27 феврали соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қабул шуд:
1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латипов Р.Б.»
2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология баровардани Латипов Р.Б.»
3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор баровардани Латипов Р.Б.»
4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи роҳбари Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Латипов Р.Б.»
5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ»
6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)».
Масъалаҳои рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Латипов Р.Б.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экология баровардани Латипов Р.Б.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор баровардани Латипов Р.Б.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи роҳбари Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Латипов Р.Б.» муҳокима гардида, таври алоҳида қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
РАИС: - Имрӯз аз фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум се сол пур мешавад. Дар ин муддат ҳамроҳи мо Латипов Рустам Баротович фаъолияти пурсамар дошт.
Ӯ ҳамчун олим, мутахассиси варзидаи ҳифзи муҳити зист дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори зиёд ба анҷом расонид. Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар таҳия ва қабули чандин лоиҳаҳои қонуни мукаммал, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда иштироки фаъолона дошт.
Фаъолияти ташкилотчигии Рустам Латипов ба ҳайси роҳбари Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир гардид. Давоми се сол бо пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии ин Комиссияро бар уҳда дошт.
Комиссияи мазкур ба масъалаҳои хеле муҳими вобаста ба муҳити зист машғул мебошад.
Бо ташаббуси Комиссияи мазкур доир ба ҳалли масъалаҳои экологӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Аврупо чандин семинару вохӯриҳо баргузор гардиданд.
Якчанд мутахассисони соҳаи экология, вакилони Парламенти Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ низ доштанд.
Бо ташаббуси Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақолаи беҳтарин дар мавзуи ҳифзи муҳити зист озмун эълон шудааст, ки имсол низ он идома меёбад.
Ба фаъолияти сесолаи вакил Рустам Латипов дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ менамоем. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Баротович Латипов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таъин гардидааст.
Дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият ба ӯ муваффақият ва барори кор орзумандем.
Рустам ЛАТИПОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ман мактаби хоси коромӯзӣ, сиёсатшиносӣ, муносибат бо ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз таҷрибаи дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вакил андӯхтаам дар фаъолияти минбаъдаи худ истифода хоҳам бурд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳамаи шумо барои кӯмаку дастгириатон миннатдории худро изҳор менамоям.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» сухан ба муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Юсуфиён Ҷамшед дода мешавад.
Ҷамшед Юсуфиён: — Муҳтарам Раис, Раёсат, Ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» бо мақсади такмили моддаи 16 ва ба қонунгузории бонкӣ мутобиқ намудани моддаҳои 21 ва 23 қонуни мазкур пешниҳод гардидааст.
Дар қисми дуюми моддаи 16-уми қонуни мазкур пешниҳод мегардад, ки баъди калимаи «шартҳо» калимаҳои «муҳлат, додани нусхаҳо» илова карда шаванд.
Дар моддаи 21-уми қонуни мазкур пешниҳод мегардад, ки қалимаҳои «бонкҳои тиҷоратӣ ё ташкилоти ғайрибонкии қарзию молиявӣ» ба калимаҳои «ташкилотҳои қарзӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ» ва калимаи «ҳисоботи» ба калимаи «ҳисоббаробаркуниҳои» иваз карда шаванд.
Дар номи моддаи 23-юми қонуни мазкур пешниҳод мегардад, ки калимаи «ҳисобҳои» ба калимаи «ҳисоббаробаркунии» иваз карда шавад.
Тағйироти мазкур имконият медиҳад, ки тартиби нигаҳдории ҳуҷҷатҳои аслии электронӣ тибқи таҷрибаи байналмилалӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мутобиқ карда шавад.
Қабули қонуни мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Шарипов Сӯҳроб Ибронович дода мешавад.
Сӯҳроб ШАРИПОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон, ҳозирини гиромиқадр!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2013 таҳти №1656 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.
Понздаҳуми январи соли 2013 лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро дар маҷмуъ дастгирӣ намуданд.
