Номаҳои шодбошӣ

№109 (3746) 13.09.2017

Ба ифтихори 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои молиявию ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.

Аз ҷумла, дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шуморо бо ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Муносибатҳои Россия ва Тоҷикистон дар рӯҳияи иттифоқӣ ва шарикии стратегӣ бомуваффақият рушд мекунанд. Муколамаи созандаи сиёсӣ ва ҳамкории судманд дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, илму техника, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо ба роҳ монда шудааст. Москва ва Душанбе дар ҳалли масоили мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамкории самаранок доранд.

Итминон дорам, ки мо бо талошҳои муштарак тақвияти минбаъдаи маҷмӯи робитаҳои шарикии миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоем. Ин, комилан ҷавобгӯйи манфиати мардумони дӯсти мо аст ва дар маҷрои таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ ҷараён дорад.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият, инчунин ба тамоми ҳамватанонатон – сулҳ ва некуаҳволӣ таманно дорам».

Си Ҷинпин — Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой дар номаи табрикотии худ  чунин менависад:

«Ҷаноби Олӣ!

Иҷозат фармоед аз номи мардуми Хитой ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёт изҳор намоям.

Дар давоми 26 соли истиқлолият таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва рушди босуръати иқтисодӣ ба назар мерасад, сатҳи зиндагии мардум ба таври назаррас беҳтар мешавад, нуфуз дар корҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баръало боло меравад. Ҷониби Хитой аз ин самимона хушҳол аст.

Чанде пеш Шумо ба Хитой сафари давлатиро бомуваффақият анҷом додед ва дар Муколамаи кишварҳои БРИКС ва панҷ кишвари рушдёбанда иштирок кардед.

Мо бо Шумо музокироти судманд анҷом додем, якҷоя ба сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба баровардани муносибатҳои дуҷонибаамонро эълон доштем ва доир ба тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун созишномаҳои муҳим ба имзо расонидем. Ман ба рушди муносибатҳои Хитой ва Тоҷикистон аҳамияти бузург медиҳам ва омодаам, ки якҷоя бо Шумо талошҳои муштаракро, ки ба таҳкими дастгирии мутақобила ва тавсеаи ҳамкорӣ дар сохтмони «Як камарбанд ва як роҳ» ба манфиати кишварҳо ва мардумонамон равонаанд, ба роҳ монам.

Ба кишвари Шумо шукуфоӣ ва қудрат, ба мардуми тоҷик хушбахтӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам».

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар барқияаш гуфтааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент!

Табрикоти самимии маро ба шарофати таҷлили Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, бипазиред.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико яке аз аввалин давлатҳое буд, ки Истиқлолияти Тоҷикистонро соли 1991 эътироф намуд ва мо истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро собитқадамона дастгирӣ менамоем.

Дар арафаи 26-умин ҷашнвораи Истиқлолияти давлатӣ мо интизори шарикии бардавом ва ҳамкории судманд мебошем, ки ба манфиати ҳар ду давлат ва минтақа равона шудааст.

Ман беҳтарин таманниёти худро ба мардуми Тоҷикистон дар ин рӯз изҳор менамоям».

Президенти Федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия Франк-Валтер Штайнмайер чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Президент!

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва ба халқи тоҷик аз номи худам ва аз номи ҳамватанонам табрикоти самимӣ ирсол медорам.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон, Ҷумҳурии Федеративии Германия бо таваҷҷуҳи зиёд рушди кишвари Шуморо мушоҳида мекунад ва чун шарики муҳим ҳамроҳӣ менамояд. Тайи 25 соли истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямон ҳамкории мо дар соҳаҳои мухталиф боэътимод густариш ёфтааст. Ман аз вохӯрӣ бо Шумо дар соли гузашта, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ниҳоят  хушҳолам.

Бо истифода аз ин фурсат, изҳори итминон менамоям, ки минбаъд низ кишвари Шуморо дар раванди рушди демократия, бозории иқтисодиёт ва волоияти қонун дастгирӣ мекунем.

