Шоми 12 октябри соли 2017 ҳайати парламентии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати раиси Иттиҳоди байнипарламентӣ Сабер Чаудҳарӣ, котиби кулли Иттиҳоди байнипарламентӣ Мартин Чанчонг, раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко ва раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуд.
Тибқи барномаи сафар, ки то 16 октябри соли 2017 идома меёбад, ҳайати парламентии мамлакат дар Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди байнипарламентию ҷаласаҳои ба он алоқаманд, ҷаласаҳои Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои парламентии Ассамблеяи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва даҳумин ҷаласаи пленарии он иштирок менамояд.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,
ёвари Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма