳтар мехонанд, беҳтар амал мекунанд, то ки онҳо ҳам бою бадавлат шаванд ва кори хайреро анҷом диҳанд. Аз ин на танҳо ҷамъият, инчунин буҷаи давлат ҳам бебаҳра намемонад.
- Агар ягон фикру мулоҳиза ва пешниҳоди дигар дошта бошед, хоҳиш мекунам, бигӯед.
- Медонед, гулҳои гуногун бо рангҳои гуногун, бо бӯю таровати ба худ хос ба дил фараҳ меоранд. Дар ҳар маҳал барои нигоҳ доштани суннатҳои хуби қадима бояд эътибор диҳем. Табиати мардуми мо аз қадим саховатпешагист. Ёфтаашро танҳо намехӯрад, хайрот мекунаду ба дигарон мехӯронад. Мо чаро ба мардуми Ғарб пайравӣ кунем? Дар он ҷо ҳамсоя ҳамсояро намешиносад. Дар ин ҷо як деҳа якдигарро ном ба ном медонад. Он ҷо ҷудоиандозист, ин ҷо Ваҳдат. Мо бояд пеши роҳи амалҳои хайрро, агар ба манфиати ҷомеа бошад, нагирем.
Дигар ин, ки садои баландгӯякҳоро дар тӯй бояд ба низом даровард. Меҳмон ба тӯйи ёру бародар ва пайвандаш танҳо ба хотири шунидани суруд намеравад. Мехоҳад бо ҳамнишин суҳбат ҳам карда бошад. Ин лаҳзаҳо овози баландгӯякҳои дар тӯйгузошта садди роҳи он мешаванд. Овози онҳо ба андозае баланд аст, ки гӯши кас кар мешавад. Илми тиб исбот кардааст, ки сарчашмаи аксари бемориҳо овози баланди гӯшкаркунанда ва асабхарош аст. Аз ин рӯ, овози ҳунармандон бояд ба гӯш форам расад.
Ҳамчунин, ба танзим даровардани матни суруду таронаҳои дар тӯй садодиҳанда низ зарур аст. Мутаассифона, аксари ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо сурудҳои дур аз мазмуну мантиқро замзама мекунанд. Сурудҳои тӯйиро агар Шӯрои бадеӣ аз назар мегузаронид, беҳтар мебуд.
Тағйиру иловаҳое, ки ба қонун ворид мегарданд, бояд ба пешравии ҷомеаи худогоҳи некбину ояндасози мо мусоидат ва барои нигоҳ доштани суннатҳои арзишманди миллат хидмат намоянд.
Мусоҳиб Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,
«Садои мардум»