Суҳбати телефонӣ

№123 (3760) 17.10.2017

12 октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати телефонӣ намуданд.

Дар оғоз Амири Давлати Қатар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва наз­дикони ӯ бинобар сабаби даргузашти бародарашон Нуриддин Раҳмон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ карданд.

Дар идома сарони ду давлат доир ба муҳимтарин масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Қатар табодули афкор намуданд.

Суҳбат дар фазои самимият, дӯстонаву ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.

 www.president.tj