Ба Шумо сиҳатмандиву комёбиҳои навин ва ба мардуми бародари Тоҷикис­тон сулҳ ва саодату пешрафт таманно дорам».

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Аз номи мардуми Ӯзбекистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми бародари Тоҷикистонро бо ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти кишвар самимона шодбош мегӯям.

Дар давраи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар ҳамаи соҳаҳо ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуд. Азнавсозии сох­тор ва ислоҳоти иқтисодӣ муваффақона анҷом ёфт ва нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ муттасил таҳким меёбад.

Бо қаноатмандии амиқ мехостам рушди мунтазами мушоҳидашавандаи робитаҳои дуҷониба ва тақвияти алоқаҳоро миёни кишварҳоямон дар сатҳҳои гуногун, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту алоқа ва фарҳангу гуманитарӣ, махсус зикр намоям.

Таъкид менамоям, ки мо дар Ӯзбекис­тон ба таҳким ва тақвияти муколамаи эътимоднок ва созанда доир ба кулли рӯзномаи ҳамгироӣ азми қавӣ дорем ва омодаем, ки якҷоя иқтидори мавҷуда ва тамоми имконоти ҳамкории бисёрҷанбаро амалӣ намоем.

Итминони комил дорам, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки бар принсипҳои устувори анъанавии ҳамҷавории нек ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн асос ёфтаанд, минбаъд низ мунтазам ва босубот ба манфиати мардумони ду кишвар таҳким меёбанд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушии оилавӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон ҳама гуна комёбиҳо, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ, осоиш ва некуаҳволӣ таманно дорам».

Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Ходими Ҳарамайни Шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд дар номааш гуфтааст:

«Бародари муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон! Худованд ҳифзатон кунад.

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Боиси хушнудист, ки Шуморо ба муносибати солгарди Рӯзи истиқлолияти кишваратон аз номи миллат ва ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод менамоям.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию саодатмандии бардавом ва ба мардуми ба мо бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоии бештар орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шуморо бо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимона шодбош мегӯям.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикис­тон дар рушди миллӣ, тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва таҳкими мавқеи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Итминон дорам, ки ҳадафмандии мутақобила барои тақвияти муносибатҳои дӯстонаю боэътимоди Беларус ва Тоҷикистон бо такмил додани муколама тавассути намунаи нави ҳамкории судманд ва муфид минбаъд низ устувор мегардад.

Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар вазифаи пурмасъулатон комёбиҳо, инчунин ба мардуми Тоҷикистон сулҳ ва некуаҳволӣ таманно дорам».

Нурсултон Назарбоев — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон зимни табрикоти худ овардааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии ман ва мардуми Қазоқистонро ба муносибати ҷашни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолият бипазиред.

Имрӯз Тоҷикистон ба қуллаҳои баланд расида, узви бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.

Итминон дорам, ки муносибатҳои дуҷонибаи анъанавии дӯстонаи мо, ки бар эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтаанд, минбаъд низ ба манфиати мардумонамон рушд меёбанд.

Бо истифода аз ин фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, инчунин ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ ва некуаҳволӣ орзумандам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон чунин омадааст:

«Ҷаноби Президент!

Ба муносибати Ҷашни миллии Тоҷикис­тон ба Шумо ва ба мардуми тоҷик сулҳ, саодатмандӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам.

Мехоҳам хоҳиши бо дастгирии Шумо минбаъд рушд додани муносибатҳои боэътимод ва дӯстонаро, ки кишварҳоямонро муттаҳид месозанд, изҳор намоям. Ман ҳамчунин аз дурнамои умедбахши соҳаи ҳамкории иқтисодӣ миёни Франсия ва Тоҷикистон истиқбол мекунам.

Хоҳишмандам, Ҷаноби Президент, эҳтиромоти фоиқаи маро бипазиред.

Рам Натҳ Ковинд — Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Ҷаноби муҳтарам!

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҳиндус­тон ва инчунин аз номи худам, Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро бо Рӯзи истиқлолият табрику муборакбод менамоям.

Муносибатҳои мо аз эҳтироми мутақобила, ҳамоҳангии манфиатҳо ва шабеҳияти фикру ақидаҳо оид ба аксарияти масъалаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ асос меёбанд. Инчунин, соли ҷорӣ 25-солагии таъсисёбии муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвари мо қайд карда мешавад.

Ҳиндустон ва Тоҷикистон шарикони боэътимод дар таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодӣ барои мардуми кишварҳо мебошанд. Ман бовар дорам, ки кӯшишҳои муштараки мо шарикии стратегиамонро васеъ хоҳанд кард ва моро ба ояндаи хушбахту бехатар, озод аз радикализм, экстремизм ва терроризм оварда мерасонанд.

Фурсатро истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатию хушбахтӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон некуаҳволӣ, пешрафти минбаъда ва шукуфоиро таманно менамоям.

Ҷаноби муҳтарам, фурсатро ҷиҳати изҳори ғояти эҳтироми худ ба шумо ғанимат медонам».

Президенти Ҷумҳурии Полша Анджей Дуда дар номаи шодбошии худ ба Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент!

Ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи Полша ва шахсан аз номи худам ба Шумо ва тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ирсол медорам.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давлати соҳибистиқлол, дар таҳкими суботи минтақавӣ ва тартиботи байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Талошҳои давлатӣ, ки ба таъмини амният дар Осиёи Марказӣ, таҳкими ҳамкории дуҷониба байни кишварҳои минтақа, инчунин ба навсозии кишвар ва фароҳам овардани фазои эътимод дар ҷамъият тавассути муколама ва ҳамкорӣ равона шудаанд, метавонанд ба дастгирии Ҷумҳурии Полша умед баста бошанд.

Муҳтарам Ҷаноби Президент, хоҳишмандам таманниёти осоиш ва некуаҳволии кишваратон ва тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, инчунин комёбиҳоро дар рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед».

Подшоҳи Мамлакати Марокаш  Муҳаммади VI зимни табрикоти худ овардааст:

«Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз!

Бо камоли шодмонӣ ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, дар ин фурсате, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи таҷлили Иди миллии худ қарор дорад, самимонатарин табрикотро шахсан аз номи худам ҳамроҳ бо орзуи тандурустӣ ва хушбахтӣ барои Шумо ва пешрафту шукуфоии рӯзафзун барои миллати дӯсти Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо иброз менамоям.

Ҳамчунин, қаноатмандии худро аз риштаҳои мустаҳками бародарии исломӣ, ки мардумони кишварҳои моро ба якдигар мепайванданд ва муносибатҳои ҳар ду кишвари моро дар масири ҳамкории самарабахш ва ҳамбастагии фаъол таҳким мебахшанд, изҳор менамоям. Дар баробари ин, алоқамандии худро ба фаъолияти муштарак ҷиҳати таҳкими муносибатҳо ва тавсеаи ҳамкориҳо, ки ҷавобгӯйи хостаҳои ду миллати бародар мебошанд ва дар мустаҳкамсозии фаъолиятҳои исломии муштарак саҳм мегузоранд, таъкид менамоям.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ ва бародари азиз, волотарин қадршиносии маро пазиро бошед».

Президенти Ҷумҳурии Демок­ратӣ-Сотсиалистии Шри—Ланка – Майтҳрипала Сирисена дар табрикоти худ гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Аз номи Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Демократӣ-Сотсиалистии Шри-Ланка сарфарозам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва орзуҳои некро ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намоям.

Итминон дорам, риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳо миёни ду кишвар, ки зимни ташрифи Шумо, Ҷаноби Олӣ, ба Шри-Ланка эҳё гаштанд, ба манфиати муштарак хоҳад буд.

Бо ибрози ғояти эҳтиром ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатӣ, хушбахтӣ, саодатмандӣ, инчунин ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди минбаъда ва шукуфоӣ орзумандам».

Дар табрику таҳнияти Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ чунин омадааст:

«Бародари азиз, Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон,

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Иҷозат диҳед ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон самимонатарин табрикоти хешро ба муносибати Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, мардуми дӯст ва бародари он кишвар, иброз намоям.

