Судҳои иқтисодӣ — самараи Истиқлолияти давлатӣ

№108 (3745) 09.09.2017

DSC_0306Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи миллати  тоҷик   дастоварди  бузург  ва  нодир аст, ки дар охири асри ХХ ба даст омад. 9 сентябри  соли  1991  ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии   Тоҷикистон дар  саҳифаи  таърихи   халқи  тоҷик  бо  хатти заррин сабт шуд. Ин санаи муҳим барои  муайян  намудани самтҳои тараққиёт ва  пешрафти ҷомеаи  демократӣ заминаи воқеӣ гузошт. Рӯзи эълони Истиқлолият барои мардуми  Тоҷикистон ҳамчун рӯзи барқарории адолати таърихӣ, нишонаи ҳувият, шикастнопазирии миллат ва эҳёи давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо заҳматҳои зиёд ва талошҳои пайгиронаашон сохторҳои фалаҷшудаи давлатиро аз нав эҳё намуданд ва бо ин роҳ ба сохтмони ҷомеаи навин оғоз бахшиданд.

Аввалин маротиба дар  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судӣ ҳамчун  як   шохаи  мустақили  ҳокимияти  давлатӣ  эътироф ва вазифаҳои  он  ба  тариқи  конститутсионӣ  муқаррар гардид. Аз тарафи давлат кафолат додани ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзиши олӣ эътироф намудани  инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он  ба тариқи конститутсионӣ муайян карда шуданд, ки ин ба фаъолияти  ҳокимияти судӣ зич алоқаманд аст. Мувофиқи  моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҳуқуқу  озодиҳои  инсон ва шаҳрванд  ба  воситаи  Конститутсия, қонунҳои  ҷумҳурӣ ва  санадҳои  ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи  Тоҷикистон  эътироф  шудаанд, ҳифз мегарданд.6 ноябри  соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки он Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба тариқи конститутсионӣ ба расмият даровард. Мувофиқи моддаи 1-уми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва  ягона  эътироф карда шуд.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд  бевосита  амалӣ мешаванд. Онҳо  мақсад, мазмун  ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти  ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян  мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин  мегарданд».

Маҳз бо эълон намудани Истиқлолияти давлатӣ ба мақомоти судӣ ҳамчун сохтори калидӣ дар масоили риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аҳамияти махсус дода шуд. Бо қабули аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ ҳокимияти давлатӣ ба се шоха – қонунгузор, иҷроия ва судӣ таҷзия гардид.

Чунин тақсимоти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ метавон гуфт, ки оғози ислоҳоти судиву ҳуқуқиро дар кишвар асос гузошт.

Азбаски дар таҷрибаи байналмилалӣ ва давлатҳои мутараққии ҷаҳон нақши суд дар иҷрои уҳдадориҳои давлат дар самти риояи ҳуқуқи инсон ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад, Тоҷикистон низ бобати ҳифзи ҳуқуқи инсон ба василаи мустаҳ­камгардонии мавқеи мақомоти судӣ чораҷӯйиҳои муассиреро роҳандозӣ намуд.

Аз ин ҷост, ки дар баробари қонунҳои соҳавии дигар соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расиданд ва дар низоми судӣ судҳои ҳарбӣ, конститутсионӣ таъсис ёфта, арбитраж ба Суди иқтисодӣ табдил дода шуд.

Ҳамзамон, ҳамчун давлати соҳибистиқлол ва узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии асосии байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро ба имзо расонид. Тибқи моддаи 10 Конститутсия чунин санадҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ эътироф карда шуд. Ба ибораи дигар, Тоҷикистон ба раванди ҷаҳонишавӣ шомил гардида, қоида ва тартиби сатҳи баланди риояи ҳуқуқи инсонро ба уҳда гирифт.

Ҳанӯз 16 апрели соли 2005  дар Паёми  Президенти  мамлакат ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  самтҳои  асосии  сиёсати  дохилӣ  ва  хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» омада буд: «Дар робита  ба  нақш  ва  мавқеи ҳокимияти   судӣ  таъкид  бояд  кард, ки  саҳми  ин  шохаи  ҳокимият ба  сифати  рукни  мустақил дар  барпо  намудани  давлати демократии ҳуқуқбунёд  хеле муҳим аст».

