Чанде пеш вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро қабул ва аъзои Маҷлиси миллӣ онро ҷонибдорӣ намуданд. Бояд гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи пешниҳоду таклифҳои аҳли ҷомеа ба хотири беҳбуд бахшидани шароити иҷтимоии мардум, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат таҳия ва пешниҳод гардида буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳ, ваҳдат ва мусолиҳаи миллиро оварда, бинои давлатдории миллатро пас аз ҳазор соли бедавлатӣ бунёд намуданд, барномаи пешазинтихоботии худро ҳанӯз дар соли 2006 ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини шароити арзандаи зиндагӣ сафарбар сохтанд.
Дар ҷустуҷӯйи роҳи саодати халқ Пешвои миллат аз тамоми воситаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ истифода намуда, дар назди вазорату идораҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати истеҳсолот, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва то ба сатҳи байналмилалӣ баровардани эътибори бузургтарин захираи табиии кишвар — оби тоза дар дохил ва хориҷи давлат вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Дар баробари ин, вазъи иҷтимоии аҳолӣ, мушкилиҳои мафкуравӣ ва маънавии ҷомеа ҳамаҷониба омӯхта шуд. Маълум гардид, ки дар кори ислоҳи вазъи иқтисодӣ ва беҳдошти ҳаёти иҷтимоӣ дар баробари амалҳои мушаххаси иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ маҷмӯи чорабиниҳои маънавӣ ва мафкуравӣ, ки миллат ва ҷомеаро барои иҷрои корҳои бузурги тақдирсоз ҳидоят менамоянд, шарт ва зарур аст.
Зеро таҳлилҳои илмӣ аз ҳаёти воқеӣ собит намуданд, ки барои саодат ва беҳбуди зиндагии халқи мо ҳанӯз мушкилиҳои зиёди мафкуравӣ ва анъанавӣ вуҷуд доранд. Аз зумраи ин мушкилиҳо, бо хурофот, таассуб, худнамоӣ ва дигар омили манфӣ олуда гаштани ҷашну маърака ва маросими динию миллии мардуми мо буданд. Ин масъаларо Пешвои миллат дарк намуда, гуфта буданд: «… то расму оин ва маросими милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.» (Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат оид ба танзими расму оин, Душанбе, 24 майи соли 2007).
Воқеан, анъанаю маросими халқӣ, динӣ, ки ба манфиати инсон, ҷомеа ва давлатанд, дар баробари ҳуқуқ, ахлоқ, дигар навъҳои ҷаҳонбинӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ воситаи пайванд ва риштаи муҳими устувории миллат ва побарҷойии давлат дар масири таърих будаанд. Агар урфу одат ва анъанаю маросим ба иллате гирифтор шуда, аз моҳияти аслиашон дур гарданд, ногузир миллатро ба бемории иҷтимоӣ, халқро ба камбизоатӣ гирифтор намуда, давлатро заиф мегардонанд.
Абунасри Форобӣ дар асари машҳураш «Мадинаи фозила» ҳанӯз дар асри Х ба ин масъала диққат дода, урфу одат ва анъанаҳои неки инсониро, ки ба ҳастии муътадил ва саодати халқ созгор аст, ҳамчун сифати сокинони шаҳри саодатманд ва карру фарри зиёдатӣ, рӯзхушгузаронии исрофкоронаи мардумро ҳамчун бошандагони кишвари ҷоҳилӣ шарҳ додааст. Ибни Халдун бошад, дар «Муқаддима» карру фар, рӯзхушгузаронӣ ва зиёдаравиро дар зиндагӣ ва маросим асоситарин монеа дар роҳи мулкдорӣ, пешравӣ дар ҳаёт ва нуқс дар ваҳдати ҷомеа донистааст. Бузургони мо Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Саъдӣ, Аттор, Низомулмулк, Ғаззолӣ, Кошифӣ ва дигарон дар навиштаҳои баландмазмуни ахлоқии худ насиҳат кардаанд, ки сарфаю сариштакор бошему ба омӯзиши илму ҳунар бештар таваҷҷуҳ намоем, вале мутаассифона, на ҳамеша ва на дар ҳар давру замон панду андарзҳои онҳо роҳ ба тафаккури мо ёфтаанд. Коре, ки бояд тавассути ахлоқи ҳамида, панду андарз, низоми идораи хонаводагӣ, тарбияи насли наврас, ҷаҳонбинии динӣ ва дигар меъёрҳои иҷтимоӣ аз насл ба насл ба самти дуруст ба низом дароварда мешуд, бо мурури замон, хусусан, дар фазои озодиҳои муосир, ба як анархияи дастнорас табдил ёфт. Табиист, ки давлат ҳамчун узви фаъоли ҷомеа, кафолатдиҳандаи саодати иҷтимоӣ ба ин масъала бетараф буда наметавонист.
Ҳоло ҳам кам нестанд нафароне, ки дахолати давлатро дар самти ба меъёрдарории расму оин нолозим ё зиёдатӣ медонанд. Албатта, дар ҷомеаи озод ва демократӣ мавҷудияти назарҳои мухталиф мусаллам аст, вале одоби демократия ва инсофу виҷдони инсонӣ талаб менамояд, ки ҳамин назару андешаҳои мавҷударо мо бояд дар қиболи манфиати инсон, ҷомеа ва иттиҳоди одамон собит карда тавонем. Ақаллан диламон пур ва тафаккурамон аз дидани пасманзари ин андешаҳо ором бошад, ки дар мизони он фардо насли оянда, яъне фарзандону наберагони худи мо душворӣ нахоҳанд кашид.
