Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён, ки 4-уми августи соли равон сурат гирифт, иброз намуданд, ки «аз оғози давраи соҳибистиқлолӣ Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон таъмин намудани рушди босуботи ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакатро самти асосии фаъолияти худ эълон кардааст». Ноҳияи Ёвон, ки аз ин ҷумла истисно нест, дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо ғамхорию ташаббус ва иқдомҳои неку шоистаи Пешвои миллат ба яке аз минтақаҳои рушдкардаи Тоҷикистони азиз табдил ёфт.
Бахусус, рушду тараққиёти соҳаи саноат имкон дод, ки Ёвон дар байни шаҳру ноҳияҳои вилоят яке аз аввалинҳо шуда, аз кумаку дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даст кашад. Дар солҳои охир бунёд ёфтани якчанд корхонаи калон, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли семент, исботи ин гуфтаҳоянд. Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ садҳо иншооти гуногун, аз қабили гармхонаҳо, фермаҳои ширию молӣ ва гӯштӣ, фабрикаю корхонаҳои саноатӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, марказҳои саломатию бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои муассисаҳои таълимӣ, маданӣ, тарабхонаҳо, марказҳои хизматрасонию фароғатӣ ба таври замонавию симои миллӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хусусан шаҳраки Ёвон, қомат афрохта, симои маъмурии ин куҳандиёрро дигаргуну зебо гардониданд. Ба ин восита, шароит фароҳам омад, ки ҳазорон нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гарданд.
Агар гӯем, ки соҳаҳои асосии хоҷагии халқи ноҳияи Ёвон — саноату кишоварзӣ имрӯз дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ аз ҷумлаи пешрафтаҳоянд, хато нахоҳем кард. Барномаи аз кишвари аграрию саноатӣ ба мамлакати саноатию аграрӣ табдил ёфтани Тоҷикистон, ки бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, дар ноҳия татбиқи амалии худро пайдо намудааст.
Дар шаш моҳи соли 2017 корхонаҳои сементбарории «Хуаксин Ғаюр семент» 153 ҳазору 440 тонна, «Ҷунгстай Моҳир семент» 140,2 ҳазор тонна семент, «Хуагиан Ғаюр Индустриал» 12 ҳазору 400 дона газкартон, фабрикаи «Ваҳдат» 1 миллиону 425 ҳазору 168 ҷуфт ҷӯроб, 1491 тонна риштаҳои рангкарда ва 576,5 тонна риштаҳои пахтагин, «Намаки Ёвон» 240 тонна намак ба хориҷи кишвар содирот намудаанд.
Агар дар соли 2016 маҷмӯи маҳсулоти саноатии ба хориҷи кишвар содиршуда 87,9 миллион сомониро ташкил дода бошад, ин рақам дар нимсолаи аввали соли 2017 ба 138,7 миллион сомонӣ баробар шуд.
Имрӯз баъзеҳо баҳона пеш меоранд, ки дар истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук мушкилиҳо вуҷуд доранд. Вале корхонаи «Ваҳдат», ки бо иқдоми бевоситаи соҳибкори ватанӣ Илҳом Мирзоев рӯи кор омадааст, исбот намуд, ки дар натиҷаи тарҳрезии нақшаҳои оқилонаю дурандешона метавон корхонаҳои фоидаовари соҳаи саноати сабукро таъсис дода, ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гардид. Илҳом аз ҷумлаи соҳибкорони ҷавону муваффақест, ки фаъолияти соҳибкории худро дар Федератсияи Россия аз фурӯши чатрҳо оғоз намудааст. Чун ӯ Ватани худ — Тоҷикистонро хеле зиёд дӯст медораду эҳтироми миллаташро ба ҷо меорад, қарор дод, ки ба маблағи дар хориҷи мамлакат бадастоварда дар диёраш корхонаи саноатӣ бунёд намояд. Корхонаи ӯ на танҳо дар сатҳи вилоят, балки дар ҷумҳурӣ низ яке аз корхонаҳои муваффақ буда, ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла Россияву Қазоқистон, маҳсулот содирот менамояд.
Боиси хушнудист, ки ин иқдому ташаббуси Илҳому ӯ барин соҳибкорон дар байни дигар соҳибкорони ноҳия дастгирӣ меёбад.
Дар соли ҷашни 26- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи амалии сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия идома ёфт ва дар қатори даҳҳо корхонаю коргоҳи навбунёд дар заминаи корхонаи «Ҷунгстай Моҳир семент» корхонаи истеҳсоли халтаҳо барои семент бо иқтидори истеҳсолии 40 миллион халта дар як сол мавриди истифода қарор гирифт. Бунёди чунин корхона мушкилоти нарасидани халтаҳоро на танҳо барои корхонаи «Ҷунгстай Моҳир семент», балки барои дигар корхонаҳои соҳа бартараф намуд, зеро то ин вақт халтаҳо аз хориҷа ворид мешуданд.
Дар ноҳияи Ёвон дар баробари саноат, дигар соҳаҳо, аз ҷумла кишоварзӣ, низ сол то сол рушд ёфта истодааст. Дар нимсолаи аввали соли 2017 кишоварзони ноҳия дар ҳаҷми 172 миллиону 806,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Баробари растанипарварӣ, чорводорию парандапарварӣ низ тараққӣ мекунад. Аз маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолшудаи соҳаи кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли равон 108 миллиону 644,9 ҳазор сомониаш ба соҳаи растанипарварӣ ва 64 миллиону 161,5 ҳазор сомониаш ба чорводорӣ рост меояд. Гармхонаҳои дар ин ҷо бунёдёфта дар сатҳи ҷумҳурӣ аз ҷумлаи гармхонаҳои калону сердаромад ҳисоб меёбанд. Дар давраи норасоии маҳсулоти сабзавот, яъне дар фасли зимистон, деҳқонони чашмикордон бозорҳои ҷумҳуриро бо сабзавот, аз ҷумла бодирингу помидор, караму қаланфури булғор ва ғайра таъмин мекунанд. Кишти сабзавот имсол дар ноҳия 2175 гектарро дар бар гирифт.
Ба шарафи 26- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохтмончиён бунёди боз 117 иншооти муҳим ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло аз ин ҷумла дар деҳаи Меҳристони деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов сохтмони бинои нави сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 ба итмом расид. Ҳамчунин, бунёди як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳраки Ёвон ва 19 синфхона дар дигар мактабҳои ноҳия тарҳрезӣ шудаанд. Дар шаҳраки Ёвон ду бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ, маркази савдои хизматрасонии сеошёна дар рӯзҳои ҷашн мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Бо дастгирии соҳибкорон ва маблағгузории буҷаи маҳаллӣ дар болои Ёвонрӯд пули мошингузар бо дарозии 70 метр ва паҳноии 18 метр бомуваффақият бунёд ёфта истодааст.
Соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг низ дар ҳоли рушд қарор доранд. Чунончӣ, ҳоло бо маблағи 30 миллион сомонӣ як қисмати нотамоми комплекси беморхонаи марказӣ таъмиру тармим гардида истодааст. Дар деҳаҳои Обшорон ва Пахтакори деҳоти «Норин» бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ёфтанд. Ба нақша гирифта шудааст, ки боз панҷ бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов, «Чоргул» ва ба номи Г. Юсуфов бунёд гарданд, ки маблағи сохтмони ҳар кадоми онҳо 12 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар соли ҷашни 26- солагии Истиқлолияти давлатӣ таъсис ёфтани тими футбол низ фоли нек аст ва аз рушди варзиш гувоҳӣ медиҳад. Соли ҷорӣ барои рушди варзиш ва таҷлили чорабиниҳои варзишӣ аз манбаъҳои гуногун 180 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.
Рушди бемайлони соҳаҳои гуногун имкон дод, ки маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолшаванда ҳамин сол аз як миллиард сомонӣ беш гардад. Ин ва дигар дастовардҳои заҳматкашони ноҳия самараи неку шоистаи Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Заҳматкашони ноҳия ба дастовардҳои назаррас қонеъ нагардида, кӯшиш карда истодаанд, ки ин нишондиҳандаҳоро дар оянда боз ҳам беҳтару хубтар гардонанд.
Амирбеки Темур
раиси ноҳияи Ёвон