Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзномаи «Жэнмин жибао»
Хитой, чоруми сентябри соли 2017
Қабл аз баргузории ҳамоиши навбатии БРИКС дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба саволҳои рӯзномаи «Женмин жибао» ҷавоб доданд.
«Жэнмин жибао»: — Хитой барои ҳамкории ошкорову самимӣ таҳти шиори «БРИКС+» баромад карда, муколамаи кишварҳои аъзои БРИКС-ро бо дигар кишварҳои иқтисодиёташон рӯ ба инкишофбуда дастгирӣ мекунад. Дар ҳамоиши навбатӣ кишварҳое даъват шуданд, ки иқтисодиёташон дар ҳоли ташаккул мебошад, аз ҷумла Тоҷикистон. Шумо ин ташаббуси Хитойро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва аз муколама бо кишварҳои БРИКС чӣ натиҷаҳоро мунтазиред?
Эмомалӣ Раҳмон: — Ташаббуси Хитой барои ташкил намудани муколама байни кишварҳои аъзои БРИКС ва кишварҳои иқтисодиёташон рӯ ба рушдбуда лоиқи дастгирии ҳамаҷониба мебошад. Боварӣ дорам, муколамаи мазкур, ки ба мақом, моҳият ва муттаҳидии БРИКС эътимоди хоса мебахшад, ҳамчун заминаи устувор баҳри роҳандозӣ кардани ҳамкории мутақобила, созанда, манфиатовар, таъмини амният ва субот, рушди бомароми иҷтимоӣ-иқтисодии кишварҳои гуногун дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои нав хизмат мекунад. Маҳз ҳамин гуна натиҷаҳоро мо аз ҳамоиши навбатӣ мунтазир ҳастем. Ҳамчунин мо умед дорем, ки вобаста ба натиҷаи мулоқотҳо роҳҳои босамари мубодилаи таҷрибаро ҷиҳати амалӣ кардани стратегияи миллии рушд, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист, рушди «иқтисоди сабз», ҳавасмандгардонии тиҷорат, сармоягузорӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва бештар намудани муколамаи байни доираҳои иқтисодии кишварҳоямон муайян мекунем.
«Жэнмин жибао»: — Ҳамкорӣ дар доираи ҳамоиши БРИКС чӣ тавр метавонад муносибатҳои байни Хитой ва Тоҷикистонро ба сатҳи нав бардорад?
Эмомалӣ Раҳмон: — Иштироки Тоҷикистон дар Ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои БРИКС, ки дар ҳоли рушди иқтисодии рӯзафзун қарор дошта, дорои захираҳои фаровони табиӣ мебошанд, барои таъмини некуаҳволии халқҳо аҳамияти хоса дорад.
Мо боварӣ дорем, ки истифодаи чунин имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ, аз ҷумла бо созмони БРИКС, бешубҳа, барои муносибатҳои дуҷонибаи мо ҷиҳати тақвияти бештар ва минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобила, афзун намудани тиҷорат ва сармоягузорӣ, таъмини рушди босубот ва баланд бардоштани некуаҳволии халқҳоямон таъсири мусбат мебахшад.
Илова ба ин, ҳамкории мо дар доираи БРИКС ҷиҳати дар якҷоягӣ татбиқ намудани барнома ва лоиҳаҳое, ки барои ҳавасмандгардонӣ ва истифодаи шаклҳои устувори истеҳсолоту истеъмол равона шудаанд, барои ворид кардани технологияҳои нав дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт, ҳифз ва истифодаи дурусти захираҳои табиӣ мусоидат карда метавонад.
«Жэнмин жибао»: — Шумо боз бо Раиси ҶХХ Си Ҷинпин мулоқот мекунед. Дар мулоқоти навбатӣ Шумо кадом масъалаҳоро баррасӣ менамоед ва аз натиҷаҳои он чиро интизоред?
Эмомалӣ Раҳмон: — Пеш аз ҳама, мехоҳам таъкид намоям, ки эътимоди сиёсӣ ва ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистон ва Хитой ба сатҳи бесобиқа — олӣ расиданд. Ба ин, пеш аз ҳама, сафарҳои мунтазам ва мутақобилаи ҷонибҳо дар сатҳи олӣ мусоидат карданд. Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой моҳи сентябри соли 2014 ба Душанбе ба ҳамкориҳои амалии Тоҷикистону Хитой дар ҳамаи самтҳое, ки ҳам ба манфиати мардумони мо ва ҳам ба манфиати таъмини сулҳу субот дар минтақа равона шудаанд, бешак, такони ҷиддӣ бахшид.
Ман хеле шод ҳастам, ки бо сафари ҷавобии давлатӣ, бо даъвати дӯстам, ҷаноби Си Ҷинпин дар Хитой қарор дорам. Гуфтушунидҳо дар Пекин, ки ман боварии комил дорам дар фазои барои муносибатҳои дуҷонибаи мо хос, яъне дар фазои форам ва дӯстии самимона баргузор мешаванд, барои мо имкониятҳои беҳтареро ҷиҳати баҳо додан ба натиҷаҳои рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Хитой дар давоми солҳои охир фароҳам оварда, вазифаҳои навро барои тақвият додани шарикии стратегии мо муайян месозад. Рафти татбиқи шартномаҳои дуҷонибаро мавриди муҳокима қарор дода, чорабиниҳои якҷояро, ки баҳри амиқ намудани шарикии Тоҷикистону Хитой дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ – сиёсат, тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мудофиа ва амният, фарҳанг, маориф ва рушди муносибатҳои байниминтақавӣ равона шудаанд, мувофиқа мекунем.