Аз ин рӯ, зарур донистем, ки бо чанд далел ногузирии воситаи ҳуқуқии танзими ҷашну маросимро аз назари дастовардҳои илмӣ, манфиати мардум, ҷомеа ва давлат таҳлил намоем. Зеро мо, вакилони мардумӣ, дар вохӯрию суҳбатҳо ҳанӯз ҳам ишораҳоеро, аз қабили «шояд баъзе аз масъалаҳои анъанавӣ ба ин тартиб дар қонун маҳдуд намешуданд», мешунавем. Аз ин хотир, зарурати қабули қонун ва асосноккунии моддӣ ва маънавии тағйироти онро бо чунин далелҳо пешкаши хонанда мегардонем.
Қабл аз ҳама, бояд донист, ки чаро давлат ба танзими урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ даст зад?
Ба назари мо ин чанд сабаб дорад: 1.Давлат ҳамчун ташкилоти сиёсии муҳофизи амнияти кишвар ва халқ, созмони сиёсии кафолатдиҳандаи ягонагӣ, муттаҳидӣ ва озодии сухану андеша (мутобиқ ба Конститутсия) ва масъули рушду нумӯи ҳаёти маънавӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар (мувофиқ ба паймонҳои байналмилалӣ) на танҳо ҳуқуқ дорад, балки масъул аст, ки ҳама гуна омил ва амалҳоеро, ки садди роҳи ваҳдат, якпорчагӣ, рушди маънавӣ, иқтисодии халқ ва мақсадҳои олии он мегарданд, рафъ ва бартараф намояд. Озодии бесарҳади баргузории ҷашну маъракаҳо дар заминаи таассуб ва ғаризаҳои худпарастӣ ба вазъи молии шаҳрвандон зарар расонида, мардумро аз тарбияи фарзандон дур, моҳият ва табиати асили ҷашну маросимҳоро ҳамчун унсури зоҳирии фарҳанг хароб, зиддият ва тақсимшавии қишрҳои мухталифро дар заминаи дороию камбизоатӣ афзун намуда, ҷиҳати қонеъ кардани ин майлҳои бесарҳади иҷтимоӣ манбаъҳои коррупсионии дарёфти дороиро дар байни аҳолӣ нуфуз бахшид. Давлати демократӣ дар баробари пешниҳоди арзишҳои муқаддаси озодӣ, баробарӣ, адолат ва ҳуқуқ муваззаф аст, ки ба субъектони муносибатҳои ҳуқуқӣ имкониятҳои баробари молӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ муҳайё карда, ҷиҳати пешгирӣ ва суиистифода аз ин неъматҳо чораҳои мушаххас андешида, нагузорад, ки ҳеҷ як расм, анъана ва тартиби зуҳури ҳодисаҳои такроршаванда ба зарари моддӣ ва маънавии инсон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ нигаронида шаванд. Зимни баргузории ҷашну маросим меъёрҳои динӣ, ахлоқӣ ва анъанавӣ дар заминаи кашишҳои талаботи инсонӣ, ғаризаҳо ва нафси молию маънавӣ бо суиистифода аз фазои беназорати гуногунақидагӣ тағйир хӯрда, аҳволи иҷтимоии мардумро дар маҷмӯъ вазнин намуданд. Чунин вазъият дар халқу кишварҳои мухталиф дар масири таърих зиёд рух додааст. Дар аксар маврид давлатҳо тавассути ислоҳоти азим ба ислоҳи чунин вазъият пардохтаанд. Ислоҳоти таърихии шоҳони тамаддуни бостонии Юнону Рим, Бобулистону Чин, Форсу Ҳинд, тағйирпазирии фарҳангии давлатҳо дар Замони эҳё ва нави Аврупо, ислоҳоти фарҳангии Пётри 1 ва дигарон аз зумраи чунин тағйирпазириҳои иҷтимоии назарраси таърихианд. Дар мо ислоҳоти иҷтимоӣ ва мафкуравӣ тавассути қонуни танзим оғоз шуд. Ин роҳи қонунӣ — роҳи эътирофшудаи давлати демократӣ аст.
2.Имконияту шароити бесарҳади баргузории ҷашну маъракаҳо, ки дар фазои озод ба манфиати оилаҳои Тоҷикистон зарба зада, иқтисодиёти онҳоро хароб мекард, дар ниҳояти кор таъсири манфии худро ба сатҳу сифати маънавиёт арзишҳои миллию динии халқ низ гузошт. Дар ин замина ҷашну маросим ва анъанаю маъракаҳое, ки тобиши миллӣ ва динӣ доштанд, аз зарфияти миллию динӣ дар заминаи кибр, ғурур, худнамоӣ, таассуб ва тақлиди беҷо дур шуда, моҳият ва аслияти табииашонро, ки бояд ба саодати зиндагии мардум созгор мебуд, гум карданд. Дар чунин шароит, давлати демократӣ ҳамчун ҳомии озодии эътиқод ва фарҳанги миллӣ оё метавонист бетараф бошад? Албатта, не, зеро дуршавӣ аз асолати фарҳангӣ ва эътиқодӣ бар зиёни аҳли ҷомеа аст. Аз ин нуқтаи назар роҳи қонунии ҳифзи арзишҳои миллӣ ва динӣ ҷанбаи адолатнокӣ ва озодипарастии давлати демократӣ ва дунявиро афзал бахшида, барои шаҳрвандон на танҳо фазои озоди зуҳури маънавӣ ва эътиқодӣ фароҳам меорад, балки тафаккуру талаботи маънавӣ ва эътиқодии онҳоро бо арзишҳои мувофиқ ва мусоиди миллию динӣ кафолат медиҳад. Аз ҷониби дигар, майдони муборизаи манфиат ва ҳиссиётҳо тавассути неруҳои мухталифи мусбат ва манфӣ бениҳоят ҳассос ва гуногунҷабҳа аст, ки пешгӯйии кулли он ва ё навъҳои мухталифаш бо зуҳури тафаккури печидаи инсонӣ барои ақли солим ва донишҳои инсонӣ на ҳамеша имконпазир ва даркшаванда мебошад. Бо вуҷуди он ки воқеият ва ҳаводиси рӯзгор ба мо борҳо сабақ медиҳад, ақли инсонӣ ва имкони инсон то ҳанӯз дар ин паҳно на ҳамеша муваффақият ва натиҷаҳои назаррас дорад. Аз назари умум ин мубориза ва чолишҳоро мо дар майдони ҷаҳонишавии манфиатҳо равшантар эҳсос менамоем.
3.Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо чунин печишу чолиши манфиатҳоро дар либоси арзишҳои мухталиф ва ғаризаҳои гурӯҳӣ имкон дорем фарохтар тасаввур карда, зарурати дахолати давлатро ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, ки дар қонуни танзим дар тағйиру иловаҳои воридгардида ба матни қисми 2 моддаи 15 бо чунин мазмун «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва сарулибоси миллиро ҳифз намоянд.» омадааст, фаҳмотар дарк намоем. Мисол, ҳамон таъкидоти ҳифзи либоси миллиро гирем. Барои бисёр либералҳо ва озодипарастони қолабӣ (барои чӣ қолабӣ? барои он ки онҳо озодиро шунидаанду ҳикмати онро дарк накардаанд) то ҳанӯз ин масъалаи барои ҷомеаи озод бегона аст. Аммо ба умқи масъала бо дидаи мунсифона нигарем, эҳсос мекунем, ки зери ин арзиши маънавӣ ва фарҳангӣ мавҷҳои пуртуғёнест, ки халқро аз асолати миллиаш дур карда, аввал истиқлолияти фарҳангӣ ва баъд сиёсии ӯро мисли заҳри бо шакаролуда маҳв менамояд. Вақте ки манфиатҳои кишварҳои хурду бузург дар фазои озоди иқтисодӣ ба ҳам бармехӯранд, хоҳ нохоҳ бозори озод корро ба манфиати моли арзон истеҳсолшуда ва нисбатан сифатнок ҳал мекунад. Кишварҳои хурд ба кишварҳои истеъмолкунанда ва кишварҳои бузург ба истеҳсолкунанда ва нигоҳдорандаи вазъи бозор табдил меёбанд. Ин ҳолат хоҳ нохоҳ ба бозори истеъмолӣ воситаҳои рӯзгор ва сарулибосро низ мекашад. Албатта, воридкунандагони мол то як дараҷа дар ибтидо кӯшиш мекунанд, ки молҳо ва сарулибосеро ба бозори кишвари хурд ворид намоянд, ки ба табиати миллиашон созгор бошад, вале баъдан ба хотири ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ба махлутгардонии он даст мезананд. Ҳамин тавр, ба дунболи манфиати иқтисодӣ оини зиндагии иҷтимоии бегона тавассути бозор ворид мешавад. Вале, ин як тарафи масъала ва дуршавӣ аз аслияти фарҳангист. Дар чунин сурат истеҳсолкунандагони ватанӣ тадриҷан аз бозор берун мемонанд ва истеҳсолоти миллии молҳои рӯзгор, аз ҷумла либоси миллӣ, рӯ ба харобӣ меорад. Албатта, ин масъала бояд барвақттар аз назари иқтисодӣ низ таҳлил ва чораҷӯйӣ мегашт. Ба чунин вазъ дар ибтидо то як муддат истеҳсолкунандагони саноати атласдӯзӣ, қолинбофӣ ва дигар маҳсулоти миллии ватанӣ гирифтор шуданд. Кор то ба ҷое расид, ки занони мо на танҳо атласпӯширо аз ёд бароварданд, балки мо истеъдодҳо ва тарроҳони миллии ватаниро аз даст додем ва ҷойи либоси миллии моро либоси сиёҳи бегона ва қисман либоси аврупоӣ гирифт.
Албатта, рақобат озод аст, вале ин рақобат ҳам мисли капитализми сиёсишудаи замони нав ва байналмилалигардидаи даврони навтарин, қонуну қоидаҳои худро дорад, ки нисбат ба баъзе аз онҳо (на ба ҳамааш) назари Маркс ва Энгелс ҳақиқатнигорона будааст. Бинобар он хуб шуд, ки Пешвои миллат ба ин масъалаи нозуку муҳим — сарулибоси миллӣ таваҷҷуҳ карданд ва акнун зан — модари тоҷик боз бо либоси фарҳангии худ вориди саҳна мегардад. Аз ин ҷост, ки дар тағйиру иловаҳо қадршиносӣ аз фарҳанг ва сарулибоси миллӣ таъкид шудааст.
Шояд суоли оё давлат аз назари илми ҳуқуқшиносӣ ҳуқуқи танзими расму анъанаҳоро дорад, дар майнаи бисёриҳо чарх мезада бошад.
Ба ин масъала дар ибтидои қабули қонун яке аз муаллифони ин матн бо ҳамроҳии академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам М.А. Маҳмудов дар як мақолаи калон ҷавоб дода будем. Аммо бо гузашти беш аз 10 сол боз нафароне ҳастанд, ки ба ин савол ҷавоб шуниданӣ мешаванд. Аз ин хотир, ба ин масъала дар фазаи дуюми ислоҳоти қонуни миллӣ такроран таваҷҷуҳ менамоем.
