Мулоқот бо соҳибкорон

№123 (3760) 17.10.2017

14 октябри соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» ба ифтихори таҷлили сеюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон», ки ҳар сол 14 октябр ҷашн гирифта мешавад, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон ва сармоягузорон баргузор гардид.

Дар он намояндагони Ҳукумати кишвар ва вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ва ҷумҳуриявӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, коршиносони варзида, ширкатҳои сармоягузор аз мамолики олам, дар маҷмӯъ, зиёда аз ду ҳазор нафар иштирок карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар назди иштирокчиён суханронӣ карда, ба соҳибкорони ватанию хориҷӣ комёбӣ ва муваффақият орзу намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадаф аз баргузории мулоқотро фароҳам овардани имконияти васеъ барои муколамаи соҳибкорон ва сармоягузорон оид ба масъалаҳои мубрами соҳибкориву сармоягузорӣ, муайян намудани самт ва роҳҳои асосии васеъ намудани ҳуқуқ ва имкониятҳои соҳибкорон ва сармоягузорон бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар мамлакат маънидод карданд. Тақвият бахшидан ба ислоҳот ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахшҳои саноати миллӣ, навсозии техникиву технологии корхонаҳои саноатӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ аз мақсадҳои дигари мулоқот арзёбӣ гардид. Ҳамчунин, дар мулоқот масъалаи рушди имкониятҳои содиротии мамлакат ва мусоидат намудан ба мубодилаи иттилоот, робита ва таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ҷиҳати рушди ҳамкории соҳибкорон ва сармоягузорон ҷойгоҳи хоса дошт.

Президенти кишвар аз иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва саҳми онҳо дар пешрафти бахши соҳибкорӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки Ҳукумати кишвар минбаъд низ ташаббусу пешниҳодҳои созандаи соҳибкоронро дастгирӣ мекунад ва барои амалӣ гардидани онҳо ҳама имкониятро муҳайё намудааст.

Вобаста ба иҷрои ҳадафҳои роҳбарияти давлат дар самти рушди иқтисодиёт ва дастгирии ҳамаҷонибаи бахши соҳибкорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомоти созандаи онҳо мусоидат намоянд.

Пас аз суханронӣ намояндагони бахши хусусӣ — соҳибкорон Нигина Икромова, Файзалӣ Раҷабов, муовини роҳбари Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд Кристина Лаабс, роҳбари ҳайати соҳибкорони Афғонистон, вакили парлумон Саид Икром, роҳбарони ширкатҳои ватанӣ Дадахон Очилов, Искандар Орифов, Парвиз Муллоев, Назира Дилёбова, табиби халқӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ, тарроҳ Мукаррама Қаюмова, Асадшо Зоҳиршоев, ­Раъногул Қурбонова ва Ҳусейн Сафаров суханронӣ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид дар фазои сармоягузории кишвар, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва сиёсати дарҳои боз изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Баромадкунандагон таъкид доштанд, ки вазифаҳои дарпешгузоштаи худро оид ба мусоидат ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ба таври самаранок иҷро менамоянд.

www.president.tj