масъулин дониста хато кардаанд ё тасодуфан?
Сокини Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқбол»- и ноҳияи Бохтар Баротзода Шараф ба идораҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ муроҷиат кардааст. Бинобар қонеъ набудан аз ҷавоби масъулин, ба идораи рӯзномаи «Садои мардум» мактуби шикоятӣ овард.
Дар он баҳс аслан роҷеъ ба масъалаи замин аст. Муаллифи мактуб танҳо нест. Назарбек Болтаев, Анвар Болтаев, Ҳанифа Каримова, Гулрафтор Каримова ва Маҳмадӣ Болтаев низ бо ӯ ҳаммуаллиф мебошанд. Номбурда иддао дорад, ки 25 январи соли 2016 таҳти №Б-75 барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои собиқ колхози Н. Сафаров бо ариза ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар муроҷиат намуд. Баъд аз як моҳ ба муроҷиаташ посух гирифт, ки бинобар бесаҳм будани заминҳои фонди захиравӣ, ариза бояд иваз карда шавад. Номбурда чунин ҳам кард ва ҳуҷҷатҳои лозимаро ҷамъоварӣ намуда, ба Кумитаи идораи замини ноҳия супорид. 26 марти соли 2016 таҳти №199 қарори раиси ноҳияи Бохтар оид ба ҷудо намудани се гектар замин ба муҳлати 15 сол аз тарҳи 229 ба тасвиб расид. Ҳамон рӯз масъулин барои ҷудо намудани қитъаи замини дар қарор зикршуда ба тарҳи 229 мераванд, аммо Султонов Шарифро, ки замини ин тарҳ ба ӯ вобаста будааст, намеёбанд. Тақсими заминро ба 28 март мавқуф мегузоранд, аммо дар ин рӯз Қуноқов Элмурод (роҳбари хоҷагии Қ. Элмурод) бо писарҳояш меоянд ва аз додани замин даст мекашанд. Шараф Баротзода изҳор дошт, ки замини ин тарҳ 7 феврали соли 2012 ба қарори №87 ба Султонов Шариф муҳлатнок дода шудааст, аммо муҳлати истифодаи он дар қарор дарҷ нагардидааст. Номбурда нодуруст будани инро бо моддаи 13 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок мекунад, ки дар он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба муҳлати муайян додани замин таъкид шудааст.
Шараф Баротзода баъдан бо мактуб ба Кумитаи идораи замини ноҳия муроҷиат намуд ва муроҷиаташ ба муовини раиси кумита Абдурасул Ашӯров вобаста гардид.
- Баъди 45 рӯз, яъне 20 майи соли 2016 аз натиҷаи ариза пурсон шудем. А. Ашӯров серкориро баҳона намуда, гуфт, ки заминро кишт кардаанд, аз ин рӯ соли дигар тақсим менамоем. Хулоса, баъди 61 рӯз ба аризаи ман ҷавоб гардониданд, вале дар ҷавобҳо таърихи 10 майи соли 2016 қайд гардида буд. Ба Прокуратураи вилояти Хатлон муроҷиат намудем. Онҳо аризаи моро ба Прокуратураи ноҳияи Бохтар барои баррасӣ равон намуданд. Баъди 67-68 рӯз, яъне 19 сентябри соли 2016 таҳти №18 ба ариза ҷавоб гирифтам, — изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки 7 феврали соли 2016 дар асоси қарори раиси ноҳия таҳти №87 ба Султонов Шариф барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ (самти рустанипарварӣ) аз ҳисоби фонди захиравии 15-фоиза аз як қисми тарҳи 229- и хоҷагии деҳқонии «Фирӯз» муҳлатнок замин ҷудо карда, муҳлати истифодаи заминро дар қарори зикргардида нишон надодаанд, ки ин ҳолат бо қарори раиси ноҳия таҳти №238 аз 12 апрели соли 2016 бартараф карда шуд. Бо пешниҳоди раиси Кумитаи идораи замини ноҳия ба банди 2 қарори раиси ноҳия №87 аз 7 феврали соли 2012 тағйирот ворид карда шуда, муҳлати истифодабарии замини хоҷагии деҳқониии Султонов Шариф 20 сол нишон дода шудааст.
Раиси ноҳияи Бохтар Ҷаббори Ғаффор зимни суҳбат гуфт, ки бинобар баромадани ду қарор дар як қитъаи замин, қарори дуюм бекор карда шуд. Муовини якуми раиси ноҳия Сафар Шафовиддинов, ки дар замони раиси Кумитаи идораи замин буданаш ин мушкилот сар задааст, гуфт, воқеан камбудӣ аз ҷониби мутахассисони Кумитаи идораи замин сар зад ва ду қарор барои як қитъа баромад. Аз ин рӯ, дар доираи талаботи қонун қарори баъдан баромада бекор карда шуд. Номбурда ҳамчунин гуфт, ки ин мушкилот мадди назар аст ва пас аз ҷамъбасти маъракаи ҳосилғундорӣ ҳалли худро меёбад.
