Муҳтарам соҳибкорон ва сармоягузорон! Ҳозирини арҷманд!
Мулоқоти имрӯзаи мо ба муносибати Рӯзи соҳибкорон, ки се сол қабл ҳамчун рамзи дастгирии фаъолияти касбии шумо дар роҳи ободии Ватан эълон гардида буд, сурат мегирад.
Ба ин муносибат кулли соҳибкорони ватандӯсти кишвар ва ҳамаи шумо, ҳозирини муҳтарамро, табрик мегӯям ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳои нав орзу менамоям.
Дар ин толор, ҳамчунин, соҳибкорону сармоягузорони хориҷӣ ҳузур доранд, ки ман ба ҳар яки онҳо барои ҳамкорӣ ва саҳми арзишмандашон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барори кор мехоҳам.
Дар мулоқоти қаблии мо масъалаҳои вобаста ба рушди соҳибкорӣ, пеш аз ҳама, соҳибкории истеҳсолӣ, татбиқи босамари чорабиниҳо доир ба дастгирии соҳибкорӣ ва ислоҳоти низоми идоракунӣ баррасӣ гардида буданд. Дар натиҷа, аз соли 2015 то ба имрӯз дар кишвар 820 корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат бо 20 ҳазор ҷойи нави кории доимӣ ташкил карда шуд, ки аз онҳо 80 корхонаи муштарак бо фонди оинномавии беш аз 800 миллион сомонӣ мебошад.
Дар ин давра истеҳсоли беш аз 35 намуди маҳсулоти саноатии нав ба роҳ монда шуд.
Умуман, татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ дар даҳ соли охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба андозаи то 7 фоиз таъмин гардида, беш аз 650 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шавад ва даромади пулии аҳолӣ чор баробар афзоиш ёбад.
Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи 20 соли пеш аз 83 фоиз ба 30 фоиз расонида шуд.
Ислоҳоти амалигардида ва фаъолияти пурсамари бахши хусусӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, Тоҷикистон се маротиба ба даҳгонаи давлатҳои ислоҳотгар шомил гардид ва тибқи арзёбии агентиҳои рейтингии ҷаҳонӣ дар байни кишварҳои ҷолибтарини сайёҳӣ мавқеи дуюм ва дар байни кишварҳое, ки дар онҳо гирифтани раводид осон аст, мавқеи чорумро ишғол намуд.
Барориши муваффақонаи коғазҳои қиматноки давлатии кишвар ба бозори ҷаҳонӣ дастоварди навини кишвар ва самараи фаъолияти бисёрсолаи Ҳукумати мамлакат доир ба ташаккули иқтисоди бозорӣ, ислоҳоти бахши давлатӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоиди молиявию қарзӣ мебошад.
Дастгириҳои доимии давлат имкон доданд, ки имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то 70 фоиз зиёд гардида, 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъолро фаро гирад.
Ҳукумати Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.
Аз соли 2018 марҳалаи сеюми татбиқи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ оғоз мегардад, ки дар самти дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ яке аз санадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.
Мо мақсад гузоштаем, ки муносибатҳои муосири иқтисодиро тавассути такмили қонунгузорӣ, рушди низоми иҷрои қарордодҳо ва идоракунии корпоративӣ, таъмин намудани ҳуқуқи молумулкӣ, бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, афзоиш додани сармоягузорӣ ва коҳиш додани хавфҳои эҳтимолӣ таҳким бахшем.
Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ доир ба таҳким бахшидани шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавсеаи моликияти хусусӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва баланд бардоштани мавқеи соҳибкорӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Баъди вохӯриҳои қаблии мову шумо бо пешниҳоди соҳибкорону сармоягузорон қонунгузорӣ дар самти ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор хеле такмил дода шуд.
Бо мақсади беҳтар намудани маъмурикунонии андоз ва дастгирии соҳибкорӣ ба Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Бо вуҷуди ин, дар марҳалаи сеюми татбиқи барномаи зикршуда қабули як қатор санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ ба нақша гирифта шуда, бояд ҷиҳати иҷрои саривақтии қонунҳои қабулшуда тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Аз ин лиҳоз, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки дар ин самт чораҷӯйӣ намуда, барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва баланд бардоштани мақоми истеҳсолкунандаи маҳсулоти ватанӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
Ҳозирини гиромӣ!
Татбиқи босамари ислоҳот дар самти бақайдгирӣ ва сода гардонидани расмиёти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои сол ба сол зиёд шудани шумораи субъектҳои соҳибкорӣ замина гузошт.
Бо ҷорӣ гардидани низоми «Равзанаи ягона» муҳлати бақайдгирӣ барои шахсони ҳуқуқӣ аз 49 рӯз то 5 рӯз ва то 3 рӯз барои соҳибкорони инфиродӣ, шумораи сохторҳои бақайдгиранда аз 4 то 1 ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ аз 10 то 6 номгӯй кам гардида, расмиёти мувофиқакунонии бақайдгирӣ бо мақомоти давлатӣ аз байн бурда шуд.
Имрӯз шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 300 ҳазор расидааст, ки ин нисбат ба давраи то оғози ислоҳоти бақайдгирӣ қариб 85 фоиз зиёд мебошад. Ҷорӣ намудани тартиби электронии бақайдгирӣ ба коҳиш ёфтани хароҷот, аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва баъзе амалҳои номатлуб ҳамаҷониба мусоидат менамояд.
Бо мақсади боз ҳам содаву шаффоф намудани раванди бақайдгирӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосир дар ин самт ба Кумитаи андоз, Агентии омор, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа супориш дода мешавад, ки қабули ҳуҷҷатҳоро ҷиҳати бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз соли 2018 сар карда, ба тариқи реҷаи мустақим ба роҳ монанд.
Бо мақсади аз байн бурдани дахолати беасоси мақомоти назорат ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» қабул карда шуд, ки тибқи он минбаъд санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ аз рӯи хавф амалӣ карда мешавад.
Дар доираи ислоҳоти мазкур шумораи мақомоти санҷиш то 28 номгӯй кам гардида, соли ҷорӣ санҷишҳо нисбат ба соли гузашта 70 фоиз камтар шудаанд.
Бо вуҷуди ин, дахолати мақомоти санҷишу назорат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ҳанӯз ҳам зиёд ба назар мерасад, ки ин боиси нигаронист.
Бо мақсади пешгирӣ кардани санҷишҳои беасоси фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва такмил додани низоми бақайдгирии санҷишҳои баргузоршаванда ба Вазорати адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Кумитаи андоз супориш дода мешавад, ки лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунанда таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ҳозирини муҳтарам!
Дар солҳои 2013-2016 ҳаҷми умумии манбаъҳои андозбандие, ки нисбат ба онҳо имтиёзҳои андозӣ татбиқ шудаанд, қариб 60 миллиард сомонӣ ва маблағи имтиёзҳои воқеан истифодашуда 9 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин нишондиҳанда қариб 30 фоизи маблағи андозҳои дохилии дар ин давра ба буҷет воридгардидаро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар кишвари мо барои соҳибкорон ва сармоягузорон имтиёзҳо ва сабукиҳои зиёди андозӣ муқаррар карда шудаанд. Вале, тавре ки корҳои назоратии мақомоти андоз нишон медиҳанд, ҳоло ҳам як қисми андозсупорандагон дидаву дониста ба вайрон кардани қонунгузории андоз роҳ медиҳанд.
Масалан, аз рӯи натиҷаи санҷишҳои дар соли 2016 ва ҳашт моҳи соли 2017 гузаронидашуда, маблағи андози аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор (соҳибкорон) пинҳонкардашуда 1 миллиарду 520 миллион сомониро ташкил кардааст.
Дар иртибот ба ин, таъкид месозам, ки риояи талаботи қонунгузорӣ, эҳсоси масъулият дар назди ҷомеаву давлат ва нишон додани маърифати баланди ҳуқуқиву молиявӣ аз ҷониби соҳибкорон омили муҳими пешрафти кишвар маҳсуб меёбад.
Соҳибкорон ва сармоягузорони гиромӣ!
Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти таъмин намудани пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва таҳкими ҳамкории судманд бо шарикони рушд ҳаҷми воридоти сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар мунтазам афзоиш ёфта истодааст.
Тибқи ҳисобҳои оморӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти кишвар сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми беш аз 84 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар ҳаҷми 37 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ, ворид гардидааст. Дар баробари ин, таъкид бояд намуд, ки татбиқи ислоҳот дар самти истеҳсоли молҳои ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ташаббуси боз ҳам бештари соҳибкорону сармоягузоронро тақозо менамояд.
Таҳлили сохтори воридоти молҳо нишон медиҳад, ки дар 4 соли охир ба кишвар ба маблағи 8,4 миллиард сомонӣ гандум ва ғалладонагиҳо, орд ва маҳсулот аз он 2,6 миллиард сомонӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 1,6 миллиард сомонӣ, равғани растанӣ ва чорво наздик ба 2,7 миллиард сомонӣ, маҳсулоти тайёр аз орд ва гандум 2 миллиард сомонӣ, маҳсулоти коркарди меваю сабзавот 470 миллион сомонӣ, маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ 800 миллион сомонӣ, нӯшокиҳои ташнашикан 780 миллион сомонӣ, рангубори сохтмонӣ беш аз 1 миллиард сомонӣ, маҳсулоти фармасевтӣ қариб 2 миллиард сомонӣ, либос, пойафзол ва қисмҳои онҳо ва маҳсулоти бофандагӣ ба маблағи қариб 1 миллиард сомонӣ ворид карда шудааст.
Ин ва дигар номгӯйи молҳои воридотӣ бозгӯйи имкониятҳои истифоданашудаи кишвар, замина барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва содироти он, инчунин, таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ мебошад.
Аз ин рӯ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва дигар сохторҳоро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» чораҳои амалӣ андешанд.
Бояд гуфт, ки маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашуда ба муаррифӣ ниёз дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки намоиши молҳои истеҳсолкунандагони ватанӣ дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ба тақвияти иқтидори содиротии онҳо, дарёфти сарчашмаҳои сармоягузорӣ ва харидорон мусоидат менамояд.
Дар 15 соли охир зиёда аз 350 намоиши маҳсулоти истеҳсоли ватаниву хориҷӣ дар дохили кишвар гузаронида шудааст, аммо соҳибкорони ватанӣ молу маҳсулоти худро ҳамагӣ дар 32 намоиши байналмилалӣ берун аз ҳудуди мамлакат муаррифӣ намудаанд.
Бинобар ин, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи савдо ва саноат вазифадоранд, ки барои дар хориҷи кишвар муаррифӣ намудани молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Бо истифода аз фурсат, хотирнишон месозам, ки дар натиҷаи татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар самти энергетика, «иқтисоди сабз» ва масъалаҳои алоқаманд бо захираҳои об Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ дар намоишгоҳи байналмилалии «Экспо – 2017» дар шаҳри Остона дар байни 115 давлат ва 22 ташкилоти хориҷӣ аз рӯи номинатсияи «Муаррифии мавзӯи намоишгоҳ» сазовори ҷойи якум гардида, бо мукофоти байналмилалии «Ҷоизаи тиллоӣ» сарфароз гардонида шуд.
Дар замони соҳибистиқолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва ташаккули шаклҳои гуногуни моликият дар мамлакат дар заминаи корхонаҳои давлатӣ беш аз 1000 ҷамъияти саҳомии кушода таъсис ёфта, то имрӯз бастаи саҳмияҳои 88 фоизи онҳо хусусӣ гардонида шудаанд.
Вале ҳоло қисми зиёди корхонаҳои хусусишуда аз фаъолият бозмондаанд ё нопурра фаъолият менамоянд. На ҳамаи соҳибмулкони корхонаҳои хусусишуда азнавсозии иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таъмини рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшударо таъмин кардаанд.
Дар мамлакат бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкории истеҳсолӣ ва воридоти таҷҳизоти нави истеҳсоливу технологӣ, инчунин, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, воридоти як қатор таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.
Илова бар ин, пешниҳод менамоям, ки аз 1 январи соли 2018 воридоти ҳамаи намудҳои таҷҳизоти истеҳсоливу технологӣ ва қисмҳои такмилии онҳо аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шавад.
Дӯстони азиз!
Соҳаи кишоварзӣ омили муҳими ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва манбаи ашёи хом барои корхонаҳои саноатӣ мебошад, ки тибқи маълумоти оморӣ дар ин соҳа беш аз 1,5 миллион нафар ё 65 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт машғулбуда фаъолият менамояд.
Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ташаккули инфрасохтори он дар 25 соли охир лоиҳаҳои сармоягузориро дар ҳаҷми қариб 5 миллиард сомонӣ татбиқ кардааст ва ин раванд дар оянда низ идома меёбад.
Ҷорӣ намудани имтиёзҳои гумрукӣ барои воридоти техника ва технологияҳои таъиноти кишоварзӣ ба инкишофи соҳа заминаи мусоид фароҳам овард.
Танҳо дар 7 соли охир ба кишвар ба маблағи 730 миллион сомонӣ қариб 6 ҳазор трактор ва дигар техникаи таъиноти кишоварзӣ ворид гардидааст ва маблағи дар доираи имтиёзҳои гумрукӣ озодшуда беш аз 100 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Зиёд гардидани майдони боғу токзори мамлакат, истифодаи самараноки заминҳои кишт ва афзоиши саршумори чорво тақозо менамояд, ки корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳар чӣ бештар таъсис дода шаванд.
Дар давоми се соли охир дар ин самт зиёда аз 170 корхонаи хурду миёна бунёд карда шудааст, ки ҳанӯз қонеъкунанда нест.
Ба мамлакат дар се соли охир ба маблағи умумии зиёда аз 13 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ ворид гардида, содироти маҳсулоти соҳа ҳамагӣ 1,2 миллиард сомониро ташкил кардааст, ки аз ҳаҷми воридот 12 баробар кам аст. Ҳол он ки имкониятҳои кишвар дар содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва маводи коркарди он зиёданд.
Соҳибкорон танҳо бо шарти ба роҳ мондани истеҳсолоти ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ, ташкили сардхонаҳо ва омӯзиши талаботи истеъмолкунандагони бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ метавонанд арзиши иловагии баландро ба даст оранд.
Дар ин раванд, ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо дар соҳаҳои растанипарварӣ ва маҳсулнокии чорво бисёр муҳим мебошад.
Ҳукумати кишвар барои пешрафти соҳаҳои маорифу тандурустӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқиро фароҳам овардааст ва дар ин самт ташаббусҳои соҳибкоронро низ ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
Ҳоло дар кишвар 81 муассисаи томактабӣ, 45 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва як муассисаи таҳсилоти олии касбии хусусӣ фаъолият дорад, ки хеле кам аст.
Тайи 10 соли охир аз ҷониби соҳибкорони саховатманди ватанӣ 132 бинои муассисаи таълимӣ бо беш аз 25 ҳазор ҷойи нишаст ва ба маблағи 105 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.Танҳо соли ҷорӣ 14 муассисаи таълимӣ бо харҷи 32 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.
Соҳаи маориф ҳамчун бузургтарин бахши иҷтимоӣ зиёда аз 2 миллион хонандаву донишҷӯй ва 120 ҳазор омӯзгорро фаро мегирад.
Шумораи хонандагон ҳамеша дар ҳоли афзоиш буда, ҳар сол ба ҳисоби миёна 50-60 ҳазор нафар зиёд мегардад.
Табиист, ки бо афзоиши шумораи хонандагон талабот ба сарулибоси мактабӣ, лавозимоти хониш ва муассисаҳои таълимӣ низ ҳамасола зиёд мешавад.
Ҳарчанд ки солҳои охир дар мамлакат аз ҷониби соҳибкорон як қатор корхонаҳои истеҳсоли либоси мактабӣ ба истифода дода шудаанд, вале на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо қарори дахлдори Ҳукумати кишвар дар ин самт иҷро гардидааст.
Ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш кам ва сифати моли истеҳсолшаванда низ ба талабот пурра ҷавобгӯй намебошад.
Тибқи маълумот либоси мактабӣ ба Тоҷикистон то ҳанӯз аз хориҷа ворид шуда истодааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.
Бинобар ин, масъулони соҳаи саноати кишвар, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар самти таъсис додани корхонаҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли пойафзоли бачагона, мизу курсии мактабӣ ва дигар лавозимоти хониш тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Бояд гуфт, ки дар шароити мунтазам афзоиш ёфтани шумораи хонандагон ва донишҷӯён бунёди муассисаҳои таълимии хусусӣ барои соҳибкорон низ самти муҳиму манфиатноки фаъолият мебошад.
Ҳукумати кишвар барои ташкили чунин муассисаҳо ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардааст.
Имрӯзҳо барои пешрафти соҳибкорӣ дар соҳаи тандурустӣ низ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бо ин мақсад дар кодексҳои андозу гумрук воридоти дорувории тиббӣ, асбобу таҷҳизоти тиббиву фармасевтӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.
Дар 7 соли охир воридоти таҷҳизоти тиббӣ ва фармасевтӣ дар ҳаҷми беш аз 450 миллион сомонӣ тибқи реҷаи имтиёзноки гумрукӣ сурат гирифта, маблағи имтиёз қариб 60 миллион сомониро ташкил додааст.
Яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ дастрасӣ ба дорувории хушсифат мебошад, зеро то ҳол 90 фоизи доруворӣ аз хориҷи кишвар ворид шуда истодааст ва на ҳамаи онҳо ба талаботи стандарт ҷавобгӯ мебошанд.
Тибқи омори расмӣ ҳамасола ба кишвар дар ҳаҷми 250-300 миллион сомонӣ маҳсулоти доруворӣ ворид карда мешавад.
Вобаста ба ин, соҳибкорону сармоягузоронро зарур аст, ки бо дарназардошти имкониятҳои фаровони табиӣ ва ашёи хом, аз ҷумла гиёҳҳои шифобахши мамлакатамон, барои тараққӣ додани саноати дорусозӣ саҳми худро гузоранд.
Ҳамзамон бо ин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар масъалаи бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳҳои ташхиси маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо ҷалби сармояи мустақим ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои соҳаи тандурустӣ тавассути истифодаи васеъ аз механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳозирини гиромӣ!
Фаъолияти муназзами бахши молия ва бонкдорӣ яке аз шартҳои асосӣ ва муҳими рушди бахши хусусӣ мебошад.
Мувофиқи омори бонкӣ дар панҷ соли охир фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарзии мамлакат дар ҳаҷми умумии 49 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Танҳо тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ зиёда аз 154 лоиҳаи тиҷоратӣ дар 49 шаҳру ноҳияи кишвар ба маблағи 200 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардидааст.
Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари фароҳам омадани имкониятҳои молиявӣ ҳаҷми маблағҳоро барои Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкорӣ минбаъд низ афзоиш дода, сандуқи қарзии онро зиёд менамояд.
Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки маблағҳои пешбинишуда бояд асосан ба фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, инчунин, ба вусъат бахшидани фаъолияти субъектҳое, ки маҳсулоти ватаниро дар дохил ва хориҷи кишвар муаррифӣ мекунанд, истифода бурда шаванд.
Аз сабаби баланд будани меъёри фоизҳои қарзӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ, ки меъёри миёнаи онҳо бо асъори миллӣ 25-30 фоизро ташкил медиҳад, мушкилоти норасоии воситаҳои гардон ҳанӯз ҳам ҷой дорад.
Ҳол он ки фоизи миёнаи амонатҳои қабулшудаи бонкҳо бо асъори миллӣ 13-15 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 5-6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар баробари ин, фаъолияти номуназзами баъзе бонкҳои тиҷоратӣ боиси халалдор шудани фаъолияти соҳибкорон, аз ҷумла паст шудани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, гардиши молиявӣ ва дигар нишондиҳандаҳои корхонаҳо гардидааст.
Бинобар ин, ба роҳбарони Бонки миллӣ, бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои молиявӣ дастур дода мешавад, ки ба масъалаҳои таъмин намудани рушди устувори низоми бонкӣ, ба беҳтар кардани сифати дороиҳо, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, пурзӯр намудани идоракунии хавфҳо, зиёд намудани сармояи асосӣ, такмил додани усулҳои идоракунии корпоративӣ, сатҳи пардохтпазирӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият диққати ҷиддӣ диҳанд.
Барои татбиқи ислоҳот дар самти қарздиҳӣ зарур аст, ки аввалан, феҳристи ягонаи электронии гарави амволи ғайриманқул, бо дарназардошти муттаҳид гардонидани он аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ва навъи дороӣ, инчунин, низоми иттилоотии электронии бақайдгирии қарздорон, ташкил карда шавад.
Дуюм, дар қонунгузории мамлакат ҳуқуқи афзалиятноки қарздорони таъминкардашуда муқаррар гардида, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави амволи манқул», Кодекси гражданӣ ва дигар санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.
Бо мақсади ҷалби бештари сармоя ба кишвар ва рушди бахши хусусӣ Бонки миллӣ, Вазорати адлия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази миллии қонунгузорӣ дар муҳлати кӯтоҳтарин лоиҳаи санадҳои қонунгузориро оид ба гарави молу мулки манқул таҳия ва ба Ҳукумат пешниҳод намоянд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҷалби занон ба соҳибкорӣ ҳамаи шароиту имкониятҳои мусоидро фароҳам овардааст.
Барои дастгирии соҳибкории бонувон, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо дар даҳ соли охир аз ҳисоби грантҳои президентӣ зиёда аз 12 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Имрӯз бонувони соҳибкори мамлакат қариб 22 фоизи субъектҳои соҳибкории кишварро ташкил медиҳанд ва роҳбарони 10 фоизи корхонаҳои хурду миёна занону бонувон мебошанд.
Бонувони фаъоли мамлакат роҳбарии 25 фоизи хоҷагиҳои деҳқонии амалкунандаро ба зимма доранд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2010 даҳ баробар зиёд мебошад.
Дар иртибот ба ин, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Фонди дастгирии соҳибкорӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки ташаббусҳои созандаи занони соҳибкорро пайваста дастгирӣ намоянд.
Соҳибкорони муҳтарам!
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои корӣ, пешрафти соҳибкорӣ, муаррифгари фарҳангу таърих, иқлими мусоид, обу чашмаҳои мусаффо ва набототу ҳайвоноти нодири кишварамон ба ҳисоб меравад.
Таъсиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ҷорӣ шудани як қатор имтиёзҳои андозу гумрук ба рушди соҳа такони нав мебахшанд. Тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои соҳибкорон андешидашуда дар самти сайёҳӣ шароити боз ҳам беҳтар фароҳам овардааст.
Танҳо зарур аст, ки дар ин соҳа сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон баланд бардошта, мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ омода карда шаванд.
Кумитаи рушди сайёҳиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорону сармоягузорон, бо истифода аз имкониятҳои табиӣ ва шароити фароҳамовардаи Ҳукумат барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ва дар ин замина баланд бардоштани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодии мамлакат ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ чораҷӯйӣ намояд.
Ҳукумати кишвар ташаббусу пешниҳодҳои созандаи соҳибкоронро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.
Ҳоло ба тамоми сохторҳои давлатӣ бори дигар супориш дода мешавад, ки ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомоти созандаи онҳо мусоидат намоянд.
Соҳибкорон бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон равона намоянд.
Шумо – соҳибкорони бонангу номус, ҳамеша иқдомоти Ҳукумати мамлакатро бо дарки амиқи масъулият самимона пуштибонӣ менамоед, барои имрӯзу ояндаи кишвар ва пешрафти давлат кӯшиш мекунед, дар раванди ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хулоса, дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳмгузор ҳастед.
Бинобар ин, ба ҳамаи шумо – соҳибкорони ҳимматбаланд сидқан миннатдорӣ баён карда, итминон дорам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми бештар мегузоред.
Дар охир ба ҳамаи шумо, соҳибкорони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ, саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзумандам.
Ҳамеша муваффақ бошед!