Пешвои миллат ба нақши мақомоти судӣ ҷиҳати мустаҳкам кардани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, 14 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.

23 июни соли 2007 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2010» тасдиқ карда шуд. Дар раванди иҷрои  ин барнома, кодексу қонунҳои  нав қабул ва сохторҳои нави  судӣ, ба монанди  коллегияҳои  маъмурӣ  ва оилавӣ  ташкил гардиданд. Баъдан, дар  заминаи Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2011 — 2013» таҳия гардид, ки бо Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи  соли 2011 тасдиқ карда шудааст. Барномаҳои мазкур масъалаҳои таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои  қонунии давлат, ташкилоту муассисаҳо ва  ғайраро ба хотири рушду нумӯи   Тоҷикистони соҳибистиқлол дар бар мегиранд.

Дар доираи ин барномаҳо ҷиҳати таъмини мустақилияти судяҳо муҳлати ваколати онҳо аз панҷ ба даҳ сол тамдид ва марҳила ба марҳила маоши вазифавиашон баланд гардид. Ин раванд имрӯз низ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дорад.

Ҳамчунин, дар ин раванд ҷиҳати баланд бардоштани донишу малака ва сатҳи касбии судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодӣ аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон тадбирҳо андешида шуданд. Чунончӣ, охири ҳар моҳ барои кормандони судҳои иқтисодӣ машғулиятҳои семинарӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо камбудӣ ва мушкилиҳои ҷойдоштаи фаъолияти судҳо оид ба татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ, сабабҳои бекоркуниву тағйирёбии санадҳои судӣ, риояи дақиқи қонунҳои амалкунанда, дар муҳлати муқаррарнамудаи қонун баррасӣ намудани парвандаҳои судӣ, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ ва дигар ҳолатҳои коррупсионӣ муҳокима мегарданд.

Бобати таъмини шаффофияти фаъолияти судҳо, дастрасии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо сомонаҳои Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои поёнии он дар шабакаи интернетӣ фаъол гардонда шудаанд, ки маводи ба онҳо воридшуда сари ҳар чанд вақт мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба судҳо дастурҳои мушаххас дода мешаванд. Вале қайд намудан бамаврид аст, ки бинобар ҷой доштани духӯрагии қонунгузорӣ иҷрои воқеии санадҳои судӣ дар амалия ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ қарор надорад. Тибқи қонунгузории амалкунанда иҷрои қарорҳои алоҳида ба салоҳияти иҷрочиёни суд, қисме аз онҳо ба суд, мақомоти андоз ва ғайра вогузор гардидааст. Ба андешаи мо таъмини иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ бояд такмил дода шавад.

Боиси тазаккур аст, ки масъалаи мазкур дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) низ таъкид гардид ва андешидани тадбирҳо доир ба механизми самараноки таъмини иҷрои қарорҳои судӣ вазифагузорӣ карда шуд. Ҷиҳати иҷрои дастурҳои Паём ва бартарафсозии мушкилоти дар амалия мавҷуда судҳои иқтисодӣ таклифҳои мушаххаси худро ба гурӯҳи кории фаъолиятдошта манзур намуданд.

Дар маҷмӯъ, новобаста аз ин гуна камбудиҳои ҷузъӣ, дар даврони соҳибистиқлолӣ мақомоти судии кишвар ба мазмуни воқеии шохаи мустақили ҳокимият ноил гардид ва тадриҷан, зина ба зина, бо таҳкими қонунгузории соҳа ва амалӣ гардидани чорабиниҳои дар Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ пешбинигардида рушду такомул меёбад.

Имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаободию саодатмандӣ, сарбаландиву осоиштагӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мост, ки маҳз бо шарофати он дар тамоми соҳаҳо — сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маданию фарҳангӣ ва ғайра ба дастовардҳои зиёд ноил гардидем.

Итминони комил дорем, ки мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат ҷашни 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ботантана қайд намуда, ба комёбиҳои нав ба нав соҳиб мегарданд. Бигузор диёри ҳамешабаҳори тоҷикон доимо обод, халқи шарифи Тоҷикистон хурраму шод ва дар Ватани маҳбубамон сулҳу салоҳ, тинҷию амонӣ, бахту саодат ҳукмрон бошад!

М. ҚАЛАНДАРЗОДА,
раиси Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон