Доғи рӯз

Саргардонии шаҳрвандон аз бепарвоии масъулин аст

№114 (3751) 26.09.2017

DSC_0537Мушкили нақлиёти мусофиркаш дар шаҳри Душанбе солҳост, ки мавҷуд буда, бо сар шудани  таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, шиддаташ бештар мегардад.  Бо дарназардошти чунин вазъ, соле пеш раиси соби­қи шаҳри Душанбе барои тағйир додани вақти дарс дар муассисаҳои олии таълимӣ дархост карда буд. Вазорати маориф ва илм дархостро қабул кард. Пас аз соати 7-у 30 дақиқа муайян кардани оғози дарс норасоии нақлиёт дар саҳар то андозае коҳиш ёфта буд. Мутаассифона, Вазорати маориф ва илм бо сар шудани соли хониши 2017-2018 саросемавор эълон кард, ки «бинобар зарурат надоштан» вақти дарсӣ (дар шаҳри Душанбе) чун солҳои пеш соати 8:00 муайян мешавад. Моҳе нагузашта эҳсос гардид, ки чунин тасмими вазири маориф ва илм зарурат надошт. Зеро шурӯъ аз якуми сентябр ҳар субҳ қад-қади роҳҳои шаҳри Душанбе пур аз мусофиронест, ки ҳар лаҳза ба соат менигаранд ва аз дер кардан ба кор нигаронанд. Хушбахтона, мушкилотро роҳбарияти имрӯзаи шаҳри Душанбе сари вақт дарк намуда, барои тағйир додани вақти оғози дарс иқдом намуд. Дар ин дархост зарурати гузаронидани оғози дарс ба соати 9:00 нишон дода шудааст, ки қобили дастгирист.

Директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбехадамотнақлиётрасон»  Фирдавс Саидзода гуфт, ки чунин вазъ дар тамоми шаҳрҳои калон вуҷуд дорад. Дар шаҳри Душанбе норасоии нақлиёт ҳамагӣ 20 дақиқа давом мекунад. Мо кор карда истодаем ва рӯзҳои наздик мушкил бартараф мешавад.

Хуб мебуд, агар то мавриди амал қарор гирифтани пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе саҳар, дар вақти зиёд будани мусофирон, автобусҳои калон ба хатсайрҳое, ки айни замон танҳо микроавтобусҳо фаъолият доранд, ҷудо шаванд. Масалан, дар хатсайри рақами 25 ин амал айни муддаост, зеро аксар мусофиркашони ин хатсайр имкони савор кардани ҳамагӣ даҳ нафарро доранд.

DSC_0527Агар корманде бо ин иллат ба кор дер ояд, аз роҳбарияти корхонааш огоҳӣ мегирад. Дар ҳамин ҳол, баъзе роҳбарони ширкатҳои мусофиркашонӣ парвои бартараф кардани ин мушкилро надоранд. Доир ба муоширати дағал ва барзиёд ситонидани роҳкиро аз ҷониби ронандагон ва ё «пулчинак»-ҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳо зиёданд. Дар чунин маврид роҳбарони ширкатҳои мусофирбар ва Хадамоти назорати давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт вокуниш нишон дода, аз ҷарима шудани ронанда ва ё «пулчинак» бо маблағи зиёд (аксаран аз 1000 сомонӣ бештар) хабар медиҳанду халос. Вале вазъ на танҳо ислоҳ намешавад, балки бадтар мегардад.

Ҳамарӯза бо хатсайри рақами 25 омадурафт дорам ва шоҳиди он ҳастам, ки баъзе аз ронандагони микроавтобусҳои маъруф бо номи «старекс» дар вақти норасоии нақлиёт «нағмабозӣ»- ро шурӯъ карда, то ними роҳ, аксаран то Қарияи боло рафтанашонро изҳор медоранд. Вақте ки сабаб мепурсем, ҷавоб ҳамонест, ки имрӯз маъмул аст: «кор дорам». Ҳол он ки рисолати ронандагон мусофиркашонист. Дар асл ба хотири зиёдтар мусофир гирифтан ва аз ин ҳисоб маблағи бештар даромад кардан чунин «нағма»- ро ба роҳ мондаанд. Чунин ронандагон нафарони аз аввал то охири хатсайр мерафтаро чашми дидан надоранд. Ин ҳолат дар дигар хатсайрҳо низ ба мушоҳида мерасад. Шояд масъулин моро ба умумигӯйӣ гунаҳкор мекунанд ва рақами давлатии нақлиётро талаб намоянд. Бояд мадди назар дошт, ки ин амал танҳо як рӯз ва ё аз ҷониби як нафар содир намешавад, ки бо  пешниҳод кардани рақами қайди давлатии автомобилаш мушкил бартараф шавад. Масъулинро мебояд бо истифода аз рейдҳои ногаҳонӣ ба ин ҳолат хотима диҳанд. Кифоя аст, ки ҳамагӣ чанд дақиқа дар маҳаллаи Зарафшон интизори нақлиёт бошӣ ва  чунин вазъро бо чашми сар мушоҳида намоӣ…

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»