Ҷиҳати амалисозии фармону супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи таъмини рушди устувори иқтисодӣ, ҳадафҳои иҷтимоии давлат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, аз ҷумла манотиқи кӯҳистон, аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба шумор меравад.
Дар ноҳияи Тоҷикобод баҳри иҷрои қонун ва барномаҳои давлатии соҳаҳои хоҷагии халқ тадбирҳои зиёде амалӣ мегарданд.
Сафари кории мо ба рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳусейн Алиев мувофиқ омад. Дар рӯзи қабул инчунин роҳбарони ташкилоту муассиса ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Давоми рӯз 27 нафар шаҳрвандон қабул ва арз, дархосту шикояти онҳо шунида шуд.
Маълум гашт, ки шаҳрвандон барои гирифтани замини наздиҳавлигӣ (шаш нафар), барасмиятдарории замин (нуҳ нафар), хонаи истиқоматӣ (ду нафар), кӯмаки моддӣ ва молиявӣ (се нафар), ҷудо намудани квотаи президентӣ ба фарзандон (ду нафар), ҳамчунин ҷудо кардани замин барои фаъолияти соҳибкорӣ, боғдорӣ ва ғайра муроҷиат намудаанд.
Қисме аз ин муроҷиат бо кӯмаки раис ва масъулини ноҳия ҳалли худро ёфт.
- Тавре шумо аз рафти қабул мушоҳида намудед, аксари муроҷиатҳо вобаста ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, иҷораи замин мебошанд, — гуфт дар суҳбат раиси ноҳия Ҳусейн Алиев. — Муроҷиати шаҳрвандон, талабу дархости онҳо дар маркази диққати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 20 апрели соли 2012) таъкид доштанд, корро дар ин самт тавре бояд ташкил кард, ки ягон ариза, шикоят ва пешниҳоди шаҳрвандон бе таваҷҷуҳ намонад.
Иҷрои ин талабот аз самтҳои фаъолияти мақомоти иҷроия ва намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати ҳалли ин масъала вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия низ таваҷҷуҳ доранд. Дар яке аз иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният ва ҳуқуқи шаҳрвандон доир ба ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд. Тавре аз ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия маълум гардид, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия соли 2012-ум 1748 муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷумла 1518 адад хаттӣ ва 230 муроҷиати шифоҳӣ ворид гардидааст.
Ҳар рӯзи шанбе қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси ноҳия ба роҳ монда шудааст. Дар ин рӯз раиси ноҳия ҳамчунин бо иштироки масъулини ташкилоту идораҳо ба ҷамоату деҳаҳои дурдаст рафта, арзу шикоятҳои шаҳрвандонро шунида, барои ҳалли онҳо чораҷӯйӣ менамояд.
Аз 1518 муроҷиати таври хаттӣ воридгашта 1231 адади он ба ҳолати иҷрои қонунгузории замин вобастаанд.
Аз ҷумла 169 адад ариза оид ба ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, 150 ариза дар бораи барасмиятдарории заминҳо, 912 ариза барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошанд.
Аризаҳои 258 оилаи эҳтиёҷманд оид ба таъмини замини наздиҳавлигӣ қонеъ гардонида шуд. Аризаҳои боқимонда мавриди санҷиши комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсими замин қарор дорад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби зиёд ворид гардидани муроҷиатҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ин сари вақт ва пурраю ҳамаҷониба баррасӣ нагаштани муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби масъулони ҷамоатҳо, кумитаи заминсозӣ, шуъбаи кишоварзӣ ва дигар ташкилоту идораҳо мебошанд.
Вақтҳои охир муҳлати баррасии муроҷиати шаҳрвандон аз тарафи ҷамоатҳо ва ташкилоту идораҳо нисбатан беҳтар шуда бошад ҳам, ҳанӯз камбудӣ ба назар мерасад. Прокуратураи ноҳия низ ҳолати баррасии муроҷиати шаҳрвандонро санҷида, эътироз баён намудааст. То ҳол муносибати рӯякӣ, расмиятпарастӣ нисбат ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ҷой дорад ва ин ҳолат боиси норозигӣ ва такроран муроҷиат намудани онҳо ба мақомоти болотар мегардад.
Тавре раиси ноҳия Ҳусейн Алиев иброз дошт, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2011 № 177 барои аҳолии эҳтиёҷманди ноҳияи Тоҷикобод 272,59 гектар замин аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳ барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардид, ки то андозае мушкилотро ҳал намуд.
