Бонги изтироб

Ду мушкили маркази як ноҳия

№113 (3750) 23.09.2017

хо1ё об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем

Шароити табиии ҳар як сарзаминро аз рӯи иқлимаш муайян мекунанд. Ноҳияи Муъминобод аз ҷиҳати захираи оби ошомиданӣ хеле бой мебошад. Чашмаҳои мусаффою обҳои равон ин ноҳияи биҳиштосои  кӯҳистонро шуҳрати хоса мебахшанд.

Мутаассифона, обҳои зулолу чашмасорони ноҳия на ба ҳама дастрасанд. Дар кӯчаҳои маркази ноҳия агар гулӯи раҳгузарон аз ташнагӣ хушк шавад ҳам, ба қадри «ашки булбул» об пайдо карда наметавонанд. Дар биноҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, филиалҳои ҶСК «Ориёнбонк», БДА ҶТ «Амонатбонк», чойхона, прокуратура, Кохи фарҳанг,  тарабхона, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2, ки дар он як ҳазору 400 толиб­илм таҳсил мекунанд ва шуъбаи ВКД дар ноҳия ҳатто як ҷумаки об нест.

Чойхонаи машҳури бобои Менибой, ки ҷойи дӯстдоштаи мусофирон буд ва солҳои пеш дар он ҷо об фаввора мезад, дигар оби ҷорӣ надорад. Бобои Менибой мегӯяд: — «Мо обро аз як чашмаи дур бо сатил  меорем».

Бале, дар кӯчаву хиёбон ва идораҳои мақомоти давлатӣ аз нарасидани оби ошомиданӣ одамон дар азобанд, вале ин мушкил пинаки мутасаддиёнро вайрон намекунад.

Нигаронии дигари мусофирон дар маркази ноҳия набудани ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ мебошад. Ин ду мушкилиро кӣ ва кай бояд ҳал кунад?

Рустами САФАРЗОД,

хабарнигор