Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба масъалаи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Соли равон қарори марбута ҳанӯз 4 апрел ба тасвиб расида буд. Ҷиҳати татбиқи қарори мазкур дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввал тадбирҳои судманд андешида истодаанд.
- Мутаассифона, новобаста аз он ки ҳанӯз 18 апрели соли 2017 дар доираи Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018» дар Вазорати маориф ва илм нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистон таъсис дода шуд, соли равон дар масъалаи кашонидан ва захира намудани ангишту ҳезум ба муассисаҳои таълимӣ андаке қафомонӣ ба назар мерасад,- мегӯяд Аҳрориддин Бобиев — сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Нақшаи чорабиниҳои вазорат бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ба тамоми раёсатҳо, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ дастрас гардонида шудааст. Инчунин, тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷаласаҳои ситоди ҷумҳуриявӣ пайваста доир карда мешаванд. Аз ҷумла, ҷаласаҳои ситод бо роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳии пойтахт баргузор гардид. Дар онҳо ба ҳамаи роҳбарони муассисаҳои соҳаи маориф, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷойгиранд, бобати сари вақт омода намудани биноҳои муассисаҳои таълимӣ барои қабули гармӣ аз шабакаи гармидиҳӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Ҳоло ҳамарӯза аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар мавриди ҷараёни омодагиҳо ба қабули гармӣ ба вазорат ҳисоботҳо мерасанд. Ба муассисаҳое, ки дар ин ҷараён камбудиҳо доранд, ҷиҳати бартараф намудани онҳо вазорат чораҳои мушаххас мандешад.
- Пас, сабаби қафомонӣ дар чист?
Бояд қайд намуд, ки фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бевосита ба зиммаи худи онҳост ва маблағгузорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад. Таъмини муассисаҳо бо ангишту ҳезум низ аз тарафи мақомоти маҳаллӣ роҳандозӣ мегардад. Шояд яке аз сабабҳо ҳамин бошад?!
Масалан, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба истиснои ноҳияҳои Бохтар, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҳамадонӣ, Фархор ва Шамсиддин Шоҳин, ба кашонидан ва захира намудани ангишт то имрӯз оғоз нанамудаанд. Ҳол он ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ нақшаи кашонидани ангишт ва ҳезумро бо нишон додани муҳлатҳо тавассути мактуби расмӣ барои тамоми муассисаҳои таълимӣ муайян намуда буд.
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кашонидан ва захира намудани ангишт хуб ба роҳ монда шудааст ва то 17 августи соли ҷорӣ дар ин ҷо захираи ангишт 75,7 фоиз иҷро гардидааст. Захираи ҳезум бошад, 74, 1 фоизро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд аллакай шаҳрҳои Бӯстон, Истиқлол, Панҷакент, ноҳияҳои Спитамен, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шаҳри Роғун тибқи нақша захира намудани ангиштро пурра ба анҷом расонидаанд.
Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон захираи ангишт то ба имрӯз ҳудуди 10, 4 фоиз ва ҳезум 17,3 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав, Рашт, Сангвор ва Лахш низ захираи ангишт оғоз нагаштааст.
Дар муассисаҳое, ки мақоми ҷумҳуриявӣ доранд, захираи ангишт хуб аст ва ин масъала зери назорати доимии Вазорати муориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Давлат Алиев — мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии вазорат мегӯяд:
-То солҳои охир меъёр ва тартиби истифодаи сӯзишворӣ дар муассисаҳои таълимӣ мавҷуд набуд. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори мушовара аз 27 феврали соли 2016 тартиб ва меъёри истифодабарии ангишту ҳезумро дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умуми ҷумҳурӣ тасдиқ кард. Дар он давраи аловмонӣ, миқдори ангишти барои як синфхона зарурӣ, тарзи насб намудани печҳои аловӣ нишон дода шудааст . Ҳар як муассисаи таълимӣ минбаъд аз рӯи ҳамин тартиб ҳаҷми талаботи худро ба ангишт бояд муайян ва захира намояд.
Бо вуҷуди ин, агар дар ҳамин давраи соли гузашта захира намудани ангишт 42, ҳезум 24 дарсадро ташкил дода бошад, ҳоло захираи ангишт ба 33 дарсад ва ҳезум ба 42 дарсад расидааст, яъне, нисбат ба соли гузашта хариди ангишт қариб 10 дарсад камтар аст. Айни ҳол таъминоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ангишт — 32, ҳезум — 20 дарсад, муассисаҳои таълимии миёнаи умумии мақоми ҷумҳуриявидошта мутаносибан 45, 3 ва 60,6 муассисаҳои миёнаи касбӣ — 44,5 ва 79, 5, муассисаҳои олии касбӣ ва баъдидипломӣ 2 ва 36 дарсадро ташкил медиҳад. Вале муайян карда шуд, ки ҳамаи муассисаҳо барои харидани ангишт ва ҳезум ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намуда, озмун гузаронидаанд. Тибқи шартномаҳо дар муҳлатҳои наздик бо сӯзишворӣ бояд пурра таъмин карда шаванд.
Н. ҶУМЪАЕВ, «Садои мардум»