Аз ибтидо баъзе аз ҳамкасбони моро ҳамин савол ба ташвиш оварда буд ва ҳоло низ ҳастанд нафароне, ки ба мо чунин саволро медиҳанд. Ҷавоби мо равшан аст: — бале, дорад. Анъана ва ҷашну маросим ҳамчун омили муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ зарурат ба танзим дошта, мутобиқи талаботи замон бояд инкишоф ёбанд. Дар сурати ғолиб омадани ҳирси ман-манӣ, худнамоӣ, кибр, тақлидкорӣ, исрофкорӣ дар зоҳирёбии падидаҳои иҷтимоӣ, ки аз вай гурӯҳҳои муайян ба манфиати худ истифода менамоянд, он тадриҷан ба манбаи хатари азим ба иқтисодиёт ва мавҷудияти ҷомеа мубаддал мегардад. Ин ҳолат давлатҳои иҷтимоӣ ва адолатпарварро, ки мақсади марказиашон ҳифзи манфиати ҷамъият аст, тақозо бар он менамояд, ки барои ба низом даровардани доираи ин расму оин чораандешӣ намоянд.
Сониян, мегардем сари масъалаи он ки мушкилии дар фаҳмиши қонун пайдогардида аз табиати қонун аст ва ё аз андешаи мо, ки имконияти дарк намудани зарурат, моҳият ва арзишҳои ниҳонии қонуни навро надорад. Албатта, қонун мураккаб ва ғайриодӣ аст. Усули танзими он низ бештар ба имкониятдиҳӣ ва ҳуқуқпешниҳодкунӣ марбут аст. Аз ин аст, ки дар фаҳмиши он андешаҳои мухталиф тавлид мешаванд. Аммо ин на мушкилии онҳоест, ки аз қонун изҳори нигаронӣ мекунанд. Мушкили онҳо маҳз дар доираи андешаи онҳост. Усулҳои биниш, фаҳмиш ва дарку ҳазми масоил ҳанӯз зери таъсири чаҳорчӯбаи тафаккури куҳна қарор дорад. Иддае аз онҳо бо мафкураи қолабии куҳна сарҳади меъёрҳои иҷтимоиро аз ҳам бо девори фӯлодин маҳкам карда бошанд, гурӯҳи дигар думболи озодиҳои бесарҳад мегарданд ва озодиро бе муҳимтарин аслияташ — адлу инсоф, виҷдону шараф ва манфиату низом қабул кардаанд.
Аз ин хотир, ҷавоб ба саволи гузошташуда вобастагӣ дорад, аз он ки мо аз кадом биниш ва фаҳмиши ҳуқуқӣ ба ин масъала менигарем. Агар аз назари сирф нормативизми ҳуқуқӣ ва тақсимбандии легистӣ, ки муносибатҳои иҷтимоиро қатъиян ва сирф ба намудҳои ҳуқуқӣ, динӣ, одатӣ, ахлоқӣ ҷудо мекунад ва имконияти васлияти онҳоро дар тафаккур намегузорад, масъалагузорӣ кунем, албатта, ҷавоб манфӣ мешавад. Маҳз ҳамин фаҳмиши нормативистии ҳуқуқ дар замони шӯравӣ ба тафаккури аҳли илми ҳуқуқшиносӣ ҷудо будани меъёрҳои диниро аз меъёрҳои дигари иҷтимоӣ бо қатъият талаб намуд. Ҳол он ки ҳангоми зӯромад низоми ҳуқуқи шӯравӣ бо меъёри ҳуқуқ муносибатҳои диниро маҳдуд ва инкор мекард. Аз ин назар, меъёри ҳуқуқ наметавонад муносибатҳои динӣ ва ахлоқиро мавриди танзим қарор диҳад, вай танҳо муносибатеро ба тартиб медарорад, ки табиати ҳуқуқӣ дошта, аз дигар муносибатҳои иҷтимоӣ тафовут дорад (Келзен, Харт ва дигарон). Гурӯҳи дигари ҷонибдорони ин назария, ки хатти ниҳоии муқобили онро мемонданд, ҳар муносибатеро, ки бо меъёри ҳуқуқ мавриди танзим қарор мегирифт, ба сифати муносибати ҳуқуқӣ мешинохтанд. Ин назария бо вуҷуди он ки ба амалияи ҳуқуқӣ сахт хидмат менамояд, имконияти инъикоси воқеияти ҳуқуқро надорад. Онҳо ягонагии қонун ва ҳуқуқро эълом дошта, ҳуқуқро танҳо дар ниҳоди қонун ва иродаи давлат маҳдуд менамоянд. Дар асл бошад, доираи фаҳмиш ва мавҷудияти ҳуқуқ васеъ буда, вай ба меъёри мутаносиби адолат, озодӣ ва баробарӣ вобастагӣ дорад. Зеро ҳуқуқ дар ҷомеаи озод ва давлати ҳуқуқӣ ниҳоят воситаи тағйирпазири танзими муносибатҳо маҳсуб шуда, метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ вобаста ба таъмини адл, инсоф, ҳуқуқу озодиҳои инсон доираҳои мухталифи муносибатҳоро мавриди тартиб қарор диҳад, ки онҳо дар маҷмӯъ ба инсон алоқамандӣ дошта, ба зарфияти қадр, қимат ва номуси ӯ зич алоқаманд мебошанд. Бинобар он, назарияҳои дигари ҳуқуқфаҳмӣ тимсоли ҷараёни фаҳмиши табиӣ, сотсиологӣ, либертарӣ – юридикӣ ва ғайра имконияти баҳамоии меъёрҳои динӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқию одатиро эътироф менамоянд (Гегел, Нерсесянс, Алексеев ва диг.). Яъне ҳуқуқ метавонад дар сарҳади муносибатҳои динӣ, ахлоқӣ, одатӣ ва анъанавӣ манфиати инсонро думболагирӣ намояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки агар дар доираи муайян давлат ба расму оин ва анъанаҳо бо мақсади хайр даст занад, ба муваффақиятҳо ноил мегардад. Яъне, давлати адолатпарвар танҳо дар сурате ба ин кор даст мезанад, ки дин ва ё шакли дигари шуури ҷамъиятӣ бо дуршавӣ аз решаи аслӣ мардумро аз маънӣ ва мазмуни эътиқод ба шаклпарастию зоҳирбинӣ мубтало мегардонад. Дар чунин шароит дин ва урфу одат бинобар сатҳи пасти саводи динӣ ва маърифати ҷомеа вазифаҳои аслии худро дуруст иҷро накарда, дар заминаи дигар манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ ба шикастан ва инҳироф намудани табиати ҷашну маросим ҳамчун унсури фаъол мусоидат менамоянд. Дар ин маврид ҳуқуқ дар ҷомеаи майли рушдкунандадошта ва дар давлати роҳ ба сӯйи таъмини шароити арзанда гирифта масъулият пайдо мекунад, ки бо роҳҳои қонунӣ вазъиятро ба манфиати инсон ислоҳ намояд. Зеро меъёри ҳуқуқ ҳамчун шакли махсуси танзими рафтор аз қадим дар Ғарб ва Шарқ алоқамандии устуворро бо дигар намудҳои меъёри иҷтимоӣ доро буда, дар масири таърих на як бору ду бор ҳамдигарро дар ҳалли масъалаҳои муҳим дастгирӣ ва кумак намудаанд. Чунин таъсири мутақобилаи судманд, бахусус дар даврони тағйироти назарраси мусбати таърихи Шарқ ва Ғарб бештар эҳсос мешуд.
Бо дарназардошти далелҳои боло, метавон гуфт, ки давлат аз назари илми ҳуқуқшиносӣ ҳуқуқи танзими анъана ва ҷашну маросимро дорад. Ин на танҳо ҳуқуқи давлат, балки уҳдадории давлатҳои адолатпеша ва иҷтимоист.
Вале оё ба танзим даровардани анъана ва ҷашну маросим ба маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст, оварда намерасонад?
Албатта, не. Аввал ин ки мақсади қонун на маҳдудкунӣ, балки ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мардуми Тоҷикистон аст. Дар моддаи 2 — юми қонун омадааст: «Мақсади Қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи харҷу масрафи зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат мебошад.» Яъне, қонун се мақсади ба ҳам алоқаманд дорад — ҳимояи манфиати иқтисодии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ. Ва воситаи муҳими татбиқи ин мақсадҳо танзими расму оин ва анъанаҳост. Маълум мешавад, ки мо на ба маҳдудкунӣ, балки ба танзими мақсаднок сарукор дорем. «Мақсади асосӣ ва ягонае, ки қонун думболагирӣ ва барои амалӣ шудани он тамоми хулосаю амрҳои худро равона менамояд, ин хушбахтии шаҳрвандон аст.», - гуфта буд Ф. Бекон дар асараш «О достоинстве и приумножении наук». Яъне, аз ин нигоҳ, таҳияи қонуни мазкур исботи таърихӣ ва илмии худро дорад.
Аз ҷониби дигар, роҷеъ ба озодӣ ҳарф зада, бояд донист, ки падидаи озодӣ мутлақ нест, мутлақияти озодӣ маънии анархия ва ваҳшониятро дорад. Дар олами ваҳшоният ҷойи қонун ва хирадро зӯрию талаботи табиӣ мегирад. Дар чунин сурат ҷамъият вуҷуд дошта наметавонад. Афлотун дар таҳлили рӯҳи инсон ва табиати он дар асари худ «Ҷумҳурӣ» менависад, ки «Рӯҳи инсон аз се қисмат иборат аст: нафс, ки ҳамеша дар талаби чизе аст, хирад ва қисмати сирф ақидатӣ ё рӯҳӣ… Бештари амалҳои инсон одатан таҳти таъсиррасонии ивазшавандаи ду қисмати аввал рух медиҳад. Нафс чизе берун аз худ (мақом, шуҳрат, бойигарӣ) ҷустуҷӯ мекунад ва хирад роҳи беҳтарин дастрасии онро таҷзия менамояд». Ҳамин тавр, табиати инсон ва танзими расму оини он дар алоқамандии мураккаб дар назди илми ҳуқуқ қарор мегирад. Зеро ба ғайр аз ду омиле, ки Афлотун нақши муҳимияти онҳоро дар кирдор баён менамояд, қисмати сеюм рӯҳоният бо эътиқоди хоса дар чунин намуди муносибатҳо мавқеи худро талаб менамояд.
Озодии асл, ки созгори тамаддун ва ҷамъият аст, бо уҳдадорӣ сахт иртибот дошта, табиатан нисбист. Озодӣ, албатта, сарҳад дорад ва сарҳади онро қонун муқаррар мекунад. Андешаи ҳуқуқшиноси Рум Ситсерон — «агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош» то кунун бо ҳама тағйирпазирии мавзӯи қонун аҳамияти худро гум накардааст. Унсури муайянкунандаи озодиро қонунҳои ватанӣ ва байналмилалӣ муқаррар кардаанд.
