Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳраки «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун хонандагон дар биное, ки ҳанӯз соли 1938 сохта шудаасту дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, таҳсил мекунанд. Дар фасли зимистон сақфи бино мечакад.
Дар ин муассиса синфхонаи таълими меҳнат ва толори варзишӣ мавҷуд нест. Маҷлисгоҳ низ дар ҳолати корношоямӣ қарор дорад. Шумораи умумии синфхонаҳо 65 ададро ташкил медиҳад ва 1684 нафар хонанда аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд.
Директори муассисаи таълимӣ иброз дошт, ки соли гузашта як қисмати фарши бино фурӯ рафт ва хушбахтона, ягон нафар осеб надид.
Ӯ, ҳамчунин қайд намуд, ки оид ба ин мушкил ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва вилоят низ муроҷиат кардааст, вале ҳанӯз бенатиҷа будааст. Мутаассифона, чунин ҳолат танҳо ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 тааллуқ надошта, дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ ба назар мерасад. Барои мисол, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 ва рақами 29-и ноҳияи мазкур дар ҳамин ҳол қарор доранд.
Тавре директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 Муҳаммадсаид Зокиров иброз дошт, 8 синфхона дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, ки таҳсил дар онҳо манъ шудааст.
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 Гулбаҳор Бахтдавлатова гуфт, ки муассисаи таълимиашон аз ду бинои асосӣ иборат буда, дар он 358 хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд. Дар бинои дуюм толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.
Бино ба гуфти мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун Ҳикматзода Ҷумахони Аҳмад, дар ноҳия 44 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 28 ҳазору 392 хонанда фаъолият мекунанд. Аз ин шумора 12 муассиса дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 32 аз сабаби зиёд шудани шумораи хонандагон синфхонаҳо намерасанд. Бар асари заминларзае, ки имсол рух дода буд, аксари синфхонаҳо зарари ҷиддӣ дидаанд.
- Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 низ як қисмати бинои асосӣ дар ҳолати ногувор қарор дорад, — гуфт ӯ ва илова кард:
- Дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 муассисаи таълимиро дар нақшаи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» ворид кардем. Бояд чор муассиса аз ҳисоби буҷети вилоят ва чор муассиса аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ сохта шаванд.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Диловаршо Исоев иброз намуд, ки дар «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» 566 муассисаи таълимӣ дохил аст. Аз ин миқдор 314 ададаш садамавӣ буда, 201-тои он бояд дар ҷойҳои нав сохта шаванд. Ба ин барнома 24 муассисаи таълимӣ аз ноҳияи Ҷайҳун ворид шудааст.
Зимистон наздик меояд ва ҳеҷ кас кафолат дода наметавонад, ки дар биноҳои садамавии муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷайҳун ҳодисаи нохуше рух намедиҳад.
Ин мушкилот аз ҷониби масъулин ҳалли таъҷилии худро мехоҳад, то толибилмон аз оқибатҳои нохуш дар амон бошанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»