28 феврали соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 32 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.
Ҳоло дар толор 32 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.
Дар Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки ба иҷлосия даъват шудаанд, дар толор ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст котиботи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем. Оид ба ин масъала ба таваҷҷуҳи шумо матни лоиҳаи қарори зерин пешниҳод мешавад:
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи котиботи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум
Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Котиботи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:
Раиси котибот:
Раҷабова Зарина Солиҷоновна
Аъзои котибот:
Азизов Абдулафиз
Гулаёзов Шодихон Алидодхонович.
Чӣ гуна таклифҳо доред? Лоиҳаи қарори зикршударо ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд. Аз аъзои Маҷлиси миллӣ, ки ба ҳайати котибот интихоб шуданд, хоҳишмандам ба ҷойҳои кориашон гузаранд.
Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Ташаккур.
Бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қарор қабул шуд:
1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ»
6.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»
7.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»
8.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ»
9.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»
10.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»
11.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ»
12.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
13.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
14.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет»
15.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»
16.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»
17.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ»
18.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
19.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ»
20.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила»
21.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ»
22.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»
23.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо»
24. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
25. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
26. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
27.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»
28.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ»
29. Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон дар соли 2012»
30. Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бохтар, Темурмалик, Ҷиликӯл, Панҷ, Қубодиён, Қумсангир ва Восеъи вилояти Хатлон»
31. Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд»
32. Дар бораи қатъ намудани ваколати муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров М.
33. Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013».
РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Худоёров Бахтиёр Таварович дода мешавад. Марҳамат.
Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2013 қабул намудааст.
Мақсади қабули Қонуни конститутсионии мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат мебошад.
Мувофиқи тағйирот ба қонуни конститутсионии номбурда, меъёрҳои нави танзимкунандаи собиқаи кории касбии судяҳои Суди конститутсионӣ, ки барои ба истеъфо баромадани онҳо ҳуқуқ медиҳад, инчунин андозаи фоизи таъминотпулии онҳо муайян карда шудааст.
Дар ин радиф, қисми чоруми моддаи 111 қонуни конститутсионии мазкур дар таҳрири нав ифода карда шудааст:
«Ба судяи Суди конститутсионии дар истеъфобуда, ки сию панҷ сол собиқаи кории умумии ҳуқуқшиносӣ, аз ҷумла на камтар аз понздаҳ сол собиқаи кории судягӣ дорад, таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод баробар ба шаст фоизи музди меҳнати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. Таъминотпулии ҳармоҳаи умрбод барои ҳар соли минбаъдаи корӣ дар вазифаи судягӣ ба андозаи як фоизи музди меҳнати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешавад, вале он аз шасту панҷ фоизи музди меҳнати судя зиёд буда наметавонад.».
Қонуни конститутсионӣ ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни конститутсионии мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: - Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.
Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2013 қабул намудааст.
Мақсади қабули Қонуни конститутсионии мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даровардани имтиёзҳои судяҳо ҷиҳати татбиқ намудани ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ ва дар доираи он такмилу таҳким бахшидан ба сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ иборат мебошад.
Бо ин мақсад қисми панҷуми моддаи 127 Қонуни конститутсионии мазкур дар таҳрири нав ифода карда шудааст, ки мувофиқи он: «Хизматрасонии тиббӣ ба судя ва аъзои оилаи ӯ дар ҳамон муассисаи табобатӣ, ки то ба мансаби нави давлатӣ гузаштан ё гузаронидан ва ба истеъфо ё ба нафақа баромадани судя расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад.».
Қонуни конститутсионӣ ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни конститутсионии мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.
Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Хайруллоев, М. Зувайдов ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Маҳмудов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 январи соли 2013 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байн бурдани мухолифати дохилии Кодекс ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ ва дигар санадҳои қонунгузории амалкунандаи кишвар, тақвият бахшидан ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва пайгириву мусоидат намудан ба раванди амалии татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Тағйироти воридшаванда ба Кодекси мазкур хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.
Ҳамзамон, тибқи тағйироти пешниҳодшуда, ба ин Кодекс боби нав бо мазмуни зайл илова карда шудааст: «Боби 241. Баррасии парвандаҳо оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда». Боби нави иловашуда, ки аз 8 модда иборат аст, муносибатҳои ҳуқуқиро вобаста ба тартиби пешниҳод ва талабот нисбати ариза оид ба барқарор кардани парвандаи судии гумшуда, тартиби муҳокимаи судии парванда, қабули ҳалномаи судӣ ва шикоят нисбат ба онро муқаррар ва танзим намудааст.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуруъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.
Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Х. Юсуфӣ, С. Муқумова ва Н.Маҳмудов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 декабри соли 2012 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини иҷро ва амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» иборат мебошад.
Бинобар ин, ба Кодекси номбурда моддаҳои нави 931 ва 932 бо мазмуни зерин илова карда шудааст:
«Моддаи 931. Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила
Барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, яъне содир намудани кирдори қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ ё иқтисодӣ ё таҳдиди содир намудани онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, агар ин кирдор боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оила гардад, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 932. Риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ Барои риоя накардани талаботи амрномаи муҳофизатӣ,
- ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷ то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз панҷ то понздаҳ шабонарӯз таъйин карда мешавад.».
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.
Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи силоҳ» мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Н. Ғафорова ва А.Азимов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2012 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини дурусти тартиботи ҷамъиятӣ ва эмин нигоҳ доштани ҷомеа аз ҳама гуна кирдорҳои номатлуб бо истифода аз силоҳ иборат мебошад.
Қонуни мазкур аз 4 бобу 36 модда иборат буда, муносибатҳои вобаста ба гардиши силоҳи ғайринизомӣ, хизматӣ, ҷангӣ, ҳамчунин лавозимоти ҷангиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба ҳимояи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, моликият, таъмини амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии силоҳ равона карда шудааст.
Дар боби 1 қонуни мазкур мафҳумҳои асосии дар ҳамин қонун истифодашуда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи силоҳ, намудҳои силоҳ, аз қабили ҷангӣ, хизматӣ ва ғайринизомӣ, кадастри давлатӣ ва сертификатсияи силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, инчунин маҳдудиятҳое, ки барои гардиши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он муқаррар карда мешаванд, аз ҷумла иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё ба намоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он муайян карда шудааст.
Боби 2 масъалаҳои вобаста ба субъектҳое, ки барои ба силоҳ соҳиб шудан ҳуқуқ доранд, ҳуқуқи ташкилоти давлатии ҳарбикунонидашуда роҷеъ ба ин мавзуъ ва тирпарронии санҷишӣ аз он, тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони ғайринизомии милаш рахпеч, аз ҷумла ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳ аз тарафи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро муайян кардааст, инчунин ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба силоҳи ғайринизомӣ, ситонидани пардохтҳо барои додани рухсатнома ва дароз намудани муҳлати амали он ва шахсонеро, ки барои соҳиб шудан ба силоҳ ҳуқуқ надоранд, ба танзим даровардааст.
Сохтани силоҳ, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва аз он содир намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, соҳиб шудан, ворид ва содир намудани силоҳи ғайринизомӣ аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ, хариду фурӯши силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, фурӯш ё додани силоҳ аз тарафи ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда, аз ҷумла мукофотонидан, фурӯхтан, туҳфа кардан ва ба мерос гузоштани силоҳ аз тарафи шаҳрвандон, нигоҳ доштани силоҳи хизматӣ, ғайринизомӣ ва лавозимоти ҷангии он, инчунин истифодаи силоҳ, баҳисобгирӣ, гирифта гаштан, нигоҳ доштан, интиқол додан ва нобуд сохтани силоҳе, ки барои коллексиякунӣ ва ба намоишгузорӣ таъин шудааст, бекор кардан ва бозпас гирифтани рухсатнома барои соҳиб шудан, нигоҳ доштан ё нигаҳдорию гирифта гаштани силоҳ ва ё иҷозатнома барои истеҳсол, сохтан, хариду фурӯш, коллексиякунӣ ё банамоишгузорӣ ва аз гардиш гирифтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он дар боби 3-юми қонун муқаррар гардидааст.
Боби 4 назорат ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи гардиши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи яроқ» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муайян намудааст.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ» ба овоз монда, қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» шуруъ менамоем. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.
Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Х. Юсуфӣ, С. Муқумова, Н. Маҳмудов ва Х. Ҳакимова пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 декабри соли 2012 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» иборат мебошад.
Бо ин мақсад, ба қисми якуми моддаи 10 қонуни номбурда банди 6) илова гардида, минбаъд милитсия вазифадор аст мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оиларо татбиқ намояд.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» мебошад. Марҳамат, Бахтиёр Таварович.
Бахтиёр ХУДОЁРОВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 2013 қабул намудааст.
Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти қисми 3 моддаи 27 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
Мувофиқи тағйирот ба банди 16) қисми якуми моддаи 10 қонуни номбурда минбаъд милитсия вазифадор аст пас аз ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани шиносномаҳои умумишаҳрвандӣ, хориҷӣ, аз ҷумла ба ивази шиносномаҳои гумшуда ё муҳлати амалашон баохиррасида, ба мақомоти андози маҳали истиқомати шаҳрванд то санаи 15 – уми моҳе, ки баъди семоҳаи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба таври хаттӣ хабар диҳад.
Қонун ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни мазкур ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» пешниҳод карда мешавад. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия муҳтарам Тағоев Саймурод дода мешавад. Марҳамат.
Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Раҷабов, И.Талбаков, С.Гулов, М.Нозимов ва Ҳ.Одинаев пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2012 қабул намудааст.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти иттифоқҳои қарзиро муқаррар намуда, муносибатҳои байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки дар фаъолияти онҳо ба миён меоянд, танзим, манфиатҳои аъзои иттифоқҳои қарзиро ҳифз ва истифодабарии самараноки манбаъҳои захираҳои қарзиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.
Қонун аз 9 бобу 33 модда иборат буда, дар боби 1-уми он мафҳумҳои асосӣ, мақсадҳои асосии иттифоқҳои қарзӣ, тартиби узвият ба иттифоқи қарзӣ, принсипҳо ва иттиҳодияҳои иттифоқҳои қарзӣ шарҳ дода шудааст.
Дар боби 2 тартиби таъсисдиҳӣ, уҳдадориҳои муассисон ва сармояи иттифоқҳои қарзӣ дарҷ гардидааст.
Бобҳои 3 ва 4 тартиби қабул ба аъзогӣ ва қатъ намудани аъзогӣ ба иттифоқи қарзӣ, мақомоти идоракунӣ, органҳои роҳбарикунандаи иттифоқҳои қарзӣ ва тартиби гузаронидани аудити иттифоқи қарзиро дар бар мегиранд.
