Мулоҳиза

Автобусҳои пештараи хатсайри «се» куҷо шуданд?

№107 (3744) 07.09.2017

КоллажжжТаътили тобистона ҳам ба зудӣ сипарӣ шуду соли нави таҳсил фаро расид. Аммо соли нави таҳсил бо мушкилоти куҳнааш омад. Зеро якуми сентябр ҳазорон нафар муҳассили макотиби таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёну омӯзгорон муддати тӯлонӣ  нақлиёти мусофиркашро интизор шуданд. Азбаски он рӯз дар мамлакат ҳамзамон иди Қурбон таҷлил гардид, қисми зиёди ронандагони микроавтобусҳо истироҳат намуданд. Бинобар ин донишҷӯёну муҳассилини зиёде ба дарси якум дер карданд. Рӯзи чоруми сентябр низ вазъи мусофиркашонӣ дар пойтахт чандон хуб набуд. Алалхусус, аз соати 7 то 9- и субҳ норасоии нақлиёт сахт эҳсос мешуд. Зеро ҳам оғози дарсҳо ва ҳам вақти кории тамоми корхонаю муассисаҳо ба соати 8-и субҳ рост меояд. Аз ин рӯ, ҳама кӯшиш мекарданд, ки ба ҷойи кору таҳсилашон сари вақт рафта расанд.

То омадани автобусҳои мусофиркаши истеҳсоли Туркия дар хатсайрҳои №3 ва 1 автобусҳои тамғаи «ЛуАЗ»- и Федератсияи Россия ва истеҳсоли Хитой ҳаракат  мекарданд. Ҳоло автобусҳои сабзранги пештара ба истиснои хатсайри 8 ва 18 дар дигар  самтҳо ба назар намерасанд. Хуб мешуд, ки мутасаддиён автобусҳои пештараи  бекормондаро иловагӣ ба хатсайри №8 ҳамроҳ намоянд. Инчунин, барои хатсайри №13 илова ба микроавтобусҳо автобусҳои бекормондаро ба мусофиркашӣ ҷалб кунанд. Зеро субҳ аз соати 7 то 9 ва пас аз нисфирӯзӣ аз соати 16 то 18 ёфтани ин микроавтобусҳо мушкил мешавад. Ронандагон мошинҳояшонро аз бозори «Балх» пур карда, баъд ҳаракат мекунанд. Мусофирони нимаи роҳ бошанд, ба онҳо савор шуда наметавонанд. Бинобар ин, пеш аз соатҳои ба кору таҳсил рафтани  мусофирон ҳаракат кардани  автобусҳо мушкилоти мардумро то андозае ҳал мекунад.

Ба андешаи ин ҷониб қарори соати 730 оғоз шудани дарсҳо дар макотиби олӣ дуруст буд. Ин иқдом барои аз овони донишҷӯйӣ ба саҳархезӣ одат кардани ҷавонон мусоидат мекард. Дар замони шӯравӣ вақти «тирамоҳӣ»-и Тоҷикистон, ки аз якуми сентябр оғоз мешуд, аз вақти имрӯзаи мо як соат пеш буд, яъне аз якуми октябр то 31 март соати 8- и субҳи  онвақта ба соати 7- и имрӯза рост меомад. Аз якуми апрел то 30 сентябр бошад, тамоми ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба вақти «тобистона» мегузаштанд. Он гоҳ соати 8-и субҳ ба соати 6- и имрӯза рост меомад. Мо ҳамон вақт соати 6 бо садо додани гимн аз радиои панҷсӯма аз хоб бармехестем, ки бо вақти имрӯза соати 4- и субҳ мешавад.  Баҳузур  ношто карда, ба ҷойи кору таҳсиламон мерасидем.

Субҳхезӣ тибқи ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с)  баракат дорад. Хоби саҳар (то дамидани офтоб) бошад, боиси  камшавии ризқу рӯзӣ мешавад. Чунончӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ  фармудаанд:

Эй  камарбаста, касби рӯзиро

Субҳхезӣ далели фирӯзист.

Баҳри хоби саҳар чашм  мабанд,      

З- он ки ин хоб монеи рӯзист.

Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки дар баробари зиёд кардани теъдоди автобусу троллейбусҳо  оғози дарсҳоро чун пештара дар мактабҳои олӣ ба соати 730 гузаронанд. Ин, аз як тараф, боиси саҳархезии донишҷӯён шавад, аз тарафи дигар, танбашавии роҳҳоро кам ва мушкилоти мусофиркашониро то андозае осон мегардонад.

С. АМИНИЁН,

«Садои мардум»