Агар рафту маҳдуд оростани ҷашну маросимро касе омили маҳдуднамоии озодӣ ва ҳуқуқҳо шарҳ дода, аз фаҳмиши фалсафӣ ва айнии он сар тобад, метавонад ба интиҳои қисмати аввали м. 2 – юми қонун назар намояд: «Қонун, ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст». Яъне, аз чор асоси маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки қисми 3 м. 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст «…ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон; тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохтори конститутсионӣ ва тамомияти арзӣ» дуи он дар қонун оварда шудааст. Яъне маҳдудкунӣ, ба хотири ҳифзи манфиати дигарон ва нигоҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ дар қонун қобили қабул аст. Раво будани чунин маҳдудкуниро мо дар санадҳои байналхалқӣ низ пайдо мекунем. Қ. 2 м. 29 Эъломияи ҳуқуқи башар, қ. 3 м. 18 ва қ. 3 м. 19 Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии соли 1966 (ПБҲШС) ба масъалаи маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳо бахшида шудааст. Аз ҷумла, қ. 3 м. 18-и ПБҲШС, ки Тоҷикистон 13-уми ноябри соли 1998 онро ҷонибдорӣ намуда, амали санадро дар Тоҷикистон аз 4-уми апрели соли 1999 эътироф кардааст, асосҳои маҳдудкунии озодии эътиқодро чунин муқаррар мекунад: «Озодии пайравӣ намудан ба дин ва ё зоҳирёбии эътиқод ба дин, дар асоси қонун дар ҳолатҳои зарурати ҳифзи бехатарии ҷамъиятӣ, тартибот, саломатӣ, ахлоқи ҷамъиятӣ ва ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои дигарон маҳдуд карда мешавад». Ҳамин тавр паймони байналмилалӣ дар ҳолати мухолифи манфиати мардум, ахлоқи ҷамъиятӣ, саломатӣ, ахлоқ ва бехатарию тартиботи ҷамъиятӣ баромад намудани расму оин ва шаклҳои дигари зоҳирёбии эътиқоди мардум дар асоси қонун маҳдуд намудани онҳоро ба давлатҳои иштирокчии Паймон иҷозат додааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар қ. 7. м. 4 дар ҳамин замина муқаррар мекунад: «Озодии пайравӣ ба дин тавассути қонун барои ҳимояи сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, ҳифзи амният, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ва ахлоқи ҷамъиятӣ, ҳамчунин ҳуқуқ ва озодии дигар шахсон метавонад маҳдуд карда шавад.».
Аз ин рӯ, бо риояи талаботи қ. 3 м. 10-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати Тоҷикистон метавонад ва ҳуқуқ ҳам дорад, ки дар ҳолати мавҷудияти асосҳои номбаршуда ҳуқуқу озодиҳои мардумро дар риояи расму оине, ки ба бехатарии ҷамъиятӣ, тартибот, саломатӣ, ахлоқи ҷамъиятӣ ва ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои дигарон зарар мерасонад, маҳдуд намояд. Дар қонуни мазкур ҳар се омили асосии маҳдуднамоии ҳуқуқу озодиҳо, ки ҳам низоми байналмилалӣ ва ҳам низоми ҳуқуқи миллӣ пешбинӣ намудааст, ба инобат гирифта шудааст. Ба маҳдудкунии ҳуқуқу озодӣ ба хотири гиромидошт ва ҳифзи ҳуқуқу озодии дигарон, бехатарии ҷамъиятӣ, сохтори конститутсионӣ м. 71 Конститутсияи Озарбойҷон, м. 44 — 45 Конститутсияи Арманистон, м. 23 Конститутсияи Беларус, м. 39 Конститутсияи Қазоқистон, м. 46 Конститутсияи Гурҷистон, м. 64 Конститутсияи Украина, м. 55 — 56 Конститутсияи Федератсияи Россия ва дигар давлатҳои ҷаҳон ҳамчун амри зарурии мавҷудияти демократия бо роҳҳои қонунӣ иҷозат додааст. Ин маъниро ҳамчун воситаи муҳими таъмини адолат ҳанӯз ҳуқуқшиноси Рими қадим Марк Туллий Ситсерон қайд карда буд: «Қонуни ҳақиқӣ - ин ҳолати бохиради мутобиқи табиат аст, ки ба ҳама инсонҳо якзайл паҳн шуда, ба масъулият, амрдиҳӣ ва манънамоии зарурӣ мусаллаҳ аст…». Дар давлатҳое, ки даъвии демократияи классикиро доранд, чунин маҳдудкунӣ хеле васеътар рафта, барои баланд бардоштани ахлоқ, одат ва саломатӣ паҳлуҳои нави илми ҳуқуқшиносӣ ва сарҳади ҳуқуқро кашф кардаанд. Ин давлатҳо барои баланд бардоштани ахлоқи ҷамъиятӣ қонунро васеъ истифода намуда, аз маҳдудсозии озодӣ ва риояи сарҳади ҳуқуқ андеша намеронанд. Мисол, дар Япония агар ҷавон дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба шахси куҳансол ҷой надиҳад, тибқи қонуни маъмурӣ имконияти ба ҷавобгарӣ кашидани он ҷавон пайдо мегардад. Ё дар иёлати Калифорнияи ИМА хеле барвақтар аз дигарон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нӯшидани машрубот ҷавобгарии ҳуқуқиро дошт, ҳамчунин кашидани сигор дар Япония ва баъзе аз давлатҳои Аврупо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ё ҷойҳои барои он ҷудонашуда оқибати ҳуқуқиро доро буд. Баъдан ин таҷриба ба низоми ҳуқуқии дигар кишварҳо ворид шуд. Тавре ки мушоҳида гардид, таҷрибаи демократияи имрӯза маҳдудкуниро дар ҳадди муайян бо мақсади муайян дар доираи қонун иҷозат медиҳад.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, давлат вобаста ба мақсадҳои олии худ тавассути фаъолияти қонунгузорӣ бояд равиши ҳаёти иҷтимоиро ба он самте, ки вай ба некуаҳволии мардум созгор аст, ҳидоят намояд. «Нахустин ва беҳтарин қонуни мусбии ҳама давлатҳо ин барқарор намудани ҳокимияти қонунгузорист; айнан ҳамин тавр нахустин ва беҳтарин қонуни табиие, ки ба он бояд худи фаъолияти қонунгузорӣ тобеъ бошад, ин ҳимояи ҷамъият (мардумон) ва ҳар як инсон аст.», — мегӯяд Дж. Локк. Аз ин нуктаи назар чунин сурат гирифтани исрофкорию худнамоӣ дар баргузории маросими азодорию маъракаҳои хурсандӣ, ки таҳдиди бевосита ба камбизоатию ободии мардуми Тоҷикистон дорад, фаъолияти қонунгузории кишварро тақозо дорад, ки сари ин мушкилӣ андеша ронад. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло хулоса кардан мумкин аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси қонунгузории худ ҳам замони пешниҳоди қонун ва ҳам дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он комилан дуруст ва бамаврид истифода намудаанд.
То кунун мо роҷеъ ба маҳдудсозии аслии ҳуқуқу озодиҳо ҳарф зада, имконияти ҷой намудани онро дар қонуни мазкур шарҳ додем ва ё ба тарзи умум меъёрҳои м. 8. Зодрӯз, м.9. Хатнасур, м. 10. Тӯйи домодию арӯсӣ, м. 11. Маросими дафну азодорӣ ва м. 12. Маросими ҳаҷро, ки дар онҳо манъи баъзе аз маросими берун аз шариат ва маҳдуд кардани доираи гузаронидани иддае аз маъракаҳо мавҷуд буд, аз ин назар қабул намудем. Зеро маҳдудкунии ҳуқуқу озодиҳо низ аз чанд ҷиҳат мавриди эътироф аст. Аз назари умум ба маънии васеъ дар илми ҳуқуқшиносӣ ҳама гуна дар қолаб ҷой намудани рафтори субъектонро ҳамчун маҳдудкунии озодӣ низ шарҳ медиҳанд, аммо он бештар шабоҳат ба сарҳади ҳуқуқ дорад. Дар баробари ин, маҳдудкунии конститутсионӣ, яъне маҳдудкунии он ҳуқуқҳое, ки Конститутсия эътироф кардааст, дар ҳолатҳои истисноӣ дар доираи қонун бо зарурати демократӣ ҷоиз аст.
Вале ин ҷо боз суоле пайдо мешавад, ки оё дар танзими ҷашну маросим ва манъи баъзе аз маъракаҳои дафну азодорӣ қонун ба муқаррароти ислом мухолиф нест?
Не! Ин ҷавоби кӯтоҳ аз далелҳои меъёрҳои шариат, ки дар Қуръон ва аҳодиси набавӣ гирд оварда шудаанд, сарчашма мегирад. Доир ба ин масъала кулли уламои Тоҷикистон ҳанӯз 12 майи соли 2007 хулоса додаанд. Дар робита ба ҳамин масъалаҳо ва вобаста ба тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда дар вохӯрӣ бахшида ба 10 — солагии қабули қонун 11 — уми июли соли равон, ба саволҳои Пешвои миллат кулли уламо ва донишмандони динӣ бори дигар якдилона ҷавоб доданд, ки танзими ҳуқуқии маросими динӣ ба пуррагӣ мувофиқ ба талаботи мазҳаби ҳанафӣ буда, на Қуръон ва на ҳадисҳои саҳеҳ баргузории маросими сари тахта, се, ҳафт, чил, шашмоҳагӣ ва солро ба он тавре ки мо — тоҷикон, баргузор менамоем, пешбинӣ накардааст. Пас уламо дуруст қайд карданд, ки бо чунин шакл баргузории маросим як навъ бидъат ва макрӯҳ аст. Аз ин рӯ, манъ намудани он амале, ки дар сарчашмаҳои аслии исломӣ нисбат ба он ишорае нест, мазмуни вайрон намудани сарҳади меъёрҳои диниро надорад. Дигар ин ки тағйиру иловаҳои дар қисми 2 моддаи 11 воридшуда маросими се, чил ва солро не, ҳарчанд, ки ин маросимҳо дар сарчашмаҳои аслии исломӣ наомадаанд, балки маъракаҳо ва дастурхонороиҳоро ба ин муносибат манъ менамояд, ки он ба табиати ислом ва ахлоқи башарӣ низ мухолифат дорад. Қонун дар асл на усули манъкунӣ, балки вазифаи банизомдарориро иҷро менамояд ва маросими эътиқодиро ба асолати динӣ ва ахлоқи башарӣ мувофиқ сохта, соҳибони майитро аз вазниниҳои молӣ озод менамояд.
Онҳое, ки додани садақаро дар шакли пешниҳоди таом асос менамоянд, бояд қайд қард, ки садақа навъҳои гуногунро доро аст, ҳатто қонун пешниҳоди ҳамин навъи хӯрокдиҳиро ба ятимону барҷомондагон ва эҳтиёҷмандон манъ накардааст. Онҳое, ки мехоҳанд бо нияти неке амали хайр ва садақа диҳанд, марҳамат мутобиқ ба талаботи моддаи 9 ва моддаи 10 хатнасур ва тӯйҳои хайриявиро иҷро кунанд ва ё мехоҳанд барои арвоҳи наздиконашон амали хайреро анҷом диҳанд, имкон доранд ба ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон кумак намоянд, роҳе, пуле ва ё истгоҳе созанд. Онҳое, ки аз ислом хуб огоҳӣ доранд, хайроте, ки ба ятимону сағирону дармондагон дода мешавад, чӣ аҳамият дорад, хуб эҳсос мекунанд. Дастгирию муносибати нек бо ятимону дармондагон беҳтарин садақа аст. Бедили бузургвор беҳуда нафармуда:
Битарс аз оҳи мазлумон, ки ҳангоми дуо кардан,
Иҷобат аз дари ҳақ баҳри истиқбол меояд.
ва Ҳаким Саноӣ беасос далел наовардааст:
Ҳама рӯз рӯза бурдан, ҳама шаб намоз хондан,
Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худой роз гуфтан.
Зи Мадина то ба Каъба сару по бараҳна рафтан,
Ду лаб аз барои лаббайк ба вазифа боз кардан.
Ба Худо, ки ҳеҷ якеро самар он қадар набошад,
Ки ба рӯи ноумеде дари баста боз кардан.