Бобҳои 5 ва 6 тартиби истифодаи аъзоҳаққӣ, додани қарз ва қарзгириҳо, тартиби сармоягузории маблағҳои иттифоқҳои қарзӣ ва захираҳои таъсисдодаи иттифоқи қарзиро ба танзим медароранд.
Дар бобҳои 7, 8 ва 9 баҳисобгирӣ, ҳисоботдиҳии иттифоқи қарзӣ, талаботи махсус, тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ, ҳалли баҳсҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талабот ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур ба таври пурра шарҳ дода шудааст.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.
Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 декабри соли 2012 қабул намудааст.
Қонун муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкил, танзим ва назорати савдо ва хизматрасонии маишӣ, инчунин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои савдо ва хизматрасонии маишӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи истеъмолкунандагон ба мол, иҷрои корҳо ва хизматрасонии маишӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Қонун аз 7 боб ва 25 модда иборат буда, дар боби 1-уми он доираи амали қонуни мазкур, мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ, принсипҳо ва танзими давлатии савдо ва хизматрасонии маишӣ ба таври пурра дарҷ гардидааст.
Боби 2 салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими савдо ва хизматрасонии маишӣ ва ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро дар бар мегирад.
Дар боби 3 объектҳои савдо ва намудҳои асосии савдо, хусусиятҳои ташкили хӯроки умумӣ, савдо дар бозор, талабот нисбат ба ҷойгиркунонии объектҳои савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ, хусусиятҳои ҷойгиркунонӣ ва ташкили бозор, тартиби ҷойгиркунонӣ ва ташкили фаъолияти объектҳои савдои чакана ба таври мушаххас нишон дода шудааст.
Бобҳои 4 ва 5 ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ, таҳсилоти касбӣ, тайёрӣ ва бозомӯзии касбӣ, нархгузорӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ ва навъҳои молу хизматрасонии аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро танзим менамоянд.
Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур дар бобҳои 6 ва 7 дарҷ гардидааст.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматраоснии маишӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» шуруъ менамоем ва аз Саймурод Тағоевич хоҳиш менамоем, ки ахбори худро пешниҳод намоянд. Марҳамат.
Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 2013 қабул намудааст.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба созишномаи сармоягузории ба татбиқи лоиҳаи сармоягузории соҳаҳои аз лиҳози стратегӣ муҳим ва афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равонакардашуда танзим намуда, ба ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби сармоягузориҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Қонун аз 4 боб ва 24 модда иборат мебошад. Дар боби 1-уми он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, доираи амали қонуни мазкур, тарафҳои созишномаи сармоягузорӣ, вазъи ҳуқуқии созишномаи сармоягузорӣ ба таври пурра дарҷ гардидааст.
Боби 2 тартиби таҳияи пешниҳод оид ба лоиҳаи сармоягузорӣ, пешбарӣ ва тасдиқи пешниҳод, интихоби сармоягузор барои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ, тартиби омодасозӣ, баимзорасонӣ ва мавриди амал қарор гирифтани созишнома, тартиби ворид намудани он ба Феҳристи давлатии созишномаҳои сармоягузориро ба танзим медарорад.
Дар боби 3 таркиби созишномаи сармоягузорӣ, ҳуқуқҳо ва кафолатҳои асосии сармоягузор дар доираи созишномаи сармоягузорӣ, ҳуқуқҳои махсуси сармоягузор, муқаррароти устувории созишнома ва шакли созишнома нишон дода шудааст.
Ҳуқуқи татбиқшавандаи созишномаи сармоягузорӣ, ҳалли баҳсҳо дар доираи созишнома ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур дар боби 4 дарҷ гардидааст.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС:- Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» шуруъ менамоем. Марҳамат, Саймурод Тағоевич.
Саймурод ТАҒОЕВ:- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2012 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади такмил додан, мукаммал сохтан ва мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидааст. Бо ин мақсад ба моддаҳои 1, 4, 7 ва 8 қонуни амалкунанда тағйирот ворид карда шудааст.
Аз ҷумла бо мақсади саҳеҳ гардонидани муқаррароти қонуни амалкунанда дар сархати шашуми қисми якуми моддаи 4 калимаи «номҳои» ба калимаҳои «номгузорӣ ва номивазкунии» иваз карда шудааст.
Сархати дуюми қисми ҳафтуми моддаи 7 дар таҳрири нав ифода гардидааст, ки мутобиқи он агар ду ва ё зиёда объектҳои ҷуғрофии ба ҳам монанд дар ҳудуди ҷумҳурӣ номи якхела дошта бошанд, дар ин ҳолат номивазкунии объектҳои ҷуғрофӣ мумкин аст.
Ғайр аз ин, аз сархати якуми моддаи 1-уми қонуни амалкунанда калимаҳои «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва объектҳои амсоли онҳо» хориҷ карда шуда, қисми шашуми моддаи 8 дар таҳрири нав ифода карда шудааст. Мутобиқи он минбаъд номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич!
Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ !
Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2012 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда бо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қабул гардидааст.
Бо ин мақсад моддаи 48 қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода гардида, мафҳуми фонди захиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамчун фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия муқаррар карда шуд.
Зеро моддаи 33 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» фонди захиравиро ҳамчун фонди захиравии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия пешбинӣ менамояд.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» шуруъ менамоем. Марҳамат, Саймурод Тағоевич!
Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни мазкур бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2013 қабул намудааст. Он бо мақсади такмил додану мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, барои ташкили назорати воридоти боҷҳои давлатӣ, инчунин мутобиқ намудани андозаи баъзе меъёрҳои амалкунандаи боҷи давлатӣ ба нархҳои бозорӣ қабул гардидааст.