Муштаракоти ғании динӣ ва фарҳангӣ миёни миллатҳои бо ҳам бародари мо равобити дӯстонаи миёни кишварҳои моро тавсеа додааст. Ман аз густариши ҳамкориҳо миёни Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуда, онро ба нафъи миллатҳои мо медонам.

Ман зимни ризоят аз равобити мавҷуд миёни кишварҳои мо орзу дорам ин равобит бо гузашти замон танаввуъ ва таъмини бештар ёбад.

Сиҳат ва муваффақияти Ҷалолатмаоби Шумо саодат ва тараққии мардуми бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи ман аст».

Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн чунин омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Сарфарозам, ки табрикоти самимонаи худро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоям.

Покистону Тоҷикистон дорои муштаракоти деринаи динӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва суннатӣ мебошанд. Сарфарозам, ки қаноатмандии худро аз тақвияти робитаҳо дар тӯли ин солҳо изҳор менамоям ва боварӣ дорам, ки онҳо дар асоси уҳдадориҳои муштарак ҷиҳати густариш ва вусъат ёфтани бештари ҳамкориҳои дуҷониба идома меёбанд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои беназир ва ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳ, пешравӣ ва шукуфоиро орзумандам.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтироми самимии худ ба Шумо ғанимат мешуморам».

Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов дар барқияаш навиштааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Боиси хушнудист, ки ба муносибати Ҷашни миллии кишваратон – Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам.

Итминон дорам, ки сатҳи баланди ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ, ки байни кишварҳои мо ба роҳ монда шудааст, барои рушди рӯзафзуни минбаъда ва таҳкими муносибатҳои мутақобилаи кишварҳоямон ба манфиати мардумонамон заминаи пойдор мегардад.

Бо истифода аз ин фурсат, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо самимона саломатии бардавом, саодатмандӣ ва комёбиҳо орзумандам. Хоҳишмандам табрикоти гарму ҷӯшон ва таманниёти беҳтарини сулҳ ва некуаҳволиро ба мардуми дӯсти Тоҷикистон расонед».

Серҷио Маттарелла — Президенти Ҷумҳурии Италия зимни табрикоти худ овардааст:

«Изоҷат фармоед аз номи худам ва инчунин аз номи мардуми Италия ба муносибати Ҷашни миллӣ табрикоти самимитарини шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ирсол дорам.

Дар соли 25-умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ изҳорӣ умед мекунам, ки робитаҳои судманди мавҷудаи кишварҳоямон баъдан низ дар роҳи таҳкими соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ идома меёбанд. Мутмаинам, ки ин ба шарофати ҳамкории Душанбе ва Иттиҳоди Аврупо дар доираи уҳдадориҳои нави он оид ба таъмини субот, некуаҳволӣ ва рушд дар минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мешавад.

Дар рӯҳияи ин дӯстӣ иҷозат фармоед бори дигар ба Шумо хушӣ ва ба мардуми Тоҷикистон некуаҳволӣ орзу намоям».

Серж Саргсян — Президенти Ҷумҳурии Арманистон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Кишвари Шумо ҳувияти миллӣ ва анъанаҳои беҳамтои худро нигоҳ дошта, роҳи таъмини рушди устувор ва шукуфоии давлат, баланд бардоштани нақши Тоҷикистон дар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро пеша кардааст.

Риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, муносибатҳои эҳтироми тарафайн ва ҳусни таваҷҷуҳи самимии мардумонамон барои тавсеаи мунтазами ҳамкории байнидавлатии дорои иқтидори бузург заминаи пойдор мегарданд.

Сафари расмии моҳи июли соли равон анҷомдодаи Шуморо ба Арманис­тон, ки ба тамоми ҷабҳаҳои ҳамгироии дуҷониба такони муҳим бахшид, бо самимият ёд мекунам. Итминон дорам, ки муколамаи созанда дар сатҳи баланд минбаъд низ ба рушди шарикии Арманис­тон ва Тоҷикистон дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, иқтисоду тиҷорат, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо равона мегардад.

Ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Президент, саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, инчунин ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳ ва некуаҳволӣ орзумандам».

Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чже Ин дар номаи шодбошии худ ба Президенти Тоҷикистон чунин менигорад:

«Ҷаноби Олӣ!

Мехостам ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимии худро изҳор намоям.

Самимона умедворам, дӯстӣ ва ҳамкории мо, ки солҳо дар соҳаҳои гуногун устувор гардидаанд, барои баланд бардоштани ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстии мардумонамон боз ҳам таҳким меёбанд.

Имсол рамзист, зеро ки мо 25-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатии байни кишварҳоямонро таҷлил мекунем. Шуморо аз самими қалб бо ин санаи муҳим табрик менамоям ва итминон дорам, ки муносибатҳои мутақобилаи байни кишварҳоямон бардавом рушд мекунанд.

Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам таманниёти беҳтарини ман — саломатии бардавом ба Шумо ва шукуфоии бепоёнро ба давлати Шумо бипазиред».

Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дай Куанг дар барқияи шодбошии худ қайд менамояд:

«Ҷаноби Олӣ!

Иҷозат фармоед аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам ва аз номи мардуми Ветнам Шумо ва дар шахсияти Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гӯям.

Ветнам ҳамеша ҳодисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад ва аз муваффақиятҳои ноилшудаи Тоҷикистон дар самти рушди кишвар таҳти роҳбарии Шумо хушҳол аст.

Кишварҳои мо соли 2017-ум 25-умин солгарди барпо намудани муносибатҳои дипломатиро таҷлил мекунанд. Изҳори умед мекунам, ки бар асоси натиҷаҳои ноилшуда мо ба хотири таҳким ва рушди муносибатҳои анъанавӣ, дӯстона ва ҳамкорӣ миёни Ветнам ва Тоҷикистон ба манфиати мардумони ду давлат барои сулҳ, некуаҳволӣ дар минтақа ва тамоми ҷаҳон кӯшишҳои муштарак ба харҷ медиҳем.

Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои беназир орзумандам».

Дар табрикоту таҳнияти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев чунин омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Шумо ва кулли мардуми Тоҷикис­тонро аз номи мардуми Озарбойҷон ва шахсан аз номи худам бо Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон – Рӯзи Истиқлолият самимона табрик мегӯям.

Дӯстӣ миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон анъанаҳои бой дорад. Мутмаинам, ки сатҳи баланди кунунии муносибатҳои байнидавлатии мо барои тақвияти ҳамкории мо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ҳамеша заминаи пойдор мегардад.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо саломатии бардавом, дар фаъолиятатон комёбиҳо, инчунин ба Тоҷикистони дӯст сулҳ, шукуфоӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам».

Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дорис Лойтҳард дар барқияаш гуфтааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Ҷашнгирии Иди миллӣ имконияти хеле муносиб барои ман аст, то ба Ҷаноби Олӣ аз номи Шӯрои Федералӣ табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарин барои беҳбудӣ ва шукуфоии кишваратон таҳвил намоям.

Боварии комил дорам, ки эътимоди мутақобила ва дӯстие, ки аз он кишварҳои мо баҳра мебаранд, дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

Хоҳишмандам таҷдиди ғояти эҳтироми маро кабул фармоед».

Номаҳои табрикотӣ, ҳамчунин аз Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон – Алмазбек Атамбоев, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нйето, Президенти Ҷумҳурии Словакия – Андрей Киска, Раиси Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Куба – Раул Кастро Рус, Валиаҳд-муовини раиси Шӯрои вазирон, вазири мудофиаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ – Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун – Абдуллоҳи II ибн ал Ҳусайн, Президенти давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Халифа Бин Зойид Оли Наҳён, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳид Ҳоқон Аббосӣ, Президенти Украина – Пётр Порошенко, Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай – Рашид Олимов, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон –  Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV, Патриархи Москва ва кулли Россия Кирилл, Подшоҳи Шоҳигарии Шветсия Карл XIV Густаф, Императори Ҷопон Акихито, Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр Ван Дер Беллен, Президенти Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа ва дигарон расиданд.

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати ҷашни фархундаи 26-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

www.president.tj