Бо дидани пархоши ду кӯдак гузашта меравем, зеро кӯдак кӯдак аст. Вале дар ҳолати ду мӯйсафедеро барои чизе сари муноқиша дидан дил аз одаму олам мемонад. Шоир Ғаффор Мирзои мутаассир аз ҷанги байни Эрону Ироқ (солҳои 1980 – 1988) ҷонибҳоро ба созиш оварданӣ шуда, бинобар таърихи қадима ва муштарак доштанашон, ин давлатҳоро ба ду пирамарди нуронии ришсафед ташбеҳ медиҳад ва рафторашонро айбу шармандагӣ меномад.
Устод Лоҳутӣ бошад, дар шеъре баҳси форсу арабу туркро дар атрофи ангур ба риштаи назм кашида буд.
Иқдому «ваҳдат»- и аҷиби Эрону Туркия дар мавриди ҳам чун моли муштараки худ сабти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО намудани «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Балхӣ се мисоли болоро ба хотир меорад.
Тибқи иттилои хабаргузории донишҷӯёни Ирон (Исно) ва маълумоти раиси Созмони маркази асноди миллии ин кишвар, Эрон бо тавофуқ бо Туркия «Маснавӣ»-и Мавлавиро чун мероси ҷаҳонии Юнеско ба сурати сабти муштарак қарор додаву баён доштаанд, ки «Мавлоно яке аз нуқоти муштараки фарҳанги Ирон ва Туркия аст».
Сайидризо Солеҳии Амирӣ, мушовири раисҷумҳур ва раиси Созмони асноди Ирон дар бораи сабти ҷаҳонии «Маснавӣ»-и Мавлоно гуфта буд: «Дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи сабт ҳастем, мо ба далели муштаракоти фарҳангӣ ин корро анҷом додем. Ирон ва Туркия муштаракоти фарҳангии зиёд доранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки Мавлавӣ дар Қуния дафн шуда, аммо ба забони форсӣ шеър гуфта, ҳам мо ва ҳам туркҳо шароити сабт доштем, аммо мо ин ҳавзаи муноқишаро ба ҳавзаи ваҳдат табдил кардем».
Афғонистон вазири умури хориҷиаш Салоҳиддин Раббонӣ ва муовини ӯ Насир Аҳмади Андешаро муваззаф кард, ки ин иддаоро ба Анқара ва ба хонум Патришё Мак Филипс, намояндаи ЮНЕСКО дар Афғонистон бирасонанд. Саид Зафар Ҳошимӣ, муовини сухангӯйи Раисиҷумҳури Ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ, аз тариқи Твиттер адибони маъруфи афғонро чун Холид Ҳусейн даъват кард, ки оҷилан дар баргардондани мероси Мавлавӣ ба мардуми худ кумак намоянд: «Хоҳиш мекунам, лобби шавед ва ин ҳарфҳоро паҳн кунед. Румӣ дар Балхи Афғонистон ба дунё омадааст, на дар Туркия ё Эрон».
Волии Балх Ато Муҳаммади Нур дар як нома ба сафири Афғонистон дар СММ қасди Эрону Туркия барои аз худ кардани «ифтихори Балх»-ро «империалистӣ» номид ва хоҳиш кард, ки «бо ироаи эътирози расмӣ нагузоранд, ки мавқеи Балх ҳамчун ватани Мавлавӣ дар феҳрасти ЮНЕСКО сарфи назар шавад».
Ҳамчун як фарди тоҷик ба ҳама даъвоҳои дӯстони афғон розӣ набошам ҳам, ба ҷасорату эътирозашон ҳасад мебарам. Дар Тоҷикистон низ «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхиро бахше аз ифтихороти мероси миллии мардуми тоҷик мешуморанд. Ба гуфти бархе аз донишмандони тоҷик «Балх дар қуруни вусто густураи хеле бузургтар аз ҳудуди вилояти кунунии Балхи Афғонистонро дошт ва марзҳояш водии Вахши Тоҷикистонро ҳам фаро мегирифт». Ба ин далел, ақидае ҳам ҳаст, ки Ҷалолиддини Балхӣ дар водии Вахш дида ба ҷаҳон кушодааст. 19 июли соли 2007 собиқ ноҳияи Колхозобод ба номи Ҷалолиддини Румӣ ва 3 марти соли равон ба Ҷалолиддини Балхӣ иваз карда шуд. Ҳар сол дар Тоҷикистон 30 сентябр ҳамчун Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ноҳия ҳайкали Мавлоноро гузоштаанд, вале боз беҳтар мебуд, агар пайкараашро чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ ва Сино дар шаҳри Душанбе мегузоштанд.
«…ба ҳавзаи ваҳдат табдил кардем!» — гуфтани бародарони эронию туркро хонда, дар тааҷҷуб шудам. Дар сурати эътиқодманди сахти Мавлоно, вориси асари ӯ «Маснавии маънавӣ» будан мебоист онро ҷиддитар омӯхта, ба маънии амиқи мафҳуми Ваҳдат сарфаҳм мерафтанд. Шояд он вақт ваҳдатро дар доираи маҳдуди як – ду нафар тасаввур намекарданд. Бародарони тоҷику афғони худро аз «ваҳдат»-и ташкилнамудаашон берун намемонданд. Баҳс ба вуҷуд намеоварданду душманононро рӯҳбаланд намекарданд.