Мутаассифона, С. Шафовиддинов дар ҳоле аз иштибоҳан баромадани қарори раиси ноҳия барои додани қитъаи замин ба Шараф Баротзода сухан мегӯяд, ки дар «Санад дар бораи додани қитъаи замин ба шаҳрванд Баротзода Шараф Аскар барои кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ», ки комиссияи дахлдор тартиб додааст, ба шаҳрванд Султони Шариф тааллуқ доштани қитъаи замин дарҷ шудааст. Дар банди дуюми санад омадааст:
«Қитъаи замини пурсидашуда мувофиқи харитаи заминистифодабарии хоҷагии ба номи Н.Сафаров дар як қисми тарҳи 229 дар майдони 3,0 га, аз он ҷумла корами обӣ 3,0 га ҷойгир буда, аз ҳисоби заминҳои фонди захиравии ноҳия айни ҳол дар истифодаи шаҳрванд Султони Шариф мебошад».
Дар банди се бошад, чунин ҷумла ҳаст:
«…Аз ин лиҳоз комиссия маъқул мешуморад, ки қитъаи замини мазкурро дар майдони 3,0 га, аз он ҷумла корами обӣ 3,0 га, ба шаҳрванд Баротзода Шарафи Аскар барои кишти зироатҳои хоҷагии қишлоқ ба истифодаи муҳлатноки дарозмуддат (15 — сола) дода шавад».
Ғайр аз ин, дигар идораҳои марбутаи ноҳия, аз ҷумла Ҷамоати деҳоти «Сарвати истиқлол», идораи кишоварзӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи идораи замин, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ низ дар истифодаи Султони Шариф будани қитъаи заминро тасдиқ намуда, ҳамзамон барои додани он ба Шараф Баротзода розигӣ додаанд. Модоме чунин аст, «хато шудааст» гуфтани масъулини мақомот ба ҳақиқат рост намеояд.
Дар мактуб, ҳамчунин аз нобуд шудани саҳми Назарбек Болтаев, Анвар Болтаев, Ҳанифа Каримова, Гулрафтор Каримова ва Маҳмадӣ Болтаев сухан меравад. Ашхоси зикршуда иддао доранд, ки дар гузашта корманди хоҷагӣ буданд, аммо имрӯз, ки ба замин эҳтиёҷ доранд, наметавонанд саҳмашонро соҳиб шаванд. Болтаев Назарбек изҳор дошт, ки 17 аъзои оилааш ҷойи кор надоранд ва барои пешбурди зиндагӣ умедашонро ба замин бастаанд. Онҳо дар аризае, ки ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар додаанд, гуфтаанд, ки дар кооперативи истеҳсолии «Фирӯз» кор мекарданд, вале дар рӯйхати саҳмдорон номашон нест. Бигзор, масъулин ин масъаларо дар ҳузурашон маълум намоянд. Онҳо иддао доранд, ки ин корро собиқ саркори хоҷагӣ Қуноқов Элмурод кардааст. Номбурда гуфт, ки намояндаҳои мақомот ҳамаашро санҷиданд, аммо бо гузашти як сол натиҷаи корашон маълум нест. Ҳол он ки онҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи корманди хоҷагӣ буданашонро пешниҳод намудаанд, ки ба осонии кор мусоидат мекунад. Масалан, Каримова Ҳанифа аз ҳамин хоҷагӣ нафақа баромадааст, аммо имрӯз номаш дар рӯйхати саҳмдорон нест.
Заминсози Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол» Усмон Исоев оид ба ин масъала гуфт, ки агар саҳм вуҷуд дошта бошад, ҳеҷ кас онро инкор карда наметавонад. Ӯ изҳор дошт, ки номи ҳамсар, келин ва духтари Назарбек Болтаев дар рӯйхати саҳмдорон вуҷуд дорад, биноан, онҳо метавонанд аз қитъаҳое, ки замини холӣ мавҷуд аст, саҳмашонро гиранд.
Қуноқов Элмурод зимни суҳбат изҳор дошт, ки замоне заминро барои истифода гирифта буд, ки роҳбарияти ноҳия аз ӯ хоҳиш кард, зеро замин бекор буд.
- Муҳриддин Шералиев раиси ноҳия буд ва ман он вақт бригадир кор мекардам. Даъват карда гуфт, ки заминҳоро алафи бегона пахш кардааст, қобилият дорӣ, 8 гектар замин гирифта кор кун. Хуб гуфтам ва роҳбарияти баъдӣ замини боғро дод.
Вақте мо заминро гирифтем, бекор буд. Ҳазорҳо сомонӣ хароҷот намуда, онро ҳамвор кардем. Поёни замин қамишзор шуда, аз истифода баромада буд. Ба воситаи техника онро ҳамвор кардем ва чанд нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.
Дар масъалаи бунёди боғ дастуру супоришҳои Президенти кишвар аст. Мо ҳам дар пайравӣ ба Пешвои миллат дар майдони ду гектар боғ бунёд кардем. Вақте ки онҳо ба чанд ҷо муроҷиат карданд, масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар пешниҳод намуданд, ки аз дигар ҷо замин гиранд, аммо ҷавоби рад доданд ва ҳамон заминро талаб карданд, ки дар ихтиёри мост,-изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки барои истифодаи замин аз соли 2009 қарори раиси ноҳияи Бохтарро доранд.
Вақти оғози киштукор Болтаев Назарбек омада, изҳор дошт, ки заминро онҳо гирифтанд. Вақте наздикони мо пурсиданд, ки «чӣ хел?» ҷавоб мегӯяд, ки бо қарори раиси ноҳия. Мо ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар рафтем ва гуфтем, ки агар қарори моро бекор карда бошанд, нишон диҳанд, вагарна бинобар баровардани ду қарор ба як қитъаи замин ба прокуратура шикоят мекунем. Баъд аз ин қарори дуюм бекор карда шуд. Ӯ, ҳамчунин гуфт, ки айни замон ба ғайр аз ду гектар боғ боқимонда замин ба Кооперативи истеҳсолии «Беҳрӯзҷон» вобаста шудааст.
Доир ба камбудиҳои дар ҳуҷҷатҳо мавҷуда, ки баъдан бо қарори раиси ноҳия бартараф шудааст, Э. Қуноқов гуфт, ки аввал дар қарор муҳлати истифодаро нишон надода буданд. Ба он хотир ки заминҳои фонди захиравӣ аст ва дар сурати пеш омадани зарурат, онро пас мегиранд. Сертификат ҳам лозим нест гуфта буданд. Вақте ки зарурати будани муҳлат ва доштани сертификат ба миён омад, бо пешниҳоди Кумитаи идораи замин ба қарори раиси ноҳия тағйирот ворид ва камбудиҳо бартараф шуд. Номбурда, ҳамчунин зикр кард, ки ҳуҷҷатгузорӣ салоҳияти мақомот аст ва дар нодуруст будани ӯ мо масъул нестем…
Масъалаи дигаре, ки дар мактуб дарҷ шудааст, доир ба сохтакории ҳуҷҷатҳост. Муаллифони мактуб зикр кардаанд, ки ҳангоми таҳияи протоколи Маҷлиси умумии шӯрои саҳмдорони Кооперативи истеҳсолии «Фирӯз» ба сохтакорӣ роҳ дода шудааст, зеро теъдоди саҳмдорони дар маҷлис иштироккарда нишон дода нашудааст. Маҷлиси умумии саҳмдорон 28 августи соли 2009 гузаронида шуда, санади ҷудо кардани замин 27 августи соли 2009 тартиб дода шудааст. Инчунин, ба 10 аъзои хоҷагии деҳқонии Қ. Элмурод ба ҷойи 0,23 гектар 0,40 гектар замин ҷудо шуда, номи се нафари дигар, ки саҳмдор набудаанд, ба рӯйхати аъзои хоҷагӣ дохил карда шудаанд. Бинобар ин, ба ҷойи 1,61 гектар 4 гектарро гирифтаанд, ки 2,39 гектар зиёдатӣ буда, бе сертификати ҳуқуқи истифодаи замин истифода шудааст. Ин камбудӣ зимни санҷиши прокурор низ ошкор шудааст.
Доир ба ин масъала роҳбари хоҷагии Қ. Элмурод Э. Қуноқов изҳор дошт, ки воқеан чунин камбудӣ зимни санҷиши прокурор ошкор шуд. Баъд аз эътирози прокурор, ба қарори раиси ноҳияи Бохтар аз 4 декабри соли 2009, №549 тағйирот дароварда шуда, аз ҳисоби саҳмдорони собиқ колхози Н.Сафаров 9 нафар ба аъзогии хоҷагии деҳқонии Қ. Элмурод дохил карда шуд. Ду нафар-Султонова Моҳшариф ва Султонов Умед бинобар набудани номашон дар рӯйхати саҳмдорони собиқ колхози Н. Сафаров аз рӯйхати саҳми хоҷагии деҳқонии Қ. Элмурод хориҷ карда шудаанд. Ҳамин тариқ, аъзои хоҷагии деҳқонии Қ. Элмурод ба 17 нафар расида, бар сари ҳар аъзо 0,23 гектар рост меояд. Номбурда гуфт, бинобар он ки замин ба ихтиёри дигар хоҷагӣ гузашт ва дар ихтиёри хоҷагӣ 2 гектар боғ боқӣ мондааст, айни замон бар сари ҳар узви хоҷагӣ каме зиёдтар аз 11 — садякӣ замин рост меояд.
Дар сар задани баҳси зикршуда, ки миёни ду тараф дар ноҳияи Бохтар идома дорад, воқеан нақши мақомоти маҳаллӣ «барҷаста» аст, зеро саҳлангорӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳо сабаб шудааст, ки ду гурӯҳ барои як қитъаи замин вориди баҳс шаванд. Агар дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар ба аризаи Шараф Баротзода бобати дар ихтиёри каси дигар будани замини пурсидашуда маълумот медоданд, шояд баҳс ин қадар тӯлонӣ намешуд. Мо иҷрои қазияро ба масъулин ҳавола мекунем ва умедворем, ки ба нофаҳмиҳо нуқта мегузоранд, чунки ин вазифаи онҳост.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Душанбе — Бохтар – Душанбе