Ҳаштуми феврали соли 2013 барои такмил додани лоиҳаи қонуни мазкур аз номи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов мактуб ворид шуд, ки мувофиқи он қисми 3 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«3. Дар номи моддаи 23 калимаи «ҳисобҳои» ба калимаи «ҳисоббаробаркунии» иваз карда шавад.».
Бояд зикр намуд, ки бо қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур номутобиқатии дохилии меъёрҳои алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» бартараф шуда, ин амал боиси минбаъд аз байн рафтани мухолифат ҳангоми татбиқи ин меъёрҳо мегардад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки муҳимият ва зарурияти қабули лоиҳаи қонуни мазкурро ба инобат гирифта, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.
Сафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Гулов, А.Расулов, Э.Эсанқулов, Ш.Сироҷов, Д.Ҷабборов ва М.Кенҷаева пешниҳод гардидааст.
Мақсади асосии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба танзим даровардани фаъолияти гаравхонаҳо (ломбардҳо) ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар мавриди таҳти гарави молумулк гирифтани қарз аз гаравхонаҳо мебошад. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ зиёда аз 30 гаравхона ташкил шудааст, вале фаъолияти онҳо бо қонуни алоҳидаи соҳавӣ ба танзим дароварда нашудааст.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолияти гаравхона (ломбард) оид ба додани қарзи кӯтоҳмуддат бар ивази гарави молумулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молумулки манқули шаҳрвандонро, танзим менамояд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» барои рушди соҳибкории хурду миёна мусоидат намуда, боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба Буҷети давлат ворид гардидани маблағҳои иловагӣ мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гаравхонаҳо айни ҳол дар асоси муқаррароти Кодекси гражданӣ ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарав» фаъолият карда истодаанд, ки дар натиҷа фаъолияти онҳо мушаххас ба танзим дароварда нашуда, ҳуқуқи гаравхона ва шаҳрвандоне, ки молҳои худро ба гарав мегузоранд, пурра ҳимоя нагардидааст.
Ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида ҳолатҳои ғайриқонунӣ пеш бурдани фаъолияти гаравхона ҷой дорад. Ҳолатҳои зикргардида яке аз монеаҳои рушди ин соҳа гардида истодааст.
Дар раванди таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби вакилон фаъолияти гаравхонаҳо дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд бо ҷалби роҳбарон ва мутахассисони ин ташкилотҳо мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода, таклифу дархостҳои онҳо оид ба такмил додани лоиҳаи қонуни мазкур ба инобат гирифта шуд. Дар вохӯриҳо кормандон ва мутахассисони гаравхонаҳо таҳияи лоиҳаи қонуни мазкурро саривақтӣ ҳисобида, қабули онро ҷонибдорӣ намуданд.
Дар баробари ин, дар раванди таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Арманистон, санадҳои зерқонунии ҷумҳуриҳои Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида аз 4 боб ва 18 модда иборат буда, дар моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои асосӣ дарҷ гардида, дар он мафҳумҳои гаравхона, ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт-шартномаи қарз, шартномаи нигаҳдошт, чиптаи (билети) гарав, квитансияи номии нигаҳдошт, молумулки дархостнашуда муфассал шарҳ дода шудааст.
Моддаҳои 2 ва 3 дар бораи гаравхона ва иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти гаравхонаро дар бар мегиранд.
Бо моддаҳои 4, 5 ва 6-уми лоиҳаи қонуни мазкур фаъолияти ломбард, шароиту талаботи асосӣ ба фаъолияти онҳо, нархгузории молумулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда, инчунин суғурта кардани онҳо ба танзим дароварда шудааст.
Моддаҳои 7, 8, 9, 10 ва 11 тартиби қарздиҳӣ ва нигаҳдошти молумулк дар гаравхона, махфияти ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, тартиби ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдоштро дар бар мегиранд.
Дар моддаҳои 12, 13, 14, 15 ва 16 тартиби маҷбуран гирифтани молумулки (ашёи) ба гаравмонда ва ё ба нигаҳдошт супорида, муҳлатҳои имтиёзноки шартномаи қарз ва шартномаи нигаҳдошт, ситонидани маблағи қарз аз молу мулки дархостнашуда ва тартиби фурӯхтани молумулки дархостнакарда мушаххас шарҳ дода шудааст.
Моддаҳои 17 ва 18 ҷавобгарӣ барои риоя накардан ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро дар бар мегиранд.
РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.
Домуллоҷон ҶАББОРОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» бо мақсади ба танзим даровардани асосҳои ҳуқуқӣ, ташкили фаъолият ва муносибатҳои таҳти гарави молумулки манқули шаҳрвандон, қарз додан ва хизматрасонии ломбардҳо бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Гулов, А.Расулов, Э.Эсанқулов, Ш.Сироҷов, Д.Ҷабборов ва М.Кенҷаева таҳия гардидааст.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2012 таҳти № 1364 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.
1 феврали соли 2013 муҳокимаи парламентӣ «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони ҶДММ «Иқбол-2012» баргузор гардид.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»-ро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 116 таклифу эрод пешниҳод намуданд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 6 феврали соли 2013 бо иштироки намоядагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикргардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа аз таклифу дархостҳои воридшуда 81-тоаш қабул, 12-тоаш қисман қабул шуда, 23-тоаш қабул нагардид. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид шуданд, ки онро боз ҳам мукаммал гардониданд.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2013 таҳти № 1709 лоиҳаи қонун барои такмил ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия пас гардонида шуда буд.
Кумита бо иштироки субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои иловагиро ба лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор дода, аз нуҳ таклифу дархости воридшуда 6 -тоашро қабул ва қисман қабул кард.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Иномов Абдузафар дода мешавад.
Абдузафар ИНОМОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Тавре дар баромадҳои маърузачиён зикр гардид, лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо мақсади ба танзим даровардани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти гаравхона (ломбард), инчунин муносибатҳои байни шаҳрвандон ва гаравхона вобаста ба додани қарзҳои кӯтоҳмуддат ё молумулки таҳти нигоҳдошти гарав гузошташуда, таҳия гардидааст.
Дар шароити густариши муносибатҳои иқтисоди бозорӣ ва рушди имкониятҳо вобаста ба истифодаи маблағҳои пулӣ, таъмини фаъолияти институтҳои ҳуқуқи гражданӣ ташкили гаравхонаҳо яке аз самтҳои сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб рафта, муносибатҳо дар ин самт бояд тибқи қонун ба танзим дароварда шаванд.
Боиси тазаккур аст, ки аввалин гаравхонаҳо дар кишвари Франсия дар асри XV мелодӣ ташкил карда шуда, мақсади онҳо додани қарзҳо бо фоизи муайян ба қарзгирандагон ба ивази гарави маснуоти заргарӣ будааст.
Имрӯз дар бисёре аз кишварҳои дунё гаравхонаҳо ба таври васеъ фаъолият намуда, онҳо ҳамчун воситаи пешбурди таъминоти молиявии шаҳрвандон мавриди истифода қарор доранд.
Қабули қонуни мазкур имконият фароҳам меоварад, ки шаҳрвандон дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин бе сарфи вақти изофавӣ барои ҷамъоварӣ намудани ҳуҷҷатҳо, маълумотномаҳои гуногун ва дигар амалҳои вобаста ба гирифтани қарз, бар ивази гарави молумулки манқули дар ихтиёр доштаашон аз гаравхонаҳо маблағи заруриашонро гирифта тавонанд.
Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, гаравхона ташкилоти махсусгардонидашуда ва ё соҳибкори инфиродие мебошад, ки мутобиқи талаботи муайян ба фаъолияти вобаста ба гарав ва нигоҳдошти молумуки ба гарав гузошташаванда машғул мешавад.
Қабули қонуни зикршуда саривақтӣ буда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ,
Аъзам МӮСОЕВ,
«Садои мардум»
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