Сеюми октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандонро бар асари амали золимона дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Америка бо андуҳи бузург дарёфтам.
Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикони фавтидагон изҳор менамоям ва хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам».
www.president.tj