Қонун аз ду модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он ба моддаҳои 1, 4 ва 6-уми қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла ба моддаи 1-уми қонуни амалкунанда сархати сеюм илова шудааст, ки тибқи он минбаъд мақомоти ситонандаи боҷи давлатӣ барои ташкили назорати воридоти боҷи давлатӣ дар назди мақомоти иҷроияи марказии соҳаи андоз ҳисобот пешниҳод менамояд.
Дар сархати сеюми банди 13) қисми 8 моддаи 4 калимаи «яккаратаи» ба калимаи «дукаратаи» иваз карда шудааст, ки мувофиқи он минбаъд барои тасдиқи ваколатномаҳои ҳуқуқи истифода ва (ё) ихтиёрдории воситаҳои нақлиёти автомобилӣ барои дигар шахсони воқеӣ (ба ғайр аз хешовандони наздик) ва шахсони ҳуқуқӣ ба андозаи дукаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
Ҳамчунин дар банди 15) қисми 8 моддаи 4 тағйирот ворид гардидааст, ки мутобиқи он минбаъд барои тасдиқи саҳеҳии тарҷумаи ҳуҷҷат аз як забон ба забони дигар барои ҳар як саҳифаи ҳуҷҷати тарҷумашуда 5 фоиз аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
Ғайр аз ин, дар банди 1) қисми 14 моддаи 4 калимаи «дукаратаи» ба калимаи «панҷкаратаи» иваз карда шудааст, ки тибқи он минбаъд сабти ақди никоҳе, ки агар яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, ба андозаи панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
Дар сархатҳои якум ва дуюми банди 4) қисми 15 моддаи 4 калимаи «яккаратаи» ба калимаи «чоркаратаи» иваз карда шудааст, ки мувофиқи он минбаъд барои додан ва дароз намудани муҳлати эътибори раводид ва шиносномаи хориҷӣ ё ҳуҷҷати онро ивазкунанда ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, барои рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минбаъд омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи чоркаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷи давлатӣ ситонида мешавад.
Ба қисми 3 моддаи 6 ҷумлаи дуюм илова карда шудааст, ки мутобиқи он дастурамал оид ба ҳисоб ва пардохти боҷи давлатӣ, инчунин шаклҳои ҳисоботи мақомоте, ки боҷи давлатиро меситонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро моддаи 2 муқаррар менамояд.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич!
Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни мазкур бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2013 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади такмил додан, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи санадҳои қонунгузорӣ дар соҳаи андоз ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла дуруст муайян намудани тартиби ситонидани пардохт барои рекламаи берунӣ қабул карда шудааст.
Бо мақсади саҳеҳ намудани муқаррароти қонуни амалкунанда дар моддаҳои 2, 22, 29, 54 ва 63 калимаи «мақомоти» ба калимаи «мақоми» иваз карда шудааст.
Ба қисми 2 моддаи 4 сархати нави дувоздаҳум илова шудааст, ки мутобиқи он минбаъд пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба намудҳои «дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ» дохил мешаванд.
Дар қисми 1 моддаи 5 калимаи «ҳисоб» ба калимаҳои «бевосита пардохт» иваз карда шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ ба қисми даромади буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ ба қисми даромадҳои буҷети маҳаллии дахлдор (ноҳиявӣ ё шаҳрӣ) бевосита пардохт карда мешаванд.
Инчунин бо мақсади ташкили назорати пардохти дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдор амалӣ карда мешавад, ба қонуни амалкунанда моддаи нави 51 илова карда шудааст.
Ба қонуни амалкунанда бобҳои нави 21 ва 211 илова карда шудааст, ки онҳо муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои рекламаҳои берунӣ, супорандагони андоз, меъёрҳои пардохт, имтиёзҳо, тартиби ҳисоб ва пардохти маблағи муқарраршуда ва пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро дар бар мегиранд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», амалӣ карда мешавад.
Аз шумо муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» шуруъ менамоем. Марҳамат, Саймурод Тағоевич!
Саймурод ТАҒОЕВ: – Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни мазкур бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврали соли 2013 қабул намудааст.
Қонун бо мақсади мутобиқ намудани қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.
Қонун аз 2 модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он ба моддаҳои 3 ва 5-уми қонуни амалкунанда тағйиру илова ворид карда шудааст.
Аз ҷумла дар ном ва матни моддаи 3 калимаҳои «ва содироти» ба калимаҳои «, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи» иваз карда шудааст, ки тибқи он дар баробари доштани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамоку, инчунин барои фурӯши яклухт ва чаканаи он низ доштани иҷозатнома ҳатмӣ мебошад.
Ғайр аз ин, ба моддаи 5-уми қонуни амалкунанда қисми нави 5 илова карда шудааст, ки он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани тартиби фурӯши маҳсулоти тамокуро пешбинӣ менамояд.
Моддаи 2 тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар менамояд.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» мебошад. Марҳамат, Саймурод Тағоевич!
Саймурод ТАҒОЕВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонун бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 феврали соли 2013 қабул намудааст.
Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Қонун аз ду модда иборат буда, тибқи моддаи 1-уми он ба моддаҳои 17 ва 18-уми қонуни амалкунанда тағйиру илова ворид карда шудааст.
