Комёбӣ

Шоми тиллорези тоҷикон дар Ашқобод

№115 (3752) 28.09.2017

varzish25 сентябр, дар рӯзи даҳуми Бозиҳои 5-уми Осиё, дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон варзишгарони тоҷик ба гирифтани 3 медали тилло  мушарраф гардиданд. Ду медали тиллоро дар намуди гӯштини самбо Акмалиддин Каримов дар вазни  57 кг ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 74 кг ба даст оварданд. Медали сеюми тиллоро Миҷгона Самадова дар намуди кикбоксинг сазовор шуд.

Акмалиддин дар вазни 57 кг нахуст Раҳматҷон Ахмедови ӯзбекис­тониро бо ҳисоби 9:0 шикаст дод. Сипас, варзишгари мизбон Карим Аллануровро бо ҳисоби 4:2 мағлуб кард. Дар даври нимниҳоӣ бар варзишгари қирғиз Белек Бараканов ва дар даври ниҳоӣ бар варзишгари Муғулистон Марал Ердана Чимедорҷ пирӯз шуд.

Беҳрӯз дар вазни 74 кг Ҷасим Ҳамид (Ироқ), Роҳат Башимов (Туркманистон), Галимжан Абдрахманов (Қазоқистон) ва дар даври ниҳоӣ варзишгари дигари тоҷик Мубориз Мунавваровро мағлуб кард.

Миҷгона дар вазни 60 кг, намуди «Kick Light» рақобатро аз чорякфинал оғоз карда, бар варзишгари мизбон Майса Гупбикова, Зайнаб Ҷабборӣ (Эрон) ва дар даври ниҳоӣ бар варзишгари дигари мизбон Гулзада Ҷорақулиева дастболо шуд.

Варзишгарони мо, ҳамчунин як медали нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Медали нуқраро Мубориз Мунавваров дар вазни 74 кг дар гӯштини тарзи самбо, Фаридун Одилов дар самбои ҳарбӣ (82 кг), Сиёвуш Ибрагимов (69 кг) ва Далер Тураев (79 кг) дар намуди кикбоксинг  соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.

Ҳамин тариқ, шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 45 адад расида, дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ аз ҷойи 27-ум ба 16 баромад.

 Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»