Сипеҳри Абуабдуллоҳи Ҳасанзод: «Аз дуои модар қаламам сабз гаштааст…»

№107 (3744) 07.09.2017

СипехрСипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзода солҳост, ки дар дунёи адабиёт қаламфарсоӣ мекунад. Маҷмӯаҳои ҳикоя ва очерку қиссаҳои таърихии «Фидоиёни роҳи озодӣ», «Парастуҳои саҳна», «Боздид», «Чакомаи Шоҳи ирфон», «Бозгашти аспи даҳмарда», «Офтобо, ба ғуруб марав…», «Гулхани сабз», «Дарёдилеву соҳиле…», «Ҳадиси ватандорӣ» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ӯ дар иншои осори публитсистӣ низ муваффақ аст.

Оид ба сабки вижа, ҳусну қубҳи нигоштаҳои нависандаи боистеъдод Сипеҳри Абуабдуллоҳи Ҳасанзод олимону донишмандон ва адабиётшиносон воқеъбинона изҳори ақида кардаанд. Аз рӯи қиссаву ҳикоёти хотирмони адиб филмҳои мустанади «Гиряҳои хуршедӣ», «Ҳикмати гӯё» ва барномаҳои адабӣ ба забонҳои гуногун таҳия шуда, аз тариқи садову симои мамлакатамон пахш гардидаанд.

Осори зиёди адабиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла, қиссаву ҳикоёти дилчаспи адиби румин Ион Лука Караҷели, нависандагони рус Лев Толстой, А.П. Чехов, В. Распутин, В. Шукшин ва китоби пурраи барандаи Ҷоизаи ҷавонони Мари-Эл Юрий Артамонов «Вкус земляники» («Шаҳди марминҷон»)-ро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.

Эҷодиёти Сипеҳри Абуабдуллоҳи Ҳасанзод ба забонҳои русӣ, англисӣ, беларусӣ, олмонӣ, арабӣ, форсӣ, ӯзбекӣ, марӣ ва дигар забонҳо ба табъ расидааст.

Дар зер суҳбатеро бо ин адиби пуркор манзури шумо мегардонем.

- Адибонро ҳамқадами замон ном мебаранд. Вале иддае бо иншои асарҳои калонҳаҷм қонеъ шуда, аз масоили дархӯри рӯз тавассути иншои очерку мақолаҳои публитсистӣ фаромӯш месозанд. Хушбахтона, дарду доғи ҷомеа, мушкилоти он ҳамеша дар мадди назари шумо қарор дорад. Сухан сари покиза нигоҳ доштану ҳифзи забони модариямон меравад…

- Миллати куҳанбунёди тоҷик дар масири таърих ба муқовиматҳои шадид рӯ ба рӯ омадааст, ки ин бархӯрдҳои рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ на ин ки ба сарзамин, балки ба забонаш низ таъсири манфӣ расонидааст. Магар кам буданд тохтутози аҷнабиён, ки мехостанд тоҷикро дар хонааш маҳв созанд? Аммо тоҷики сарбадор дар ягон давру замон ба сари қавме шамшер аз наём барнакашидаву мутеъ ҳам нашудааст. Чаро? Муҳити адабпарвари мо шурӯъ аз оила, мактаб, коргоҳ ва дар маҷмӯъ, ҷомеаи таҳаммулпазир ҳаргиз ба ин роҳ намедиҳад.

Садсолаҳо бад-ин сӯ забони тоҷикии форсӣ бо вежагиҳои хос эътибори олимону донишмандони пешинро ҷазб ва дили ҳазорон ҳаводорашро тасхир намудааст. Даризабонҳо дар қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр бо ин ҳуруф ва хатти зебо девондориву давлатдорӣ доштанд, ки боиси ифтихори ворисони баъдӣ гаштаанд.

- Вазъи имрӯзаи забони адабии тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Шаҳрвандон ҳангоми сайри хиёбону боғҳои шаҳри Душанбе ҳавои беғубору фаввораҳои ҷӯшзан, қад афроштани силсилаиншоотро мушоҳида карда, шукри истиқлол мегӯянд. Биноҳои хуштарҳу мунаққаши замонавӣ бо номҳои «Қасри миллат», «Боғи устод Рӯдакӣ», «Кохи Ҷомӣ», «Боғи Парчами миллӣ», «Кохи Борбад», «Садбарг», «Кохи Наврӯз», «Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «Ҷамол», «Кохи ваҳдат», «Бонки миллии Тоҷикистон», «Ошёни китоб» ва монанди инҳо ба ҳусни шаҳр ҳусн мефизоянд.

Аммо ин лаҳзаи нишотомез дер намепояд. Дар пешгоҳи мағозаву дӯконҳои хусусӣ номҳои бегонаву носуфта ва гоҳе пурасрор касро ба андеша водор месозанд: «Кафсар», «Жасмин», «Маркази Душанбе-шаҳр савдои», «Ретек», «Гулистон Тур», «Тоҷ Палас», «Терек», «Элит-строй-сервис», «Фуҷифилм» ва амсоли инҳо.

Ё дар паҳлуи «Цветочный мир» — «Нозанин», «Мир цветов» — «Олами гулҳо», «Аромат» — «Атриёт» ва «Хонаи тоза» — «Чистый дом»-ро овардаанд, ки ҳамагӣ тарҷумаи таҳтуллафзианд. Чаро ба ҷойи «нозанин»-у «олами гулҳо» аз вожаи зебоӣ гулфурӯшӣ истифода намебарем? «Аромат» маънои накҳат, атр бӯйи хушро дорад. Оё беҳтар нест, ки дӯкони атрфурӯширо «Гулоб» ном гузорем. Умуман, чаро кӯшиш мекунем, ки мағозаву дӯконҳоямон ду ном дошта бошанд, яке исми бегонаву дигаре тоҷикӣ? Чаро намехоҳем, ки танҳо номи зебову шинами тоҷикиро интихоб кунем?

- Ҳол он ки бо ҳазор орзую ҳавас ба дидани диёри зебоманзарамон ҳамзабонони мо меоянд…

- Оре, ба кишвари мо аз мамолики Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон ва дигар давлатҳои ҳамзабон ташриф меоранд. Онҳо «Шаурмаи туркӣ», «Бутик-Европа», «Эксклюзив», «Роксалана», «Столплит», «Эспандос трэвел», «Дисинвест», «Симран» ва даҳҳо навиштаҷоти дигарро хонда, дар шинохти миллии мо чӣ мегӯянду чӣ меандешанд?

Устод Лоиқ, ки бо забони модариамон ифтихор мекард, ҷое гуфтааст:

Заҳр бодо, шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

- Мешавад, ки аз ин бегонапарас­тиҳо ҷиддан ҷилавгирӣ намоем?

- Чаро не? Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сари ин масъалаи доғи рӯз дар ҳамдастӣ бо дигар ташкилоту муассисаҳои марбута андеша кунанд. Зеро, ғалатнигориҳо паҳнотар доман густурда, забони тоҷикиро аз курсии забарҷади баланд ба поин мекашанд.

- Сарнавишти қаҳрамонҳоро бо хислату характерашон чӣ сон тарҳ мекашед ва нахустин ҷумлаи асари калонҳаҷматонро навишта, охирин ҷумлаашро ҳам ба андеша мегиред ё баъд…?

- Ба андешаи инҷониб, асари ҳақиқӣ кошонаи навбунёдро мемонад, ки ҳанӯз якбора рӯи каф омадани масолеҳи он аз эҳтимол берун аст. То қадафрозии бино ба маводи дохилаш назар меафканӣ: кадом ашё ҳасту чияш намерасад, сутунҳояшро дар замин устувору маҳкам кӯбидаанд ё не? Хонаи нав ба боду борон, садама ё заминларза тоб меоварда бошад ва ғайра.

Тақдири қаҳрамонони асари бадеӣ вобаста ба муҳит, рӯҳия, муносибаташон бо атрофиён, ҳамсафон ва ё дар майдони набард бо ҳамтоён созгор меафтад.

Ин ҷо нависанда бо услуби хос амалиёти қаҳрамонҳоро таҳти назар мегирад: ҳар як ҳаракат, часпу талош, тасвири манзара, рӯ ба рӯ овардани хайру шар, рангомезиҳо, ҳатто чигунагии мижгону абрӯ, гирумони иштирокдорони лаҳзавиро дар шиддати воқеаҳо (драматизм)-и асар гармиву сардӣ мебахшад. Ҳамин зайл дар коргоҳи эҷодӣ тарҳи мусаввадаи асарро шакл бахшида, ҳамранги кулоли чирадаст ё заргари нозукхаёл, ки ҳушу ёдаш пойбанди эъҷози навтавлиду бунёдист, боэҳтиёт ва диққатрабо гулчин мекунад.

- Ҳолатҳое буданд, ки дар симои қаҳрамони худ болидарӯҳӣ дарёфта бошед? Чунончӣ, дар тасвири модари бузургвор (қиссаи «Офтобо, ба ғуруб марав…») чӣ андоза сӯхтаву ашки қалам рехтаед…

- Аз рӯзе, ки одаму оламро шинохтам, мехостам симои модари бузургвору фариштахисоламро бинигорам. Дар пиндорам, зане ба зоҳиру ботин зебо, оқилаву бофаросат, соҳибтадбиру боҳунар, фурӯтан, беозору хоксор ва маҳбуби бонувонро ҷуз модарам надидаам. Ӯ шаҳсутуни хонадони мо ва шаҳпари орзуҳоям буд, аз дуояш қаламам сабз гаштааст.

Ҳар бор симои нуронии модарамро пазмон шавам, дарҳол акси якҷоя гирифтаамонро ба даст мегираму хумор мешиканам ва худ­ро ҳамроҳи модари камтавону бефараам, ки симои нурониву рӯю мӯйи испедаш нусхаҳаки офтоби дигарро мемонд, дармеёбам. Меангорам, ки кӯҳтали пешорӯро лукида-лукида хамида, сӯи деҳа меояд. Вуҷудамро дард мегирад, нигоҳам дар ҷозибаву бузургии офтоби болои сарам хира мегардад. Хурӯшамро дошта наметавонам ва аз ниҳодам ин оҳанг мехезад:

- Офтобо, ба ғуруб марав… Рӯи раҳам рӯшанӣ бирез, ки аз файзу эҳсонат камол ёфтаам. Муродам ин аст, ки ғурубатро набинам…

- Шумо дар қиссаи «Навҳаи ҷомаи шаҳӣ» хислату характери қаҳрамононро тавре бозгӯ намудаед, ки хонанда аз баду некашон огоҳӣ ёфта, ба тақдири ҷавони заҳматкаш, вале ноком Убайдуллоҳи Наим якумр месӯзад…

- Қаҳрамони ин қисса Убайдуллоҳи Наим ҳоло дар як рустои зебоманзари диёрамон зиндагӣ мекунад. Вай вақти иҷрои кор бар асари садамаи мошини боркаш дар роҳи пурпечутоби ағбаи ҳаждаҳгардишаи мавзеи Фархор аз сутунмуҳрааш осеб дидааст. Ҳар ду пояш беҳаракат мондаанд. Ҷомаву тоқии гулдӯзӣ ва локии шоҳии ӯ то ҳол дар мехи бари девори хонаашон овезон аст.

- Дар ҳамин қисса пораҳои насри мавзун хеле зебо омадаанд, ки хонанда мафтун мегардад…

- Истифодаи насри мусаҷҷаъ дар адабиёти пешин роиҷ будааст. Махсусан, дар «Гулистон»-у «Бӯстон»-и шайх Саъдии Шерозӣ хеле бамаврид корбаст шудааст. Агар дар насри мавзун таносуби сухан риоя шавад, мисли он ки ба арӯс зебу зинати хоса фарру шукӯҳи дигар мебахшад, асарро хонданбоб мегардонад.

Банда то ҷойи имкон дар мавриди зарурӣ аз ин жанри нозук истифода бурдам.

- Аз хусуси ҳикояҳоятон дар матбуоти даврӣ мақолаҳои зиёди адабиётшиносонро хондаем. Шумо дар ин жанри душвор муваффақед. Хусусиятҳои ин жанрро дар сабкатон якбора риоя менамоед ё ҳангоми таҳрир?..

- Ҷойи таассуф аст, ки солҳои охир нақди адабӣ хомӯшӣ ихтиёр кардааст. Ҳол он ки чӣ дар назм ва чӣ дар наср асарҳои зиёд ба нашр расидаанд. Таассуфангез аст, ки аксар мақолаҳои мунаққидон ё адибони шинохта «фармоишӣ» ба назар мерасанд.

Мунаққиди ҳар як адиб, қабл аз ҳама, худи ӯст. Беназиртарин асари адабиёти ҷаҳонӣ ба таҳрир ниёз дорад. Ҳастанд пораҳое, ки ё аз баҳраш мегузаред ё калимоти носуфтаашро ба ислоҳ меоваред. Ҳамин аст, ҳунари эҷодкори асил.

Суҳбаторо Ҳокими АЗИЗ,

рӯзноманигор