25 августи соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳамоҳангсози Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Пратибха Мехтаро ба ҳузур пазируфт.
Шукурҷон Зуҳуров дар бораи имконияти ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои СММ сухан ронда, зикр кард, ки парлумони кишвар дар амалисозии нақшаҳои Ҳукумат оид ба Ҳадафҳои рушди устувор дар ҷумҳурӣ, ки дар Паёми солонаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) зикр шуда буданд, нақши муҳим мебозад. Аз ҷумла, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баррасии «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030» иштирок ва онро 1 декабри соли 2016 тасдиқ намуд.
Матритсаи амали Барномаи рушди миёнамуҳлати мамлакат барои то соли 2020 ҳамчун марҳилаи аввали амалишавии Стратегияи миллии рушд на камтар аз 48 чорабиниро оид ба коркарди 63 санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бар мегирад, ки аз саҳми ҷиддии ҳокимияти қонунгузор дар ин самт гувоҳӣ медиҳад.
- «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030» дар асоси Консепсияи рушди устувори инсонӣ таҳия шудааст. Масъалаҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гузошташуда — комилан аз байн бурдани сатҳи камбизоатӣ, гузаштан ба истеҳсолоти устувор, ҳифз ва истифодаи самарабахши манобеи табиӣ, ки дар он дарҷ шудааст, ба масъалаи асосии фаъолияти сиёсати иҷтимоиву иқтисодии кишвари мо табдил ёфтааст, — гуфт ӯ.
Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуд, ки соли гузашта мулоқоти вакилони парламенти касбӣ бо намояндагони Барномаи рушди СММ дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар ҷараёни он самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи рушди СММ баррасӣ гардиданд.
Шукурҷон Зуҳуров изҳори итминон намуд, ки дар оянда ҳамкориҳо бо Барномаи рушди СММ боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.
Хонум Пратибха Мехта аз сатҳи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ ва нақши парламентро дар амалӣ гаштани ҷораҷӯйиҳои Барномаи рушди СММ назаррас арзёбӣ намуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон