Посух ба мақолае, ки дар шумораи №103 (3740), 28 августи соли 2017 ба табъ расидааст
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар бахшҳо ҷиҳати рушди саноати сабук пайваста чораҳои судманд меандешад. Бахусус, ба масъалаи бунёди корхонаҳои тавлиди атласу шоҳӣ, адрасу гулдӯзӣ, ки рамзи либоси миллӣ аст, диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ва ҷиҳати иҷрои муқаррароти Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.06.2014, № 375 «Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҳар чӣ бештар ҷалб намудани занону духтарони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гулдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, адрасбофӣ, ҷомадӯзӣ, кешбофӣ, сабадбофӣ ва тоқидӯзӣ то 30 августи соли 2017 дар 65 шаҳру ноҳияи кишвар 489 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ ташкил ва дар онҳо 11040 нафар ҷалб гардидааст.
Аз 65 шаҳру ноҳияи кишвар дар 55 ададаш 215 маркази таълимӣ – истеҳсолӣ оид ба адрасу атласбофӣ таъсис дода шудааст.
Аз ҷумла, дар вилояти Суғд – 165, вилояти Хатлон – 34, шаҳри Душанбе ва НТҶ-12 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – 4 адад таъсис ёфтаанд. Дар вилояти Хатлон ба омӯзиши касби адрас ва атласбофӣ -657 нафар, қолинбофии дастӣ – 439, зардӯзӣ – 203, гулдӯзӣ-293, қуроқдӯзӣ-374, бофандагӣ-290 ва дӯзандагӣ – 1938 нафар зану духтар ҷалб гардидааст. Адрасу атласбофӣ дар 24 шаҳру ноҳияи вилоят рушд ёфта истодааст.
Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки барои харидорӣ намудани маҳсулоти ватанӣ дар ҶСК «Маркази савдои Тоҷикистон»-и шаҳри Душанбе (собиқ Универмаги марказӣ) фурӯши атласу адраси тоҷикӣ ташкил карда шудааст.
Хол Ҳайдар,
муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон