Ба наздикӣ аз мушоирае баргаштам, ки дар он шоирони порсигӯ аз Афғонистону Ҳиндустону Тоҷикистон ва Эрон иштирок доштанд. Дар он шоирон аз рӯи таомул асосан ғазал мехонданд, ғазалҳои хубу олӣ. Ман дар мағозаҳои китобфурӯшӣ ҳам маҷмӯаҳои бисёреро дидам, ки асосан аз ғазалҳо фароҳам омада буданд ва бо тавсияи дӯстонам чанде аз онҳоро харидам.
Дар ҳавои мушоираи ғазал, ки дар сар доштам, ба навиштаҳои Шаҳриябону, аз ҷумла ба маҷмӯаи «Дар канори шеър», ки дар он ҷо ин навъи шеър мақоми асосӣ дорад, бори дигар назар андохтам.
Чанд соле аз ин пеш ғазале хонда будам ва матлаи хубе ҳам дошт:
Ҷоно, катибаҳои диламро китоб кун,
Шаҳбайти абрӯвони маро интихоб кун.
Бинӣ агар вуболи муҳаббат ба нози ман,
Дар созу сӯзи ишқ ту кори савоб кун.
Ин ғазал дар маҷмӯаи дигар ҳам ҳаст, ки байти зебои дигаре ҳам дорад:
Хоҳад дилам баҳори худ аз тирамоҳи умр,
Аз нав маро шукуфаи аҳди шубоб кун.
Ишқ барои Шаҳриябону қудратмандтарини қудратҳост, бинобар ин ӯ ба ҳар аҷзу ниёзе, ки дорад, аз ишқ мадад меҷӯяд. Дар ашъори Шаҳриябону ишқ на танҳо мавзӯъ ва муҳтаво, балки дарунмоя аст ва дар ҳар навиштааш мавҷудияти он, нафаси гарму меҳрбори он эҳсос мешавад. Ишқ ҳамчун мавзӯъ ва муҳтавову дарунмоя дар яке аз шеърҳои ба қавли худи Шаҳриябону аввалинаш «Куртаи чити қаламӣ», таҷассуми бадеии худро олӣ дарёфтааст. Ман дар чандин маҳфилҳо ин шеърро аз забони Шаҳриябону шунидам ва таъсиру ангезаи онро дар шунавандагон эҳсос кардам. Ба яқини ман, ҳиссиёти ошиқонаи духтараки деҳотӣ, ки ба воситаи шайъ, яъне сурат образи куртаи чити қаламӣ ифода мешавад, бо ду сабаб ба дили хонанда роҳ меёбад, аввалан ба воситаи шайъ, чиз, предмет баён шудани он ва ниҳоят муносиб будани он шайъ дар ифодаи эҳсоси духтараки деҳотӣ, ҳарчанд каме такмил ва фишурдагӣ мехоҳад, аммо ба ҳар ҳол хонданию шуниданист:
Дар танам куртаи чити қаламӣ,
Дар дилам ишқи аламсӯзи ту буд.
Дар лабам хандаи душмангирён,
Дар сарам ҳадяи Наврӯзи ту буд.
Ин шеър дар қолаби чаҳорпора гуфта шудааст ва маълум мешавад, ки ин шоира дар аввалҳои эҷодиёташ ба ин навъ шеър то андозае тасаллут доштааст ва онро хуб истифода кардааст. Таъкид менамоям, ки чаҳорпора ба ваҷҳи шакли тоза буданаш дар шеъри мо ҳоло ба қолаб надаромадааст, ба он маъно, ки лафзу таъбироташ қолабию дастхӯрда ва обшуста нагаштааст ва ин худ ба шоири бедор мадад мекунад, ки шеърашро навтар бигӯяд, ҳарчанд дар ин навъ ҳам шоири куҳнасаро куҳна хоҳад гуфт. Вале дар ғазал тозагӯйӣ мушкилтар аст, зеро дар давоми ҳазор сол, ки он истифодаи фаровон дошту дорад, хеле аз лафзу таъбироташ ба қолаб даромада, тозагӣ ва таъсири пешинаи худро бохтааст ва шоире, ки ба ворид шудани онҳо ба шеъраш муқовимат карда наметавонист, беихтиёр ба истифодаи онҳо дода мешавад ва дар натиҷа, шеъраш қолабӣ ва куҳна ба забон меояд. Бинобар ин, ба кам шоирон муяссар мешавад, ки ғазалҳои саропо тоза гӯянд, аксаран онҳо дар як ғазал як ё якчанд байти тоза доранд, ки ин ҳам дастовард аст. Ҳамин гуна байтҳои муваффақро мо дар ғазалҳои Шаҳриябону мебинем, монанди ин:
Биё, ба хандаҳои саҳаргаҳ ба ҳам салом кунем,
Парандаҳои чаманро ба хеш ром кунем.
Нигоҳи панҷараро рӯ ба субҳ бикшоем,
Дар интизори дил аз ҷодаҳо хиром кунем.
Ғазали дигараш ҳам бо чунин матлаи зебо оғоз мешавад:
Ба саломи субҳ орам ғазали шабонаамро,
Ба дили сапеда резам ғами ҷовидонаамро.
Пеш аз он ки дар бораи ғами ҷовидонаи шоира сухан ба миён оварем, мехоҳам боз оид ба ишқи Шаҳриябону дар шеър он нуктаро таъкид кунам, ки он ҳам ишқи ба таъбир маҷозӣ, яъне ишқи табиӣ, заминиро, ки инсон ба инсон дорад ва ишқи намозӣ, яъне ишқи инсон ба Худовандро низ ифода карданӣ мешавад.Ба назари ман, ишқи маҷозии ӯ ҳақиқати бештар дорад ва самимитар аст ва гоҳо ӯ василаҳои ифодаи ин ду ишқро ба ҳам омехта меорад. Масалан, василаҳои ифодаи ишқи намозиро барои пуртаъсиртар сохтани ифодаи ишқи маҷозӣ, ки дар шеъри «Ошиқона»-аш ҷой дорад:
Биё, ба қиблаи рӯят намоз бигзорам,
Ки ғайри қиблаи ишқи ту қиблагоҳе нест.
Қасам ба покии ашкам, дар ин гуноҳистон
Вуҷуди отифаамро ягон гуноҳе нест.
Дар ин мисраъҳо шоира калимаву таъбирҳоеро, ки бештар бори маънии ишқи намозиро мекашанд, ҳамчун «қибла», «намоз бигзорем», «қиблагоҳ», «гуноҳ» бо мақсаде истифода мекунад, ки ба ишқи маҷозии худ эътибори бештаре дода, онро ба улвияти ишқи намозӣ бирасонад. Мутаассифона, дар ин ду байте, ки ман барои тасдиқи фикр иқтибос кардам, чанд нуқси забонию услубӣ ба назар мерасад, ки онҳоро бояд бигӯям, зеро нуқсро дидану нагуфтан шарти дӯстӣ нест. Дар ин шеър «Гуноҳистон» гӯшхарош аст, ақаллан сарои гуноҳ ё ягон чизи дигар бояд гуфт. Шоир ба калимасозӣ ҳақ дорад, аммо дар доираи қоидаи забон, бо пасванди истон, ба фикрам, маъмулан аз исми шайъ, ифодакунандаи чиз, предмет калима месозанд, ба монанди боғистон… на аз исми маъно, ки «гуноҳ» исми маъност. Ин калимаро ман дар ҳеҷ луғати муфассал, на дар «Луғатномаи Деҳхудо» на дар «Фарҳанги форсӣ»-и Муъин надидам.
Шаҳриябону шоири шеъри ишқӣ — лирикӣ ва ё ғиноист. Дар шеъри ғиноӣ таассурот асосан ба ду навъ- каломӣ ва тасвирӣ ифода меёбад, ки Шаҳриябону аз ҳар дуи онҳо истифода мекунад. Бешубҳа, дар адабиёт шеъри тасвирӣ мақоми баландтаре дорад, зеро забони шеър асосан забони маҷозу ташбеҳу истиора аст, ки бунёди шеъри тасвирӣ бар он гузошта мешавад. Аммо дар баробари ин, агар ҳиссиёту таассурот дар шеър гарму самимӣ ифода карда шавад, таъсири он аз шеъри тасвирӣ кам нахоҳад буд, ки мисолаш ин ғазали Шаҳрия аст:
Ба сафар чу рафтаӣ, ҷон, сафарат бахайр, баргард,
Чамани пур аз муҳаббати ту биоварам раҳовард.
Ту бирафтӣ, хона хомӯш, қаламу тарона хомӯш,
Ғазали пуроҳу розам бинуҳуфта дар дили сард.
Ва агар дар он ҷо ҳам ихтиёр ба ман мебуд, ба ҷойи чамани пур аз муҳаббат як гул ё ҳатто як гард аз гарди роҳат биёрӣ ҳам бас аст, мегуфтам, ки бар шикастанафсии маъшуқ ва муҳаббати ӯ меафзуд. Дар мисраи сеюм ҳиҷои чаҳорум -тӣ- дар вазн сакта дорад, аққалан «ту, ки рафта» бояд гуфт, ки дуруст шавад, мисраи чаҳорум ҳам ба ҷойи ибораи сохтаи «пуроҳу розам» чизи дигари асилтар мехоҳад, ба хотири самимияти байтҳо онҳоро таҳрир бояд кард, ки шеър бенуқс биёяд.
Ҳама розу ниёзи Шаҳрия дар ишқ аст. Ишқ ҳам боиси сарбаландӣ ва ҳам сарафкандагии ӯст. Ӯ дар сарбаландии хеш аз ёр шукргузор аст ва дар сарафкандагияш аз худ домангир ва ба қавли масали худкардаро даво нест, дар шеъри «Худкарда» чунин мегуяд:
Хоҳам, ки биёиву сарам монам,
Бар шонаи гарму меҳрубони ту.
Авроқи дилам ҳанӯз рангин аст,
Аз шӯълаи офтоби они ту.
…Ман омадаам кунун сарафканда,
Бахшо, ки аз карда пушаймонам.
Ин маънӣ дар бисёр шеърҳои ӯ ба лафзу услуби гуногун ифодаи худро ёфтааст, аммо ба ҳар ҳол дили шоира ҳамеша ташна ва ҷӯёи ишқ аст, зеро маънии ҳаёти шоир ниҳоятан дар ишқ хулоса мешавад:
Зи карашмаҳои нозам асаре дигар намонда,
Зи ҳазор нозҷӯям нафаре дигар намонда.
Ҳар шоир шеъри сарнавишташро мегӯяд. Дар сарнавишти Шаҳриябону воқеоти пурамал бештар будааст, ятим мондан аз модар, ишқи ноком, кашидани азоби ҷанги шаҳрвандӣ ва ба замми он дар ин ҷанг гумном шудани падари солхӯрда, ки аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ зинда баргашта буд, номеҳрубонии зиндагонӣ… ин барои як зан кам нест. Аз ин рӯ, садо дармедиҳад, ки:
Сари худ занам ба ҳар дар, ки куҷост меҳрубонӣ,
Зи даре садо бихезад, ки фаност меҳрубонӣ.
Аммо ӯ дар худ мардонагие пайдо мекунад, ки ба бадбинию бераҳмӣ дода намешавад ва аз ҷодаи инсонпарварӣ берун намеравад ва мегӯяд:
Чоҳкан дар роҳи мо чоҳ биканд, аммо ман,
Дар сари мурдаи он чоҳканам гиря кунам.
Маро ғаме, ки ӯ дар шеъри «Бар ман дуо кунед»-аш аз он сухан мегӯяд, сахт зери таъсир мегирад:
Бар ман дуо кунед, ки ман беситораам,
Дар чоҳи шаб ситораи рӯзам фитодааст.
Ё чун ситора сӯхтае модарам маро
Дар шомгоҳи тираву торик зодааст…
Агар ғами шахсе ҳамин гуна пуртаъсир ва шоирона ба қалам оварда шавад, ба ғами ҷовидона бадал хоҳад гашт, ки ҳар шоир ва ҳар инсон дорад, яъне ғами шоир ғами мо низ хоҳад гашт ва он далели ҷовидонагии он ғам хоҳад буд, ки мутаассифона, дар сарнавишти инсоният ҷой дорад. Дар банди дигари ин шеър шоира мегӯяд:
Гаҳ тифли содарӯяму гаҳ пири содадил,
Гоҳе пурам зи ҳикмату гоҳе пур аз ҷунун.
Бо дил дугонабозии танҳоии маро
Афсонаҳои кӯдакии ман кунад фузун.
Талқин мекунам, ки ин дугонабозии худро бо дил давом бидиҳад. Бале, фасли дугонабозии духтари чити қаламипӯш бо дил нав оғоз шудааст.
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон