Аз фаъолияти иттифоқҳои касаба

Қ. Қосим: «Ба мушкилоти кормандон набояд бетафовут бошем»

№120 (3757) 10.10.2017

Иттифоқи касаба ташкилоти ҷамъиятиест, ки манфиатҳои аҳли заҳматро ҳимоя мекунад. Дар замони соҳибистиқлолӣ фаъолияти ташкилотҳои иттифоқи касаба беҳтар гардид, зеро вобаста ба рушди ҷомеа тавсеа бахшидани кори он ногузир аст. Ин нуктаро раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қодири Қосим дар ҷаласае, ки 7 октябри соли ҷорӣ бо ҳузури фаъолони иттифоқҳои касабаи шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён дошт. ҷамъомади мазкур ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии «Амал — барои меҳнати арзанда» доир шуд.

Қодири Қосим зимни маърӯзаи хеш фаъолияти ташкилотҳои иттифоқҳои касабаро таҳлил карда, ба масъулон дастур дод, ки баҳри ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои меҳнаткашон фаъолияташонро боз ҳам густариш бахшанд. Таъкид шуд, ки баъзе масъулони ташкилотҳои ибтидоии корхонаю муассисаҳо аз корфармо ҳимоя карда, нисбат ба кормандон бепарвоӣ зоҳир менамоянд.

Дар интиҳо чанде аз фаъолони иттифоқи касаба роҷеъ ба мушкилоти ҷойдошта ва ҳалли онҳо ибрози назар карданд.

 Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»