Нарасидани оби ошомиданӣ дар деҳаҳои Файзободу Калоти деҳоти «Даҳана»-и ноҳияи Кӯлоб мушкилоти сокинонро дучанд мекард. Онҳо асосан аз оби ҷӯю заҳбурҳо, ки барои обёрии заминҳо пешбинӣ шудаанд, истифода мебурданд, ки ба саломатии онҳо бетаъсир намемонд.
Хушбахтона, бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти мазкур тавассути чоҳи артезианӣ сарчашмаи нави об ба истифода дода шуд. Об аз чуқурии 103 метр фаввора зада, тавассути зарфҳои ғунҷоишашон 25 — тоннагӣ, ки дар баландии 25 метр насб шудаанд, ба ду деҳаи сернуфус тақсим мешавад. Зарфҳо тавассути обкашҳои пуриқтидор дар муҳлати 2 соат пур ва об аз рӯи реҷаи муайян тақсим мешавад.
Ин амал тавассути Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид бо харҷи 1 миллион сомонӣ анҷом ёфт, ки 30 фоизи маблағи дар иншоот сарфгардида аз ҳисоби Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сокинони деҳаҳо мебошад. Ҳоло дар ин деҳаҳо 130 нуқтаи об мавриди истифода қарор дорад.
Бо истифода аз технологияи нав дар ҳар хоҷагии деҳа обҳисобкунаки барқӣ насб шудааст, ки истифодаи оқилонаи обро таъмин менамоянд.
- Қаблан дар ду деҳаи дигар – Таниёл ва Гултеппа низ бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташкилоти мазкур сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин гардида буданд, — гуфт дар суҳбат раиси Ҷамоати деҳоти «Даҳана» Раҷабалӣ Абдураҳмонов.
Абдухолиқ МИРЗОЕВ,
«Садои мардум»