Бо ин мақсад санадҳои нави байнидавлатӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида мешаванд.
Тоҷикистон, тавре ки маълум аст, яке аз аввалинҳо шуда, Меморандум оид ба татбиқи якҷояи ташаббуси роҳбари Хитой «Як камарбанд, як роҳ»-ро имзо кард ва мо умед дорем, ки дар рафти гуфтушунидҳо, ҳамчунин роҳҳои дар якҷоягӣ бо ҳамдигар дар амал татбиқ кардани ин ташаббуси таърихии Хитой ва «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Чунин тарзи ҳамкорӣ, бешубҳа, барои ҳамалоқамандӣ ва тараққиёти якҷояи кишварҳо мусоидат мекунад.
Ғайр аз ин, кишварҳои мо дар арсаи байналмилалӣ бо ҳам муносибатҳои зич дошта, якдигарро дастгирӣ мекунанд, хусусан дар масъалаҳое, ки барои ҳар ду кишвар манфиатовар мебошанд. Бинобар ҳамин, мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ дар рафти гуфтушунидҳои мо дар назар дошта шудааст.
«Жэнмин жибао»: — Мавқеи Тоҷикистон нисбат ба ташаббуси ҷониби Хитой «Як камарбанд, як роҳ» чӣ гуна аст? Дар доираи он кадом барномаҳо ва лоиҳаҳои якҷоя амалӣ карда мешаванд?
Эмомалӣ Раҳмон: - Ҳоло мо, якҷоя бо шарикони сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати амалӣ кардани як қатор лоиҳаҳои азими инфрасохтории аҳамияти минтақавидошта кор карда истодаем. Мо ҳамеша, ҳама гуна ташаббусҳои созандаро, ки ба рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии минтақавӣ дар асоси манфиатҳои ҳамдигарӣ равона шудаанд, дастгирӣ мекардем ва мекунем.
Бинобар ин, мо ба ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Ҷинпин «Як камарбанд, як роҳ», ки барои ҳалли ҳадафҳои стратегӣ таҳия ва якҷоя амалӣ кардани барномаҳои рушди иқтисодии мо равона шудааст, баҳои баланд медиҳем.
Тоҷикистон дар чорроҳаи Осиё қарор дорад ва метавонад пайвандгари Хитой бо дигар кишварҳои ҳамсарҳади минтақа бошад.
Бешубҳа, яке аз шартҳои асосии стратегияи рушди некуаҳволии мардумон ба таври устувор ва муназзам фаъолият доштани сохтори босуботи нақлиёти миллӣ ва минтақавӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани роҳҳои мошингузар ва дигар инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон, мубаддал гардонидани кишвари мо ба кишвари транзитӣ як зумра лоиҳаҳои дахлдор амалӣ шуда истодаанд.
Дар ин маврид, Тоҷикистон ҷиҳати бештар намудани муносибатҳои мутақобилаи минтақавӣ, аз ҷумла, бо роҳи бунёд кардани долонҳои нақлиётӣ, ки кишварҳои моро бо дигар мамлакатҳои минтақа мепайванданд, ҳамеша омодаи ҳамкорӣ мебошад, ки ин, дар навбати худ, барои такон додан ба ҷараёни рушди иқтисод ва боло бурдани сатҳи некуаҳволӣ мусоидат мекунад.
«Жэнмин жибао»: — Оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният. Зимни мубориза ба муқобили «се неруи бадӣ» — интиқоли маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ кадом хатарҳо рӯ ба рӯ бо кишварҳои мо истодаанд? Шумо ба ҳамкориҳои минбаъдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Хитой ва Тоҷикистон чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Эмомалӣ Раҳмон: — Тоҷикистон ва Хитой якдилона чунин мешуморанд, ки «се қувваи бадӣ» — интиқоли маводи мухаддир, ҷиноятҳои кибернетикӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ барои амният ва суботи ду кишвар ва дар умум, минтақа хатар доранд. Барои мубориза ба ин хатарҳо ва бартараф намудани онҳо мо омодаем ҳамкориҳо байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тақвият бахшем, ҳамчунин муколама ва муносибатҳои кори байни идораҳои дахлдорро амиқ намоем.
Дар ин самт мо лоиҳаҳои якҷояро оид ба тақвият додани имкониятҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла омода намудани кадрҳо, баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ба муқобили терроризми байналхалқӣ ва дигар хатарҳои минтақавӣ мунтазам пешниҳод мекунем. Бо ин мақсад мо азм дорем, ки фаъолияти гурӯҳҳои кории байниидоравиро тақвият бахшем ва роҳҳои амалӣ кардани ҳамкории кишварҳоро дар ин самт беҳтар намоем.
Бояд гуфт, ки ҳамкории мо бо ҷониби Хитой дар бахши таъмини амният ҳам дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар заминаи алоқаҳои бисёрҷониба пеш бурда мешаванд. Боварӣ дорем, ки танҳо бо ҳамин роҳ дар кори таъмин намудани амнияти умумӣ ба муваффақиятҳо ноил шудан мумкин аст.
www.president.tj