Бисту панҷуми июли соли равон ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим ва раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт телефонӣ ҳисобот доданд.
Зимни ҳисоботи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваҷҷуҳи асосӣ ба рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти сершуморе, ки бо маблағгузории мутамаркази ҷумҳуриявӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ҷараён дорад ва ҳамчунин ба ҷамъоварии пурра ва саривақтии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ва омодагӣ ба зимистон зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки барои хуб омода кардани муассисаҳои соҳаи маориф ба соли нави хониш ва ба зимистони пешомад аз имкону захираҳои мавҷуда хуб истифода баранд.
Дар ҳисоботи раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт, ки мардумаш бештар ба картошкапарварӣ машғуланд, таваҷҷуҳи зиёд маҳз ба ҳамин бахши соҳаи кишоварзӣ зоҳир гардид. Таъкид карда шуд, ки ин ноҳияҳо дар иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ барои солҳои 2012-2016, аз ҷумла барои ба 1 миллион тонна расонидани ҷамъоварии солонаи картошка дар ҷумҳурӣ бояд нақши асосӣ дошта бошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Рашт, ҳамчунин доир ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва дар моҳи шарифи Рамазон дасти кӯмак дароз кардан ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, пеш аз ҳама ятимону бепарасторон, пиронсолони бесаробон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат вазифаҳои мушаххас гузошт.
www.president.tj