Қуръон чунин дастгирӣ ва мушкилосонкуниро аз беҳтарин садақот эътироф менамояд. Гузашта аз он, ислом дини иҷтимоӣ буда, барои решакан намудани фақру бенавоӣ иқдоми паст кардани сатҳи камбизоатиро аз оила оғоз кардааст. Ба ҷойи базму маъракаҳои пурдабдабаи маросими дафн, ки бо меҳнати дандоншикану қарзҳои вазнин сурат мегиранд, савоби нигоҳубин ва таъмини оила бештар аст: «Ҳангоме, ки мусалмон моли худро ба оилаи худ ба умеди некӣ аз Аллоҳ сарф мекунад, ин барои вай садақа аст» (Ҳадиси 1511(5351) Имом Бухорӣ. «Ҷомеъ — ус саҳеҳ»). Ё дар ҷойи дигар Паёмбари ислом фармудаанд, ки агар инсон чор динор дошта бошад ва якеро ба камбағале, дигареро барои озод кардани ғуломе, сеюмиро дар роҳи Худо ва чорумиро барои оилааш сарф намояд, беҳтарин динори харҷкардааш он аст, ки барои оилааш сарф шудааст (Ал-Бухари Мухаммад ибн Исмаил. Обычаи и приличия в Исламе. Хадисы Пророка о правилах поведения. – СПБ.: «Издательство «ДИЛЯ», 2009.-С. 97.).
Ислом намудҳои гуногуни алтернативии садақа ва хайротро бо дарназардошти мухталифии вазъи иҷтимоӣ муқаррар кардааст, ки ин аз беҳтарин таҷрибаи қонунгузорони одил аст, аммо мо онро на ҳамеша дуруст дарк мекардем: «…Паёмбари ислом (с) боре гуфтанд: Ҳар кас бояд садақа диҳад. Одамон пурсиданд, агар чизе надошта бошад? Паёмбар гуфтанд: вай бояд меҳнат кунад, фоидаи ҳалол ба даст орад ва аз он садақа диҳад. Гуфтанд: агар ӯ дар ин ҳолат низ садақа дода натавонад? Паёмбар ҷавоб доданд: дар чунин сурат вай бояд ба касе, ки ба мушкилӣ дучор аст, кумак намояд. Агар натавонад, — боз пурсиданд мардум. Пас Паёмбар гуфтанд: Вай бояд дар доираи шариат (яъне қонуни зиндагӣ) рафтор кунад, ки ҳамин садақа аст. (ҳадиси 1445 аз китоби «Саҳеҳи Бухорӣ», с. 322 ). Ва аз ҳама муҳим, мо аз меҳнати ҳалол садақа доданро фаромӯш кардаем. Садақа ва маросим вақтҳои охир на танҳо як навъ исрофкорӣ, берун рафтан аз ҳадди имконот ва вазнин вонамуд кардани талаботи исломӣ буд, балки як манбаи тавлиди беадолатӣ, муфтхӯрӣ ва коррупсия дар ҷомеа низ маҳсуб мешуд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, қонуни танзим мухолифи манфиати эътиқодии ислом нест, баръакс, як навъ дуруст риоя намудани талаботи ислом аст. Бешубҳа, соҳиби ташаббуси қонунгузорӣ бо ин амал хидмати бузурге дар назди ислом карданд, ки онро вақт ва зиндагӣ, албатта, қадр хоҳад кард. Замоне донишмандони ислом чун соҳибони мактаб Имоми Аъзам, Аҳмад ибни Ҳанбал, Молик ибни Анас, Идриси Шофеӣ, фақеҳони бузурги исломӣ чун Абунасри Форобӣ, Абурайҳони Берунӣ, Имом Ғаззолӣ, Аллома Мотуридӣ, Низомулмулки Тӯсӣ, Бурҳониддини Марғелонӣ, Замахшаҳрӣ ва дигарон ин рисолатро иҷро намуда, дар муқобили душвориҳои замонавӣ истодагарӣ карданд ва инкишофро ба ислом насиб гардонданд. Мутаассифона, чунин амалҳои хайр то дергоҳ ба фаромӯшӣ рафта буданд. Аз ин нигоҳ қонуни танзим то ҷое холигии фиқҳи исломиро дар ин масъала пурра намуда, барои мақоми ислом, ҳимояи арзишҳои миллӣ ва динӣ амали некеро анҷом дод. Ёдовар мешавем, ки озодшавии мардум аз вазниниҳои тобиши динӣ ва миллидошта дар Аврупо хеле сангин, бо қурбониҳои зиёд ба даст омада буд. Шукр, ки дар мо ин амал бо ташаббуси Сарвари давлат дар доираи қонун ҳалли худро ёфт.
Аз ин рӯ, мо — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту иловаҳои пешниҳодшударо комилан мутобиқ ба манфиати миллат ва халқи Тоҷикистон дониста, вазифаҳои аслии онро дар кумак намудан, дастгирӣ кардан ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи Тоҷикистон мебинем. Ин тағйирот мутобиқ ба талаботи мазҳаби ҳанафии дини ислом ва фарҳанги миллӣ буда, дар доираи арзишҳои мусбати аҷдодонамон тарҳрезӣ гардидаанд. Ниҳоят, мазмуни тағйиру иловаҳо ба талаботи арзишҳои башарӣ мувофиқ буда, ба дастовардҳои демократии ҷомеаи ҷаҳонӣ такя менамояд. Тавре Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш. Зуҳуров таъкид намуданд: «…бовар дорем, ки бо гузашти солҳо халқи азизамон аз ин қонуни миллии дорои мазмуни инқилоби маънавӣ ба таври рӯзафзун баҳра бардошта, манфиатҳои худ, мардум ва миллату давлатро беҳтар ҳифз карда, ҳамаи моро ба некӣ ёд хоҳанд кард».
А. Ғ. Холиқзода,
Ҷ. З. Маҷидзода,
Н. Содиқова,
М.Ш. Шамсиддинзода,
вакилони Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон