Мақолаи рӯзноманигор Сулаймон Султонов таҳти унвони «Чаро Алихон Нуралиев муқаррароти қонунро ба инобат намегирад?»-ро, ки 27 июли соли 2017 таҳти №90 (3727) дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр гардид, пурра мутолиа намудам. Дар мақола маълумот ва мушоҳидаҳои нодуруст инъикос шудаанд.
Хабарнигор навиштааст, ки ман (сардухтур) бо нафаре аз утоқи корӣ берун баромада, ӯро пурсидаам, ки «шумо кистед ва чӣ кор доред?». Бале, аз ҳар касе, ки ба қабули ман ояд, ҳатман пурсон мешавам, ки бо кадом мақсад назди ман омадааст. Ба хонаи шумо ягон нафар ояд, магар аз ӯ намепурсед, ки бо кадом мақсад омадааст?
Чун худашонро муаррифӣ кардаанд ва ман донистаам, ки хабарнигоранду барои мусоҳиба омадаанд, гӯиё эшон мушоҳида намудаанд, ки аз шунидани ин суханон ба ғазаб омадаам. Ман дар соҳаи тиб аз духтури одӣ, муовини сардухтур то курсии сардухтурӣ солҳои тӯлонӣ фаъолият дорам, инчунин дар беморхонаи вилоятӣ аз соли 2014 кор мекунам. Агар дар фаъолияти кориям бо журналистон муомилаи хуб намедоштам, кайҳо дар рӯзнома ва шабакаҳои телевизионӣ бо мақолаву барномаҳои танқидӣ шинохта мешудам. Сардори Раёсати тандурустӣ дар як маҷлис ба табибон супориш дода буд, ки сардухтурони беморхонаҳо танҳо бо иҷозати Раёсати тандурустии вилояти Хатлон бо хабарнигорон мусоҳиба кунанд. Ман дастури сардори Раёсатро иҷро кардам.
Дар шаш моҳи соли равон беш аз 20 маротиба фаъолияти беморхона дар шабакаҳои телевизионии кишвар инъикос шудааст. Дар рӯзномаҳои давлатӣ ва мустақил низ мақолаҳо дар хусуси беморхонаи мо ба табъ расидаанд. Дар фаъолияти кориям барои маълумот додан ба хабарнигорон, то дастури Раёсати тандурустиро гирифтан, ман ҳеҷ гоҳ мусоҳиба бо журналистонро рад накардаам. Хабарнигор мушоҳида кардааст, ки ман дағалона рафтор намудам. Оё ӯ далелҳои исботкунанда дорад?
Тибқи моддаи 63-и Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кардаам, ки вориси сазовори олим ва табиби бузург Абӯалӣ ибни Сино бошам ва дар тамоми фаъолияти худ аз рӯи меъёрҳои умумибашарӣ амал кунам. Қавл медиҳам, ки ба ин савганд умрбод содиқ бошам.
Алихон НУРАЛИЕВ, табиби дараҷаи олӣ, дорандаи нишони «Шафқат», Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
P.S. Мутаассифона, вақтҳои охир аз ҷониби баъзе шахсони масъул анъана шудааст, ки зимни ҷавоб гардонидан ба мақолаҳои танқидӣ камбудию нуқсони дар маводи танқидӣ нишондодашударо сарфи назар намоянд.
Гарчанде Алихон Нуралиев кӯшиш кардааст, ки навиштаҳои мақоларо рад намояд, вале як ҳақиқатро инкор карда натавонистааст. Ҳақиқат ин аст, ки хабарнигори рӯзномаро қабул накардаю барояш маълумоти заруриро пешкаш накардааст. Тарзе худи ӯ иқрор намудааст, сардори Раёсати тандурустӣ дар як маҷлис ба табибон супориш дода будааст, ки сардухтурони беморхонаҳо танҳо бо иҷозати Раёсати тандурустии вилояти Хатлон бо хабарнигорон мусоҳиба кунанд: «Ман танҳо дастури сардори Раёсатро иҷро кардам», — мегӯяд ӯ.
Аз ин ҷавоб бармеояд, ки Алихон Нуралиев дастури сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлонро иҷро намуда, моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»-ро ба инобат нагирифтааст, ки дар он омадааст: «Васоити ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо ба воситаҳои ахбори омма маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд».
Ҳамин тариқ, дар ҷавоби пешниҳодкардааш Алихон Нуралиев ду маротиба эътироф кардааст, ки ӯ дастури Раёсати тандурустиро иҷро кардааст, на муқаррароти қонуни дар боло зикршударо.