Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба ривоҷу равнақи сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ эътибори хоса медиҳанд. Қариб дар ҳар як Паёму муроҷиатҳои Сарвари давлат масъалаи эҳё намудан ва ривоҷу равнақ бахшидани соҳаи сайёҳӣ садо медиҳанд.
Ҳамчунин, дар ин робита Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, №202 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» ба тавсиб расидааст.
Ҳамзамон, соҳаи туризм аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷудо гардида, ба сохтори алоҳидаю мустақил табдил дода шуд.
Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода зимни як нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон гуфт, ки шаҳри бостонии Истаравшан низ дорои имконияту захираҳои хуби равнақи сайёҳӣ мебошад ва дар сурати рушд кардани ин соҳа имконияти ҳар чӣ бештар ғанӣ гардидани буҷаи шаҳр ба даст меояд.
Воқеан ҳам, манзараҳои афсонавӣ, ёдгориҳои қадимаи Истаравшан шаҳодати тамаддуни бузург доштани халқи мо буда, обу ҳавои тоза, чашмаҳои мусаффо, гиёҳҳои шифобахш ва табиати ҷонбахши он таваҷҷуҳи сайёҳони дохилию хориҷиро, бешубҳа, ба худ ҷалб месозад.
Ҳарчанд вазъи соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр аз ҷиҳати инфрасохтор нисбат ба солҳои пешин беҳтар гашта бошад ҳам, ҳанӯз ба талаботи рӯз ҷавобгӯй нест. Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 150 ёдгории таърихӣ, 10 меҳмонхона, 5 осоишгоҳу чандин чашма, ҳавз, хонаҳои истиқоматии қадима ва обидаҳои меъморӣ мавҷуданд, ки тамошои онҳо ба сайёҳони ватаниву хориҷӣ як ҷаҳон таассурот хоҳад бахшид.
Мутаассифона, имрӯз на танҳо дар шаҳр, балки дар аксари нуқоти вилоят фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ асосан бо таҳияи шиносномаҳои хориҷӣ барои шаҳрвандон, раводидҳо ва барои тоҷирону соҳибкорон, ташкил намудани турҳо ба кишварҳои Чин, Туркия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дар бахши сайёҳии воридотӣ ташкил намудани турҳои кӯҳнавардӣ маҳдуд гардидааст.
Афсӯс, ки навъҳои сайёҳии таърихӣ, этнографӣ ва истифода аз имкониятҳои ҷамъиятҳои маҳаллӣ, ки метавонанд диққати сайёҳони хориҷӣ ё дохили ҷумҳуриро ҷалб намоянд, тақрибан ба назар намерасанд.
Ҳол он ки дар аксари минтақаҳои шаҳру деҳоти мо расму оинҳои қадимаи миллӣ, тарзи зист ва либоспӯшии қадима, хондани суруду таронаҳои халқӣ, навъҳои гуногуни ҳунарҳои халқӣ, аз қабили кандакорӣ, оҳангарӣ, тарошидани асбобҳои чӯбӣ, тофтани намад, кашидадӯзӣ, шонатарошӣ, мисгарӣ, сангтарошӣ ва ғайра то ҳанӯз пойбарҷо мебошанд.
Ҷалби сайёҳони берунӣ ва ташкили сайру саёҳати сокинони диёр ба мамлакатҳои хориҷӣ вазифаи ҷонии ширкату коргоҳҳои сайёҳӣ мебошад. Вале боиси таассуф аст, ки имрӯз дар шаҳри Истаравшан ҳамагӣ як ширкати сайёҳӣ бо як нафар коргар амал мекунад, ки ин, албатта, кифоя нест.
- Ҳол он ки солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми асри гузашта соҳаи мазкур дар кишвари мо хеле пеш рафта, ба дастовардҳои чашмгир мушарраф гардида буд, — гуфт раиси шаҳр Баҳром Иноятзода.
Вақтҳои охир даъвату тақозоҳои Сарвари давлат, қарору фармонҳои мансуб ба ривоҷу равнақи сайёҳӣ, минтақаҳои сайёҳӣ эълон шудани Варзобу Фархор, Саразм ва ғайра аз минбаъд ривоҷу равнақ ёфтани ин соҳа дар ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳанд.
Ёдгориҳои қадимаи Панҷакенту Истаравшани бостон, ҳашамату назаррабоии Қалъаи Ҳисор, Қубодиёни қадим, Боми Ҷаҳони машҳур, дараҳои хушбоду ҳаво ва дилрабои Ромиту Варзоб, сарбандҳои баландтарини дунё дар роҳи амвоҷи Вахши пуртуғён, кӯҳҳои ҳамешасабзи Тоҷикистон дар якҷоягӣ воситаи хубе мебошанд барои инкишофу равнақи сайёҳӣ дар кишвар.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вохӯриашон бо истаравшаниҳо чунин гуфта буданд: «…Тоҷикистон ин биҳишт аст, биҳишти рӯи замин, ҳам обаш, ҳам сарзамини кӯҳсораш ва ҳам табиати нотакрораш, Истаравшани бостон аз он ҷумла».
Бале, шаҳри Истаравшани беш аз 2500 — сола барои рушди соҳаи сайёҳӣ шароиту имкониятҳои хуб дорад. Қалъаи таърихии Муғ, мадрасаи Абдулатиф Султон, мавзеи Сабристон, мазори Шайх Абӯбакри Шиблӣ, мақбараи Абдулқодири Ҷелонӣ, маҷмааи Ҳазрати Шоҳ, Талтеппа ва даҳҳо дигар ёдгориҳое ҳастанд, ки таваҷҷуҳи на танҳо таърихшиносон, балки ҳазорон сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.
Имрӯз дар ҳудуди шаҳри Истаравшан барои хоҳишмандони сайру саёҳат беш аз 10 меҳмонхона мавҷуда аст, ки теъдоди умумии ҷойҳои хобашон зиёда аз 500 нафарро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Дар назди ҳар меҳмонхона инфрасохторҳои хизматрасон, аз қабили ҳаммом, сауна, сартарошхона, ошхона, мошинсарой, ҷойи шустушӯйи мошин, бағочхона мавҷуд аст, вале на ҳамаашон ҷавобгӯйи меъёрҳои зарурианд. Дар ин шаҳр ҳатто шаҳрвандони алоҳида дар хонаҳояшон меҳмонхонаҳои хусусӣ ташкил ва баҳри истироҳат имконияту шароити заруриро муҳайё кардаанд.
Вале дар асл, айни замон ягон меҳмонхонаи ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ барои қабули сайёҳони хориҷӣ вуҷуд надорад, ба истиснои як — ду меҳмонхонаи хусусӣ, ки ҷойҳои хеле кам доранд.
Мутахассисон ва муваззафони соҳа иброз медоранд, ки чанд сол қабл шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД — и шаҳр кӯшиш намудааст, ки ширкату созмонҳои алтернативии сайёҳӣ таъсис дода шаванд, вале бенатиҷа будааст.
Дар олам давлатҳое ҳастанд, ки маҳз аз ташкили ин соҳа буҷаи мамлакаташонро нигоҳ медоранд. Вале, аз ҷониби идораи марбутаи вилояти Суғд фаъолияти ду ширкати сайёҳии Истаравшан боздошта шудааст. Имрӯз истаравшаниҳо маҷбуранд, ки барои ба сайри хориҷа баромадан ба шаҳри Хуҷанд рафта, ба ширкатҳои сайёҳии он муроҷиат намоянд. Айб аст, ки бо дастгирии ширкатҳои сайёҳии Хуҷанд мактаббачагони шаҳру навоҳии атроф бо автобусҳо ба Истаравшан омада, мавзеъҳои ёдгориҳои таърихӣ, бозор, кӯҳсори атрофро тамошо мекунанду худи мо ҳатто чунин имконияти одиро надорем.
Аслан бояд гуфт, ки таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рӯякист. Аксари ширкатҳои сайёҳӣ рақамҳои омории худро аз ҳисоби ҳаҷравандагон ҳамчун сайёҳ мегиранд, аз паи ташкили сайру саёҳати аслӣ нестанд.
Дар соҳаи сайёҳии вилояти Суғд боз як мушкилии дигар — нарасидани мутахассисони соҳа эҳсос мегардад. Нависандаи сатрҳо борҳо шоҳид гаштааст, ки гурӯҳҳои меҳмонони хориҷиро, ки ками дар кам ба Истаравшан меоянд, роҳбаладҳои ғайриихтисос ва ноогоҳ ҳидоят менамоянд ва ҳини тамошои ёдгорию обидаҳо ва мавзеъҳои таърихӣ ба онҳо маълумотҳои нодуруст ва носаҳеҳ пешкаш мекунанд. Ин мушкилот низ ҳалли саривақтии худро тақозо менамояд.
Солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ Хазинаи маданияти Тоҷикистон пешниҳод намуда буд, ки шаҳри бостонии Истаравшан, бо дарназардошти имконияту бартариҳои хеш, нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба осорхонаи табиӣ-мамнуъгоҳ табдил дода шавад. Вале аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ боиси амалӣ нашудани ин масъала гардид.
- МИҲД — и шаҳри Истаравшан умед дорад, ки Вазорати фарҳанги мамлакат масъалаи мазкурро ба таври мусбат ҳаллу фасл менамояд ва дар мавриди эълон кардани шаҳри бостонии Истаравшан ҳамчун осорхонаи зинда — мамнуъгоҳ тадбирҳои зарурӣ меандешад, — мегӯяд раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода.
Дар тақвияти ин андешаи раиси шаҳри Истаравшан бояд гуфт, ки масъалаи мазкур, яъне осорхонаи табиӣ — мамнуъгоҳ эълон кардани ин шаҳрро бисёр олимони маълуму машҳури ҷаҳон низ талаб кардаанд.
Дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»), дар мақолаи «Шоҳроҳи абрешим-роҳи сулҳу ҳамкорӣ» (аз 21 майи соли 1991) олимони хориҷӣ Дмитрих Хуфф-профессори Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Олмон (Берлин), Киодза Като-профессори Донишгоҳи Сока (Токио), ноиб-президенти Академияи ЮНЕСКО оид ба омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ Аҳмад Ҳасан Донӣ, профессори Донишгоҳи Теҳрон Носир Такмил Ҳумоюн, профессор Дияр Бикерли (Туркия), профессор Б.Андрианов (ИҶШС) ва дигарон, ки дар ҳайати мусофирони корвони илмӣ-сафарии байналмилалии «Роҳи абрешим — роҳи тамос» 18 майи соли 1991 аз шаҳри Ӯротеппаро тамошо кардаанд, ин маъниро тасдиқ намудаанд.
Агар Димитрих Хуфф «аз тамошои ӯротеппа лаззат гирифтам. Он бе муҳобот шаҳри куҳану зебост. Хонаҳои истиқоматии якошёна дар якҷоягӣ бо дигар обидаю ёдгориҳои меъморӣ ҳусни хоса доранд. Бинобар ҳамин он табиӣ, дар айни замон нодир аст», — гуфта бошад, донишманди японӣ афзудааст:
- Ман аз соли 1963 то ин дам қариб 20 маротиба ба Осиёи Миёна сафар намудаам, вале ин дафъа дар шаҳри бостонии Истаравшан ёдгориҳои нодиреро тамошо кардам, ки пештар надида будам».
Бино ба шаҳодати сарчашма ин олимони машҳури корвони илмӣ ба унвонии ЮНЕСКО муроҷиатнома қабул ва тақозо кардаанд, ки бо назардошти дарбаргирии объектҳои бостоншиносию меъморӣ ва этнографӣ шаҳри Истаравшан ба мамнуъгоҳ табдил дода шавад.
Лекин барои табдил додани шаҳри Истаравшан ба шаҳри сайёҳӣ ва ҷалб кардани таваҷҷуҳи сайёҳон ба он лозим меояд, ки мушкилоти зиёдеро ҳал намоем. Пеш аз ҳама, таъмиру таҷдиди роҳҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, сохтмони иншооти хизматрасони ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ, ба монанди меҳмонхона, ресторану ошхона, нуқтаҳои савдою маишӣ, иншооти фарҳангӣ ва ғайраро роҳ монем. Ба андешаи раиси шаҳри Истаравшан, «мо барои иҷрои ин ҳадаф нақшаю лоиҳаҳои мушаххас дорем, ки давра ба давра ҳалли худро меёбанд».
Боиси хурсандист, ки нимсолаи аввали соли равон барои мардуми ободкори шаҳри Истаравшан воқеан ҳам марҳилаи тозаи созандагию бунёдкориҳо маҳсуб меёбад, зеро айни замон сохтмони зиёда аз 28 иншооти хурду калони таъиноти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давоми нимсолаи аввали соли равон 4 иншооти гуногуни нуқтаҳои маданӣ, маишӣ, иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки дар таъмини ҳалли мушкилоти соҳаи сайёҳӣ нақши муайян хоҳанд бозид.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО,
«Садои мардум»