Ҳорун Ҳакимӣ, сухангӯйи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Афғонистон бошад, 13 июн дар суҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз ҳад гузарондааст. Афғонистон мероси бузурги Мавлоноро бо касе тақсим карданӣ нест: «Мавқеи Ҳукумати Афғонистон ин аст, ки Мавлоно зодаи Балх аст ва мо ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ кишваре иҷоза намедиҳем, ки ҳамчу Мавлоно ифтихори моро дар феҳрасти ЮНЕСКО ба номи худ сабт кунад. Не, мо ҳатто муштаракан намехоҳем. Мехоҳем ба номи Афғонистон сабт шавад. Чунки Мавлоно зодаи Балх буд, Афғонистон дар ҷуғрофиёи Афғонистони кунунист ва ӯ балхист. Вақте балхист, мо кишварҳои дигарро бар асоси иддаояшон шарики ин мероси фарҳангии худ сохта наметавонем».
Гилаи тарафи Афғонистонро фаҳмидан мумкин. Маълум, ки Мавлоно дар Қуния зистаю он ҷо дафн шудааст. Вале дар куҷо ба дунё омадааст? Авлоду аҷдод, миллат доштагист? Дуруст, ки нисфи ҳудуди пештараи вилояти Балх миёни Фархор, вилояти Бадахшони байни Афғонистону Тоҷикистони имрӯза тақсим гардидааст. Вале инсоф кунед, ки тоҷик буд, бо тоҷикӣ навиштааст, дигар чӣ ҷойи баҳс аст? Тамоми форсизабонони дунё эътироф кардаанд, ки забони форсӣ- тоҷикӣ маҳз дар Тоҷикистон назокати худро нигоҳ доштааст, бо вуҷуди тӯли 70 соли ҷудоӣ аз муҳити ҳамзабонҳо. Аҷобат ин аст, ки дар баҳсҳо касе аз миллати Мавлоно ёдовар шудан намехоҳад. Ҳама хуб медонем, ки Афғонистон гуфтанӣ давлат ҳасту афғон гуфтанӣ миллат нест. Сокинони Афғонистон, тоҷик, ӯзбек, пашту,туркман ва ҳоказо, дар маҷмӯъ Афғонистонро ташкил медиҳанд. Зиндаёд булбули Шарқ Аҳмад Зоҳир аслан пашту буд, вале беҳтар аз ҳар форсизабоне месуруд. Ё аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, ки аз Покистон буд, аз бузургтарин суханварони адабиёти форс — тоҷик шинохта шудааст, ки гуфтааст:
Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шакар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.
Дарднок аст, ки аз шуҳрати ҷаҳонии Мавлоно бенасиб мондан намехоҳему аз ҷавҳари фалсафааш бехабарем:
Мо зи Қуръон мағзро бардоштем,
Пӯсти он пеши сагон партофтем.
Мутаассифона, дар замони мо акси ин мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, дар мавриди «Маснавии маънавӣ», ки чунин баҳогузорӣ шудааст:
«Маснавии маънавӣ»- и Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ.
Мувофиқи фармудаҳои Мавлоно амал намекунем. Панду насиҳат, ҳидояту даъватҳояшро дар зиндагӣ арҷ намегузорем. Мавлонои бузург на як ё ду миллат, балки инсониятро дар ваҳдату муҳаббат дидан мехост. Дар ҷаҳони Мавлоно инсон ҷойгоҳи олӣ дошт. Бигӯед, ки дар кадоме аз се давлати муддаӣ хостаҳо, ормонҳои Мавлоно пиёда шудаанду мешаванд?
Дар вазъияти баамаломада салоҳ он аст, ки бидуни ҷанҷолу рақобат ва бо маслиҳату машварати чаҳор давлати номбурда китоби мазкур чун дастоварди муштарак ба феҳрасти ЮНЕСКО пешниҳод шавад. Аз рӯи адолат ҳам ин чаҳор давлат ба ин ҳақ дорад ва набояд қазияи мазкур боиси пайдо шудани ихтилофи навбатӣ гардад, агар дар ҳақиқат ба Мавлонои пеш аз ҳама, мақоми инсонро дар ҷойгоҳи олӣ қарордода ва зидди ҳама гуна низоъҳои динию мазҳабӣ, тараннумгари ваҳдату муҳаббати поки инсонӣ буда, эътиқоду ихлоси самимӣ дошта бошем. Набояд ба тафриқаандозӣ роҳ диҳем. Пайи ҳалли мушкилоти муштарак бошем.Вақти он расидааст, ки барои зуҳури нобиғаҳои нав шароиту замина фароҳам оварем. Хоса, дар замони ниҳоят тезутундшавии авзои сиёсии ҷаҳон, нооромсозиҳои ҳадафмандона дар кишварҳои мусулмонӣ, умуман олами ислом, ҷаҳонишавии фарҳангҳо, муттаҳид гардем, на ҷудо ба сангарҳо. Аз ҳам дур шудани мо, дур шудан аз реша, аз асламон ва наздик шудан ба вартаи нобудист.
«Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст», — таъкид намудааст Мавлоно. Аслан, мансубияти миллӣ, бо кадом забон навиштан чандон муҳим нест, балки ҷавҳари шахс ва асар болотар аст. Аз «Қуръони паҳлавӣ» мағзашро бардошта, кӯшиши аз худ намудани онро на дар ЮНЕСКО, балки дар майна бояд кард.
Мавлоно ҳам бо байте ба ин баҳсҳо дар бораи ба кӣ тааллуқ доштани ӯву осораш барвақт нуқтаи таммат гузоштааст:
Рӯҳ бо илм асту бо ақл аст ёр,
Рӯҳро бо тозиву туркӣ чӣ кор?
Мирзо РУСТАМЗОДА,
«Садои мардум»