Аз тарафи комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсими замин барои қитъаҳои наздиҳавлигӣ аризаи 2449 нафар шаҳрвандон ба қайд гирифта, ба навбат мононда шуд.
Дар соли 2012 ба 258 нафар ва соли 2013 ба 272 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд дар майдони 129 гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда дода шуд. Тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар асоси низомномаи комиссияи ҷамъиятӣ давом дорад.
Дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа низ дар маркази диққати вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қарор дорад.
Чанде пеш иҷлосияи 19-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати чорум) баргузор гашт, ки тибқи нақшаи корӣ рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид. Ахбори раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба қонуният ва ҳуқуқи шаҳрвандон З.Рамазонов шунида шуд.
Зикр гардид, ки қонуни мазкур дар ноҳия бобати ба танзим даровардани ҷашну маъракаҳо таъсири мусбӣ расонид. Мушоҳидаҳо ба хулоса меоранд, ки дар маҷмуъ мардуми ноҳия чун тамоми мардуми ҷумҳурӣ моҳияти қонунро дуруст дарк намудаанд ва дар баргузории ҷашну маъракаҳо нисбати шаш соли пеш сабукиҳои зиёд ба чашм мерасад.
Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 13 маъракаи хатнасур, 201 тӯйи арӯсию домодӣ, 153 қайди никоҳ- ҷамъ 260 маърака гузаронида шуда, 283 сар чорво забҳ гардидааст. Хароҷоти умумии маъракаҳо 712828 сомониро ташкил медиҳад, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як маърака 2641 сомонӣ рост меояд. Бо ҳиммати шахсони эҳсонкор дар панҷ маърака 25 нафар хатнасур ва панҷ ҷуфт тӯйи арӯсию домодии оилаҳои камбизоат ташкил карда шуд.
Баробари бахши оид ба корҳои дини мақомоти иҷроия дар ҳар ҷамоати деҳот сармутахассис оид ба корҳои дин фаъолият мекунад. Фаъолияти ин ниҳодҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асоснок гардидааст.
Санҷишҳо нишон доданд, ки корбарӣ дар самти танзим рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Иҷрои қонуни мазкур дар Ҷамоати деҳоти Ширинчашма бо масъулиятшиносии сармутахассис оид ба корҳои дин Муҳриддин Мираков нисбатан беҳтар мебошад. Дар натиҷаи ҳамоҳангии кори сармутахассис бо комиссияҳои маҳаллӣ ҷашну маъракаҳо ба танзим дароварда шудаанд. Дар асоси нақшаи корӣ байни омма мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда мешавад, комиссияҳо аз баргузории ҳар як маърака пешакӣ огоҳанд. Дар кори ҳуҷҷатгузорӣ ва назорати доимии ҷашну маросим-ҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Лангари шоҳ ва ба номи М.Шогадоев низ беҳбудӣ ба чашм мерасад.
Аммо дар фаъолияти сармутахассисон ва комиссияҳои ҷамъиятии ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи лаби об ва Нушор камбудиҳо ҷой доранд. Дар ҷамоатҳои номбурда нақшаҳои корӣ таҳия ва тасдиқ нагардидаанд. Санадҳои санҷишӣ рӯякӣ тартиб дода шудаанд. Гӯё дар баргузории маъракаҳо умуман камбудӣ вуҷуд надошта бошад.
Баъзан дар гузаронидани ҷашну маъракаҳо зиёдаравӣ ҳис мешавад. Риоя накардани вақт дар тӯйҳо, аз меъёри муқарраршуда зиёд бурдани ҷиҳоз комиссияҳои ҷамъиятиро ба ташвиш намеорад. Зиёдаравиҳо аз мадди назари баъзе масъулин дур монда, сабабгори қонуншиканӣ мешаванд. Ин буд, ки соли ҷорӣ бо ҳалномаи Суди ноҳия дар асоси моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ду нафар сокини деҳотҳои ба номи М.Шогадоев ва Қалъаи лаби об ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ҳар кадоме ба маблағи 4000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Ба мушоҳида мерасад, ки маркази ноҳия ва деҳоти он сол то сол обод мешавад. Сохта шудани пули нав дар дарёи Сурхоб имкон дод, ки шоҳроҳи Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол тавассути ноҳияи Тоҷикобод гузарад. Ба ин васила чандин нуқтаҳои хизматрасонӣ сохта, ҷойҳои нави корӣ ташкил шуданд.
Соли гузашта дар ноҳия бо маблағгузории мутамарказ, дохилӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи бештар аз 10 млн.сомонӣ 13 иншоот сохта шуд. Имсол низ корҳои ободонӣ идома дорад. Ба ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ бештар аз як млн. сомонӣ ҷудо шудааст. Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳия як қатор иншоот, аз ҷумла маркази тиҷоратӣ дар деҳаи Нушор, дорухона дар маркази ноҳия сохта, ба истифода дода шудаанд.
Сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идома дорад. Дар арафаи ин ҷашни пуршукӯҳ сохтмони варзишгоҳ барои панҷ ҳазор ҷойи нишаст, маркази тиҷоратӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба анҷом расонида мешавад.
Тоҷикобод ноҳияи кӯҳистон ва аграрӣ мебошад. Иқлими он бахусус ба парвариши картошка, ғалладона ва боғдорӣ мутобиқ аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба минтақаҳои водии Рашт (3 октябри соли 2008) ба фаъолияти кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки онҳо имкони аз ҳар гектар картошказор гирифтани ҳосили то 400 сентнерӣ доранд.
- Марому мақсади кишоварзони ноҳия низ чунин аст, ки ҳосилнокии ҳар гектар майдони зироат, бахусус картошкаро, зиёд гардонем, — мегӯяд раиси ноҳия Ҳусейн Алиев. — Имкон дорем, ки на танҳо ҳосилнокии картошкаро афзун намоем, балки парвариши навъҳои тухмии онро ба роҳ монем. Солҳои охир кишти картошкаи тухмиро васеъ намуда истодаем, ки аз он на танҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкорони худӣ, балки ноҳияҳои ҳамсоя низ истифода мебаранд.
Порсол дар ноҳия 27,5 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд, ки нисбати соли 2011-ум 2947 тонна зиёд аст. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар қариб 300 сентнериро ташкил дод. Имсол дар майдони 1094 гектар картошка кишт шудааст. Сол то сол истеҳсоли картошка рӯ ба афзоиш дорад ва имкони онро дорем, ки супориши Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати аз ҳар гектар рӯёнидани 400 сентнерӣ ҳосил иҷро намоем, -мегӯяд бо боварӣ раиси ноҳия Ҳусейн Алиев.
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 №683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳои зиёдеро амалӣ менамояд. Барои фароҳам овардани шароити мусоиди рушди соҳаи боғдорӣ, иҷрои нақшаи боғҳои навбунёд дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ-инфиродӣ қарори раиси ноҳия аз 3 июни соли 2013 №125 «Оид ба тасдиқи нақшаи иҷрои бунёди боғҳои нав дар хоҷагиҳои деҳқонӣ-инфиродии ноҳияи Тоҷикобод дар соли 2013 ва даровардани тағйирот дар тарҳи заминҳо» қабул гардид.
Бунёди боғҳои нав дар ноҳия соли 2009 оғоз ёфта, то ҳол идома дорад. Имсол дар майдони 29 гектар боғи нав бунёд шуд. Баробари ин барқароркунии боғҳои куҳна низ давом дорад.
Дар ноҳия ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг низ диққат дода мешавад. Сохта ба истифода додани иншооти гуногун имкон медиҳанд, ки ин соҳаҳо ба пешравӣ ноил гарданд. Порсол маркази фароғатии ҷавонон, бинои мактабҳо (дар деҳаҳои Шарқиён, Нушор, Сари пул), чандин бунгоҳҳои тиббӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Андешидани чунин тадбирҳо имкон доданд, ки шароити таълиму тарбия беҳтар гардад. Ҳар сол хатмкунандагони мактабҳои ноҳия ба донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ дохил мешаванд. Тибқи квотаи президентӣ, ки барои хонандагони лаёқатманд ба ноҳияҳои дурдаст ҷудо карда мешавад, аз соли 1997 то ҳол аз ноҳияи Тоҷикобод дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ 648 нафар ҷавонписарону духтарони лаёқатманд (аз ин теъдод 320 нафар духтарон) таҳсил намудаанд. Аз ин шумора 230 нафар донишҷӯёни риштаи омӯзгорӣ мебошанд. Мавриди зикр аст, ки дар ин муддат 92 нафар духтар ва 105 нафар писарон ба ноҳия баргашта, ба фаъолият оғоз карданд.
Аз ин ҷумла чор нафар духтарон дар ноҳия ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ шудаанд.
Айни замон 36 нафар духтарон ва 49 нафар писарон тибқи квотаи президентӣ таҳсилро дар донишгоҳҳо идома медиҳанд.
