Ҳаҷ фурсати муносибест барои муаррифии кишвар

№116 (3753) 30.09.2017

1021517362Дар маъракаи сафарбаркунии зоирини мамлакат дар мавсими ҳаҷи имсола комёбиҳо зиёд буданд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Мактабаи хадамоти «Майдония»-и Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ ба мудири шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Юсуфов  сипоснома расид, ки дар он фаъолияти ҳайати Тоҷикистон дар мавсими имсола мусбат ва шоёни таҳсин арзёбӣ шудааст.

Яке аз зоирин, Корманди шоистаи Тоҷикистон Саид­ҷон Нодирӣ зимни суҳбат изҳор дошт, ки ҷойи будубоши ҳоҷиёни тоҷик аз хонаи Каъба ҳамагӣ 750- 800 метр дурӣ дошту дар Минову Арафот ҳоҷиёни тоҷик дар хаймаҳои нави бо кондитсионер муҷаҳҳаз ҷойгир буданд. Имсол гурӯҳи ошпазони тоҷик дар Арафот барои 8000 нафар ош  пӯхта, намояндагони дигар кишварҳоро низ зиёфат доданд. Солҳои пеш барои ҳоҷиён имкони истеъмоли хӯроки миллӣ на ҳама вақт  муяссар мешуд.

- Раиси кумита Сулаймон Давлатзода ҳамроҳи сарвари ситод Фарухулло Олимзода ҳар рӯз ба назди ҳоҷиёни тоҷик  омада, аз ҳолашон пурсон мешуд. Табибони вобасташуда низ ба ҳамватанонамон софдилона хизмат карданд, — гуфт Саидҷон Нодирӣ.

Мутаассифона, баъзе шаҳрвандон новобаста ба таъкиди табибон падару модар ё хешу табори  наздикашонро, ки гирифтори бемориҳои гуногунанду ба хизмат­расонии тиббӣ ниёз доранд, ба ҳаҷ мефиристанд. Умед мекунанд, ки шояд дар  маросими ҳаҷ бемориҳо рафъ мешаванд. Шояд  намедонанд, ки яке аз шартҳои ҳаҷ солим будани ҳоҷӣ аст. Хуб мешуд, ки дар мавсими  навбатии ҳаҷ шаҳрвандон ин нуктаро ба эътибор  гиранд. Зеро авҷгирии бемории як нафар нафарони зиёдро саргардон месозад.

Сокини шаҳри Ҳисор Исмоил Шеров мегӯяд, ки ҳаҷ як фурсати муносиб барои муаррифии кишвар дар  олами ислом аст. Вақте бо ҳоҷиёни дигар кишварҳо ҳамсуҳбат шуда, дар бораи иқлиму табиати Тоҷикистон, фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили Имом Абӯҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Ибни Сино, Хоҷа Баҳоваддини Нақшбанд ва дигарон нақл мекардем, онҳо шефтаи диёри гавҳарбори мо ва ҳавасманди дидани он мешуданд. Боварӣ дорам, ки чунин вохӯриҳои самимӣ сафи сайёҳони хориҷиро зиёд мегардонад.

- Шоистаи таҳсин аст, ки аз ҷониби Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру  ноҳия­ҳои ҷумҳурӣ пеш аз сафар давраҳои омӯзишӣ ташкил карда шуд,- мегӯяд Исмоил Шеров. — Аз ин рӯ, ҳоҷиёни имсола нисбат ба ҳоҷиёни солҳои пеш аз аҳкоми ҳаҷ бештар огоҳ ва маданияти рафторашон беҳтар буд.

Тавре аз  мушоҳидаҳо бармеояд, дар мавсими ҳаҷи имсола зиёдаравию маъракаороӣ ва худнамоии ҳоҷиён ба назар  нарасид. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки  масъулон ба зоирин тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридшударо дуруст фаҳмонидаанд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»