Имсол низ тибқи дархости Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод 22 ҷой барои хонандагони болаёқат ҷудо шуд. Барои ба даст овардани квотаи президентӣ миёни хатмкунандагон дар ду давр озмун гузаронида шуда, 84 нафар довталабон дар он иштирок карданд. Дар даври ниҳойӣ аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ озмун гузаронида шуда, 22 нафар беҳтаринҳо сазовори номи пуршарафи донишҷӯй гардиданд.
Мардуми ноҳияи Тоҷикобод азму иродаи қавӣ доранд, ки Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо меҳнати бунёдкорона ва шоистаи худ истиқбол гиранд.
Хоҷагии деҳқонии «Сомон» дорои 5,5 гектар замин мебошад. Дар он зироатҳои гуногуни кишоварзӣ кишт мешавад.
Дар сурат: сардори шуъбаи кишоварзии ноҳия Қурбоналӣ Талбонов (аз рост), сардори хоҷагии деҳқонии «Сомон» Муҳибулло Қаландаров дар майдони картошказор.
ҶАЛБИ МАРДУМ ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДЕҲОТ
ДАР СУРАТ: бинои нави Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об.
Аз суҳбат бо раиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об Саид Маҳмадшоев маълум гардид, ки дар ҳудуди деҳот бештар аз даҳ ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад.
Шуғли асосии мардум кишоварзию боғдорӣ мебошад. Вобаста ба ислоҳот дар бахши аграрӣ, шаклҳои нави хоҷагидорӣ ташкил ёфта истодаанд, ки ба рушди ин соҳа мусоидат менамоянд.
Мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)» 180 хоҷагии деҳқонӣ ташкил шуда, фаъолият дорад. Ба ҳама шаклҳои хоҷагидории кишоварзӣ 395 гектар замини кишт вобаста шудааст. Аз шиносойӣ бо кори кишоварзони деҳот маълум гардид, ки онҳо дар соҳа таҷрибаи бой дошта, аз замин самаранок истифода мебаранд. Дар фаъолияти худ мустақил буда, кишти зироатҳоеро интихоб менамоянд, ки ба шароити маҳал мутобиқу фоидаоваранд. Баробари дигар намуди зироат, қариб ҳама хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ба парвариши картошка машғуланд. Майдони кишти картошка имсол 96 гектарро ташкил медиҳад. Дар фурсати муносиб кишти картошка анҷом ёфт ва ҳоло деҳқонон ба коркарду ғизодиҳии ин зироат машғуланд. Деҳқонон мақсад доранд, ки ҳосилнокии ҳар гектарро ба 300- 350 сентнерӣ расонанд.
-Вобаста ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 №683 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010- 2014» корҳои зиёд ба ҷо оварда мешаванд, -мегӯяд раиси Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об Саид Маҳмадшоев. -Алҳол дар ҳудуди деҳот 37 гектар боғ мавҷуд аст. Аз онҳо деҳқонон ҳосили зиёд мегиранд.
Имсол аз ҳисоби заминҳои нав чор гектар боғи нав бунёд шуд ва имкони васеъ намудани майдони боғро дорем. Баробари аз истеҳсол ва фурӯши мева даромади бештар гирифтан, инчунин ҷойҳои нави корӣ ташкил меёбанд.
Вобаста ба муқаррароти моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», ба масъалаҳои ҳамарӯзаи аҳолӣ ва ҳалли онҳо Ҷамоати деҳот масъулияти пурра дорад. Бо ҷалби аҳолии деҳот бисёр масъалаҳо ҳалли худро меёбанд. Бо дастгирии молиявии соҳибкорон ва кӯмаки аҳолӣ роҳи деҳаи Фатҳобод ба масоҳати 3 км сангфарш шуд. Бо кӯмаки соҳибкор Диловар Орзуев толори варзишӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт. Ҷавонон дар се баст ба намудҳои гуногуни варзиш машғуланд.
Дар деҳот сохта шудани мактабҳои нав, синфхонаҳои иловагӣ шароит фароҳам меорад, ки ҷалби хонандагон ба мактаб бештар ва сифати таълиму тарбия беҳтар гардад.
Ҳоло дар ҳудуди деҳот даҳ муассисаи таълимӣ фаъолият дорад. Шумораи хонандагон бештар аз 2400 нафарро ташкил медиҳад. Ба кори таълим 129 нафар муаллимон машғуланд, ки 15 нафари онҳо занону духтарон мебошанд.
Тавре Саид Маҳмадшоев мегӯяд, шавқу рағбати духтарон ба таълим, касбомӯзӣ бештар аст. Бо ин мақсад дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, маркази касбомӯзии калонсолони ноҳия курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ва дигар ихтисосҳои зарурӣ ташкил ёфтаанд.
Ҳоло шумораи зиёди духтарон дар филиали Омӯзишгоҳи тиббӣ, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳсил доранд.
Ҳамин тариқ, масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳалли мушкилот дар деҳот дар маркази диққат мебошад. Дар ҳайати комиссияҳои Ҷамоат 26 нафар вакилони Ҷамоат, ки намояндагони 11 деҳа мебошанд, фаъолият менамоянд. Дар маҷлисҳои Ҷамоат масъалаҳои муҳим мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Чунончӣ, аз ҳисоби вакилони Ҷамоат ва фаъолон ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гурӯҳи корӣ ташкил шудааст. Онҳо дар мактаб ва деҳаҳо доир ба риояи талаботи қонуни мазкур суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Неруи созанда
Имсол дар арафаи ҷашни Наврӯз бо дастгирии соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маркази ноҳия толори замонавии варзишӣ бо тамоми шароити зарурӣ бунёд гардид, — изҳор дошт зимни суҳбат мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Ҳ.Фозилов.
Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Тоҷикобод бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2005 №130 «Дар бораи баргузории «Ҳафтаи ҷавонон» ва нақша — чорабиниҳо, ки раиси ноҳия тасдиқ намудааст, як қатор чорабиниҳоро доир намуд. 19 майи соли равон мусобиқаи «Дави миллӣ» бо иштироки фаъолонаи кормандони ташкилоту идораҳо ва аҳолӣ гузаронида шуд, ки дар он 910 нафар, аз ҷумла 48 нафар занон иштирок намуданд. Мусобиқа дар масофаи панҷ километр дар байни ҷавонон ва як километр дар байни калонсолон гузаронида, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои пулии таъсиснамудаи раиси ноҳия мукофотонида шуданд.
Дар доираи «Ҳафтаи ҷавонон» мусобиқаи варзишии волейбол барои дарёфти «Ҷоми раиси ноҳия» баргузор гардид, ки он дар сатҳи баланд ва шавқовару хотирмон ҷараён гирифт. Дар ин мусобиқа дастаи волейболбозони ҶСК «Агроинвестбонк» ғолиб омада, соҳиби «Ҷоми раиси ноҳия» ва туҳфа гардиданд, инчунин дигар чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ гузаронида шуданд.
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз тарафи гурӯҳи тарғиботӣ ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 6,9, 11, 12, 13 ва дар ҳудуди панҷ деҳот мулоқотҳо гузаронида шуд.
Имсол дастпарварони мактаби варзишии ноҳия Разияллоҳи Ҳасратҷон ва Муҳаммад Саъдуллоев дар мусобиқаи кушодаи ҷумҳурӣ ҷойҳои сеюм ва медалҳои биринҷиро ба даст оварданд.
Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии миллӣ, ки бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ шодравон Раҳматулло Ғиёсов 21- 22 июни соли гузашта доир гардид, панҷ нафар паҳлавонони ноҳия ғолибият ба даст оварда, аз ҷумла се нафар ба гирифтани медали тилло шарафёб гардиданд. Баргузории мусобиқаи ҳамасолаи гӯштии миллӣ ба хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ шодравон Раҳматулло Ғиёсов дар оянда низ мадди назар аст.
Дастуру супоришҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии соҳаи варзиш ҳамеша дар маркази диққати масъулин, аз ҷумла бахши мо қарор дошта, иҷрои як қатор корҳои ободонӣ, сохтмони майдончаю толорҳои ҳозиразамон, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, ташкили чорабиниҳои оммавию варзишӣ ба нақша гирифта шуда, мунтазам амалӣ мегарданд.
Бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия сохтмони варзишгоҳ барои зиёда аз панҷ ҳазор ҷойи нишаст идома дошта, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар сурати ба истифода дода шудани варзишгоҳ шароиту имконоти баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ дар ноҳия фароҳам меояд.
Баргузории мусобиқаи минтақавӣ оид ба футбол дар байни наврасони соли таваллуди 1998- 2000 дар маркази ноҳия ба тарғиби варзиш дар байни наврасон муосидат намуд.
Дар озмуни имсолаи ҷумҳуриявии Муассисаи давлатии «Телевизиони наврасону кӯдакон — «Баҳористон»- «Овози тиллоӣ» хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Самрати Мӯсо дар се давр ғолиб омада, ба даври ниҳойӣ роҳхат гирифт. Қобили зикр аст, ки соли гузашта хонандаи синфи 7-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами №1 ноҳия Хурмои Ширин аз байни 2000 нафар довталабон беҳтарин дониста шуда, дар қатори даҳ нафар ғолибони озмун ҷой гирифт.
Имсол хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №13 Сулаймон Аҳтамзод бо овози хушу маҳорати ровигии хеш дар озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар шаҳри Душанбе ғолибият ба даст овард.
Мулоқоти раиси ноҳия бо намояндагони ҷавонони фаъоли ноҳия, ки рӯзи 23 майи соли ҷорӣ дар мулоқоти навбатии Президенти мамлакат бо ҷавонони кишвар ширкат варзиданд, сурат гирифт. Ҷавонон аз ин мулоқот бо руҳияи баланд бозгашта, сипосу миннатдории худро ба Сарвари давлат изҳор намуданд. Мулоқот чунин афкори созанда ва умедро дар дили ҷавонон бедор сохт, ки акнун бо фароҳам омадани ҷойҳои нави корӣ, бунёди майдону толорҳои варзишӣ ва марказҳои фароғатӣ бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат сатҳи зиндагии мардум беҳтар мегардад ва дар ин радиф ҷавонони ноҳияи Тоҷикобод дар корҳои ободонию созандагии диёр бо неруи тоза саҳми назаррас мегузоранд.
Баракати меҳнат
Дар соҳаи кишоварзии ноҳия бештар аз 700 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд. Саҳми онҳо дар зиёд гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ ва ба ин васила таъмини амнияти озуқавории кишвар калон мебошад. Аз шиносойӣ бо кору рӯзгори хоҷагиҳои деҳқонӣ қабл аз ҳама онро мушоҳида намудем, ки онҳо истифодаи самараноки заминро хуб ба роҳ мондаанд. Дар шароити кӯҳистон дар як сол ду ҳосил гирифта намешавад, аммо мақсаднок истифода бурдани он метавонад манбаи даромади деҳқон бошад.
Хоҷагии деҳқонии «Зафар» (роҳбараш Фарида Қутбиддинова) ҳамагӣ якуним гектар замин дорад. Мо дар майдони кишт ҷойи холиро пайдо накардем. Ба қавле, ҳама ҷоро зироати гуногун «банд» карда буд.
Дар замин 11 нафар фарзандони Фарида Қутбиддинова бо панҷ келинаш кор мекунанд. Ба парвариши зироати кишоварзӣ машғуланд. Агар як рӯз ба хишова ва тоза намудани кишти пиёз машғул бошанд, рӯзи дигар коркарду ғизодиҳии картошказорро мегузаронанд.
Аҳли оила доимо серкоранд ва меҳнаташон самараи хуб медиҳад. Агар барои хариди тухмӣ, истифодаи техника, ғизодиҳӣ ва дигар хизматрасонӣ 8- 10 ҳазор сомонӣ сарф шавад, баъди ҷамъоварӣ ва фурӯши маҳсулот онҳо 25- 30 ҳазор сомонӣ фоида мегиранд.
Як қисми даромадро барои такрористеҳсолкунӣ нигоҳ медоранд, маблағи боқимондаро харҷи зиндагӣ мекунанд. Дар мисоли ин хоҷагӣ хоҷагиҳои дигари деҳқонию инфиродӣ аз замин самаранок истифода мебаранд.
Мардуми деҳот аз фурӯши мева, ривоҷи занбӯриасалпарварӣ, чорводорӣ даромади бештар мегиранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ ба он мусоидат менамояд, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолияти мустақил дошта бошанд. Дар ноҳия марказҳои хизматрасонии техникии «Агролизинг» ташкил ёфтаанд. Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз техника, дигар воситаҳои техникӣ мутобиқи шартнома истифода мебаранд.
Ба наздикӣ дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бинои нави дуошёна сохта ба истифода дода шуд. Дар қабати аввал Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва маркази компютерӣ ҷойгир шудааст.
Дар қабати дуюм китобхона ва толори хонандагон воқеъ буда, он ҷо барои дӯстдорони каломи бадеъ адабиёт, рӯзномаю маҷаллаҳои гуногун гузошта шудааст.
Дар сурат: толори китобхона.