Аз ҷумла аз моддаи 17 қонуни амалкунанда сархати панҷоҳу якум, ки он доштани иҷозатномаро барои фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамокуро ба танзим медаровард, хориҷ гардида, ба қисми 1 моддаи 18-уми қонуни амалкунанда, ки «Номгӯи махсуси намудҳои фаъолияте, ки барои амалӣ намудани онҳо иҷозатнома зарур аст» ном дорад, сархати нави чорум илова карда шудааст.
Мутобиқи он минбаъд дар баробари доштани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолият оид ба истеҳсол, воридот ва содироти маҳсулоти тамоку, инчунин барои фурӯши яклухт ва чаканаи он низ доштани иҷозатнома зарур аст. Ҳамзамон, тибқи ин тағйиру илова, бо мақсади таъмини амнияти ҳаёти солими ҷомеа, пешгирии таъсирҳои хатарноки маҳсулоти тамоку ба саломатии инсон, фаъолият вобаста ба истеҳсол, воридот, содирот, фурӯши яклухт ва чаканаи маҳсулоти тамоку ба низоми қатъӣ дароварда шудааст.
Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро моддаи 2 муқаррар менамояд.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» шуруъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология муҳтарам Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич дода мешавад. Марҳамат.
Давлатшо ГУЛМАҲМАДОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанов, У. Давлатов, А. Қарақулов, Х. Ҳакимова, М. Ҳақдодов, Н. Маҳмудов, А. Фелалиев ва Зиёратшои Саъдулло пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 26 декабри соли 2012 қабул намудааст.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ танзим намуда, аз 5 боб ва 30 модда иборат мебошад.
Боби 1-уми он доираи амали қонуни мазкур, мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои истифодабарӣ, ҳуқуқи моликият ва муқаррар намудани сарҳади чарогоҳ, фонди давлатии чарогоҳ ва тартиби истифодабарии он, ҷамъияти чарогоҳистифодабарандагон ва намудҳои чарогоҳро дар бар мегирад.
Дар боби 2 салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба идоракунӣ ва истифодабарии чарогоҳ дарҷ гардидааст.
Ҳуқуқи истифодабарӣ, вобаста кардан ва ба иҷора додани замини чарогоҳ, комиссияи танзим, нақшаҳои миёнамуҳлат ва солона, шартномабандӣ, уҳдадориҳои чарогоҳистифодабарандагон, асосҳои қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии чарогоҳ, амалҳое, ки ҳангоми истифодабарии чарогоҳ манъ карда шудаанд, пардохти маблағ барои истифодабарии чарогоҳ, ҷамъоварӣ ва истифодаи маблағ аз иҷораи чарогоҳҳо дар боби 3 нишон дода шудааст.
Танзими давлатии истифодабарии самаранок ва ҳифзи замини чарогоҳ, дастгирии давлатӣ, талабот оид ба истифодабарии самаранок ва ҳифзи чарогоҳ, таҳқиқи геоботаникӣ, бақайдгирии давлатӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва мавриди амал карор додани онро бобҳои 4 ва 5 ба танзим медарорад.
Бо назардошти ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани қонуни мазкур Кумитаи мо нисбати он эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Қурбонов Убайдулло Абдуллоевич дода мешавад. Марҳамат.
Убайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳридин Солеҳов ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Муқумова пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 2013 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.
Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрир аз 13 ноябри соли 1998 бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он аз солҳои 1998, 2006, 2008, 2010 ва 2011 амал менамояд.
Мақсади асосии пешниҳод ва қабули қонуни мазкур аз байн бурдани мухолифати дохилии моддаҳои Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқнамойии меъёрҳои он ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Тағйироти воридгардидаи моддаи 106 ва қисми 2 моддаи 172 Кодекси мазкур характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд, ба монанди калимаҳои «мутобиқи моддаи 119» ба калимаҳои «мутобиқи моддаи 118» ва калимаҳои «аҳдномаи ақди никоҳ» ба калимаҳои «аҳдномаи никоҳ» иваз карда шудаанд.
Вобаста ба ин, ба Кодекси оила моддаи нав, моддаи 1771 бо мазмуни ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур илова карда шудааст, ки тибқи он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» мебошад. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич!
Убайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тайёрии варзишӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон Мирганд Шабозов, Марҳабо Ҷабборова, Бибидавлат Авзалшоева ва Мироҷиддин Ҳакимов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 декабри соли 2012 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.
Мақсади асосии пешниҳод ва қабули қонуни мазкур фароҳам овардани заминаҳои мусоид ба рушду нумуи ҳамаҷонибаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, дастгирии баробари давлатӣ нисбат ба муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва дигар ташкилотҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад.
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва дигар асосҳои тайёрии варзиширо муайян намуда, аз 4 боб ва 22 модда таркиб ёфтааст.
Боби 1 аз чор модда иборат буда, дар он доираи амали қонуни мазкур, мафҳумҳои асосии истифодашаванда, аз қабили барномаи тайёрии варзишӣ, тайёрии варзишӣ, муассисаи тайёрии варзишӣ, стандартҳои давлатии тайёрии варзишӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тайёрии варзишӣ, принсипҳои сиёсати давлатӣ ва кафолатҳои давлатии татбиқи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаи тайёрии варзишӣ пурра шарҳ дода шудаанд.
Боби 2 аз даҳ модда иборат буда, субъектони соҳаи тайёрии варзишӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тайёрии варзишӣ, вазифаҳои асосии тайёрии варзишӣ, таъмини тайёрии варзишӣ, барномаҳои тайёрии варзишӣ, таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳои тайёрии варзишӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои муассисаи тайёрии варзишӣ, оинномаи муассисаи тайёрии варзишӣ ва шартнома дар бораи гузаштани тайёрии варзиширо ба танзим медарорад.
Боби 3 аз шаш модда иборат буда, дар он таъминоти молиявии фаъолияти муассисаи тайёрии варзишӣ, таъминоти илмию методӣ ва тиббии тайёрии варзишӣ, фаъолияти инфиродӣ дар соҳаи тайёрии варзишӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои варзишгароне, ки аз тайёрии варзишӣ мегузаранд, муносибатҳои меҳнатии кормандони (мураббиёни) муассисаи тайёрии варзишӣ, тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, аттестатсияи кормандон (мураббиён) ва роҳбарони муассисаҳои тайёрии варзишӣ ва ба онҳо додани дараҷа ва унвонҳои тахассусӣ пешбинӣ гардидаанд.
Боби 4 аз ду модда иборат буда, ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани қонуни зикргардидаро пешбинӣ менамояд.
Аз ин рӯ, қабули қонуни мазкур ба рушди тайёрии варзишӣ равона шуда дар оммавӣ намудани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш замина мегузорад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрии варзишӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» шуруъ менамоем. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич!
Убайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон Хайринисо Юсуфӣ, Сабоҳат Муқумова, Насрулло Маҳмудов ва шодравон Хадича Ҳакимова пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 декабри соли 2012 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо дар ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
Қонуни пешниҳодгардида аз 4 боб ва 26 модда таркиб ёфтааст.
Боби 1 ҳамчун муқаррароти умумӣ аз шаш модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосии истифодашаванда, аз қабили зӯроварӣ дар оила, пешгирии зӯроварӣ дар оила, зӯроварии ҷисмонӣ дар оила, зӯроварии рӯҳӣ дар оила, зӯроварии шаҳвонӣ дар оила, зӯроварии иқтисодӣ дар оила, ҷабрдида аз зӯроварӣ дар оила, амрномаи муҳофизатӣ, субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила, инчунин мақсадҳо ва доираи амали қонуни мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила, принсипҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳуқуқҳои ҷабрдида ба таври пурра шарҳ дода шудаанд.
Боби 2 аз ёздаҳ модда иборат буда, салоҳият ва ваколатҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо муайян менамояд, ба монанди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти давлатии кор бо занон ва оила, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, мақомоти корҳои дохилӣ, мақомотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, марказҳои ёрирасон ва марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон.
Боби 3 аз шаш модда иборат буда, дар он чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила, асосҳои татбиқи чораҳои фардии пешгирии зӯроварӣ дар оила, суҳбати хусусияти тарбиявидошта, амрномаи муҳофизатӣ, дастгиркунии маъмурӣ ва маблағгузории фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила пешбинӣ гардидаанд.
Боби 4 муқаррароти хотимавӣ ном дошта, аз се модда иборат мебошад, ки он масъалаҳои риояи махфияти маълумот вобаста ба зӯроварӣ дар оила, ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани қонуни зикргардидаро пешбинӣ менамояд.
Аз ин рӯ, қабули қонуни мазкур муҳим ва саривақтӣ буда, он баҳри ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, бобати пешгирии зӯроварӣ дар оила ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудааст.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» мебошад. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич!
Убайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 2013 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.
Мақсади асосии қабули қонуни мазкур таъмини нафақаи суғуртавии шахсоне мебошад, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дошта, бо суғуртаи ҳатмии нафақавӣ фаро гирифта шудаанд.
Қонуни мазкур асосҳои танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба танзим медарорад, инчунин вазъи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, заминаҳои пайдоиш ва тартиби татбиқи ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо ва ҷавобгарии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро муайян мекунад.
Қонуни пешниҳодгардида аз 4 боб ва 18 модда таркиб ёфтааст.
Боби 1 аз ду модда иборат буда, дар он мафҳумҳои асосии истифодашаванда, аз қабили суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, ҷуброни суғуртавӣ, маблағҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, буҷети муассисаи суғурта ва андухти нафақавӣ, инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ пурра шарҳ дода шудаанд.
Боби 2 аз ҳашт модда иборат буда, мақоми ваколатдори давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, таваккалҳои иҷтимоӣ аз рӯйи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, ҳолати суғуртавӣ аз рӯйи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, ҷуброни суғуртавӣ аз рӯйи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, саҳмҳои нафақавӣ, андӯхти нафақавӣ, ваколатҳои мақомоти давлатӣ оид ба суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ва уҳдадориҳои муассисаи суғуртаро ба танзим медарорад.
Боби 3 аз шаш модда иборат буда, дар он буҷети муассисаи суғурта, ташаккулёбии буҷети муассисаи суғурта, харҷи маблағҳои буҷети муассисаи суғурта, фонди захиравии муассисаи суғурта, назорати истифодаи маблағҳои буҷети муассисаи суғурта ва тарофаи саҳмҳои нафақавӣ пешбинӣ гардидаанд.
Боби 4 аз ду модда иборат буда, ҷавобгарии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани қонуни зикргардидаро пешбинӣ менамояд.
Аз ин рӯ, қабули қонуни мазкур ба тартиби ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумоте, ки барои таъини нафақа дар низоми суғуртаи нафақавӣ зарур мебошад, замина мегузорад.
Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Убайдулло Абдулоевич.
Убайдулло ҚУРБОНОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакили Маҷлиси намояндагон Шакарбек Самадов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 январи соли 2013 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ намуд. Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда аз мукаммал ва мутобиқгардонии меъёрҳои он ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Қонуни мазкур муносибатҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии бо онҳо алоқамандро, ки бинобар офаридан, ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодабарии ихтироот дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён меоянд, ба танзим медарорад.
Тибқи тағйироти пешниҳодгардида, ба 18 моддаи қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки онҳо характери муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебарад, ба монанди калимаи «санҷиши» ба калимаи «экспертизаи», калимаи «қонунгузорӣ» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», калимаҳои «дар суд дида баромада мешавад» ба калимаҳои «бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад» ва калимаҳои «ҳуҷҷати ҳифозатӣ» ба калимаҳои «ҳуҷҷати муҳофизатӣ» иваз карда шудаанд.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо» мебошад. Марҳамат, Убайдулло Абдуллоевич.
Убайдулло ҚУРБОНОВ: -Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромиқадр!
Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ Қаҳҳор Маҳкамов, Убайдулло Қурбонов ва вакили Маҷлиси намояндагон Эшбурӣ Эсанқулов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 январи соли 2013 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо» аз 3 июли соли 2012 амал менамояд.
Мақсад аз қабули қонуни мазкур мутобиқгардонии меъёрҳои он ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва аз байн бурдани номувофиқатии он бо дигар санадҳои қонунгузорӣ буда, танзимкунандаи муносибатҳо дар рушди фаъолияти осорхонаҳо ва объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ мебошад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим ва ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро ҷиҳати баҳрабардорӣ аз ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин ва ҳифз менамояд.
Дар қонуни мазкур ба моддаҳои 4, 10, 15, 25 ва 27 тағйиру иловаҳо ворид шудааст, ки онҳо характери муайянкунанда ва мутобиқкунанда дошта, номувофиқатии меъёрҳои дар қонун ҷойдоштаро аз байн мебаранд.
Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, қисми 3 моддаи 4 бо мазмуни зайл илова карда шудааст, ки тибқи он осорхонаҳо ҳуқуқ доранд бевосита дар бинои осорхона фурӯши расмҳо, суратҳо, китобҳо, туҳфаҳо ва дигар ашё бо истифодаи тасвири бино ва иншоот, рамзҳои осорхона, ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии дар онҳо таҷассумёфтаро ба роҳ монанд.
Инчунин тибқи тағйирот, ба қонуни амалкунанда моддаи нав- моддаи 41 бо мазмуни осорхона-мамнуъгоҳ илова карда шудааст, ки он ҳамчун намуди махсуси осорхона дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ мансуббуда ва манзараҳои табиии ба онҳо алоқаманд таъсис дода мешавад.
Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ шудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем қонун ҷонибдорӣ карда шавад.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Илолов Мамадшо дода мешавад.
Мамадшо ИЛОЛОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи мо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2012 қабул намудааст, баррасӣ кард.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бори аввал дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 қабул шуда буд. Дар ин муддат бисёр санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки дар натиҷа дар баъзе ҳолатҳо номувофиқатӣ байни қонуни конститутсионии номбурда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии минбаъд қабулгардида ба мушоҳида мерасид.
Қонуни конститутсионии мазкур дар таҳрири нав бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз байн бурдани номувофиқатиҳои ба вуҷудомада таҳия ва қабул шудааст.
Қонуни конститутсионии мазкур аз 6 боб ва 29 модда иборат буда, нисбат ба қонуни амалкунанда комилан такмил дода шудааст. Муқаррарот оид ба мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои асосии ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ, воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва ҳудуди онҳо, воҳидҳои ҳудудӣ, салоҳияту ваколати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба ҳалли масъалаҳои мазкур, феҳристҳои бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, талабот ба номгузорӣ ва номивазкунии онҳо аз ҷумлаи тағйироти куллӣ буда, дар матни қонуни нав дарҷ гардидаанд.
Инчунин дар қонуни конститутсионии мазкур масъалаҳои ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин пурратар ифода карда шуда, талаботи ягона барои ҳар як категория муқаррар гардидааст. Чунончӣ, яке аз нишондодҳои муҳим барои ҳалли ин масъала теъдоди аҳолии маҳалли аҳолинишин барои шаҳр на камтар аз 10 ҳазор, шаҳрак на камтар аз 2 ҳазор ва деҳа на камтар аз 50 нафар пешбинӣ шудааст. Дар қонуни амалкунанда барои шаҳр се нишондод, вобаста ба тобеияти он –200 ҳазор, 30 ҳазор ва 10 ҳазор муайян шуда буд.
Зикр бояд кард, ки кумитаи мо ҳанӯз 13 ноябри соли 2012 ҳангоми баррасии пешакии лоиҳаи қонуни мазкур ба он нуҳ тағйиру иловаҳо пешниҳод намуд ва аксари онҳо зимни ҷаласаи гурӯҳи кории муштарак, ки ба ҳайати он аъзои кумитаи мо, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобоев, муовини аввали вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуманон Холиқов ва дигарон шомил буданд, дастгирии ҳамаҷониба ёфтанд. Қисми зиёди тағйиру иловаҳои воридгардида хусусиятҳои таҳрирӣ, услубӣ ва имлоӣ дошта, матни қонунро аз ҷиҳати мантиқӣ мушаххасу мукаммал гардониданд.
Ҳамзамон тағйироти ҷиддие, ки кумитаи мо пешниҳод намуд, ба тартиби пешбурди феҳристи бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин вобастагӣ дошт. Сархати панҷуми моддаи 9 лоиҳаи қонун, ки ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ мансуб мебошад, дар қонуни пешниҳодгардида, дар таҳрири зайл ифода гардида буд:
« — Феҳристи бақайдгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро пеш мебарад».
Ҳол он ки ин меъёр дар қонуни амалкунанда зикр нагардида буд ва то ҳол ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ, ҳамчун яке аз шохаҳои мақоми олии қонунгузории ҷумҳурӣ дохил намешуд. Аз ин лиҳоз, кумитаи мо пешниҳод намуд, ки сархати панҷуми моддаи 9 лоиҳаи қонун хориҷ карда шуда, ин вазифа тибқи моддаи 23 лоиҳаи қонун, ки ба тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин бахшида шудааст, ба ваколати мақоми давлатие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, дохил карда шавад.
Пешниҳодоти мо аз ҷониби Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ҷонибдорӣ шуда, дар матни ниҳоии қонуни ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳодшуда дарҷ ва қабул гардид.
Ин мисол аз он шаҳодат медиҳад, ки шохаҳои мақоми олии қонунгузории мамлакат дар ҳамкорӣ баҳри мукаммал гардонидан ва такмил додани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расида, ба рушди қонунгузории муосир мусоидат менамоянд.
Кумита, бо назардошти нишондодҳои дар боло зикргардида, ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: - Ба масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Мамадшо Илолович.
Мамадшо ИЛОЛОВ: Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи мо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор дод.
Қонуни конститутсионии мазкур дар асоси ду лоиҳа таҳия шудааст, ки яке аз онҳо бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ Анвар Ҷалилов, вакили Маҷлиси намояндагон Галия Рабиева ва дигаре аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд ва онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2012 қабул намудааст.
Қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади аз байн бурдани баъзе номувофиқатии он ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шудааст.
Масалан, банди 1 қисми якуми моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо салоҳияти «таъсис ва барҳам додони воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо»-ро пешбинӣ намудаасту халос. Дар Қонуни конститутсионии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, салоҳиятҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди баррасии масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ васеъ карда шуданд. Аз ин рӯ, барои аз байн бурдани ин номувофиқатӣ банди 1 қисми якуми моддаи 19 қонуни мазкур, ки ба салоҳиятҳои Маҷлиси миллӣ мансуб мебошад, ба муқаррароти муқаддимаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонида шуда, дар таҳрири зайл ифода карда шудааст:
«1. Таъсис, барҳам додан ва тағйир додани сарҳади воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистан ва тағйир додани мансубияти маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин».
Ҳамчунин ба моддаҳои 19 ва 24 қонун мутаносибан яктоӣ бандҳои нав илова карда шудааст, ки онҳо тартиби интихоби намояндаи Маҷлиси миллиро дар Суди конститутсионӣ ва Шӯрои адлия ба танзим медароранд.
Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳангоми баррасии пешакӣ 13 ноябри соли 2012 аз ҷониби кумитаи мо ва дар мувофиқа бо Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ баъди ворид намудани тағйиру иловаҳои зикргардида дастгирӣ карда шуда буд.
Кумита, бо назардошти нишондодҳои дар боло зикргардида, ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» пешниҳод карда мешавад. Марҳамат, Мамадшо Илолович.
Мамадшо ИЛОЛОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи мо Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар ҷаласаи худ баррасӣ кард.
Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани он ба меъёрҳои қонунгузорӣ вобаста ба масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2012 қабул намудааст.
Сархати ҳаждаҳуми моддаи 8-уми қонун дар таҳрири нав барои он пешниҳод шудааст, ки ваколати Маҷлиси вакилони халқ дар қонуни амалкунанда тибқи ин сархат маҳдуд буда, танҳо дар мавриди тағйир додани сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия пешбинӣ шудаасту халос.
Баъди мавриди амал қарор додани қонуни конститутсионии мазкур, бо назардошти таҳрири нави сархати ҳаждаҳуми моддаи 8 қонун, минбаъд ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия васеъ карда мешаванд ва онҳо дар баробари тағйир додани сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия метавонанд масъалаҳои таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ, муқаррар намудан ва ба ҷойи дигар кӯчонидани маркази маъмурии онҳо, мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа, номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро баррасӣ намуда, қарори худро ба мақомоти дахлдор пешниҳод намоянд.
Ба моддаи 8 инчунин сархати нуздаҳум илова карда шудааст, ки тибқи он минбаъд Маҷлисони вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар баробари амалӣ сохтани дигар ваколатҳо нақшаи ташкили комплексӣ-ҳудудии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, нақшаи генералии шаҳри Душанбе, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр ва ноҳияро тасдиқ намуда, ба мақомоти дахлдор пешниҳод намояд.
Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки масъалаи баҳисобгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ва аз рӯйхати баҳисобгирӣ хориҷ намудани онҳо ба салоҳияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дохил шавад ҳам, ин меъёр то ҳол дар қонуни конститутсионии номбурда пешбинӣ нашудааст.
Аз ин хотир ба моддаи 20-уми қонуни конститутсионии мазкур сархати бисту панҷуми нав илова шудааст, ки мувофиқи он дар баробари ваколатҳои дигар раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия феҳристи баҳисобгирии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро пеш мебарад.
Кумита, бо назардошти нишондодҳои дар боло зикргардида, ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба баррасии шумо масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» пешниҳод карда мешавад. Марҳамат, Мамадшо Илолович.
Мамадшо ИЛОЛОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Кумитаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода ва Акрамшо Фелалиев дар таҳияи нав пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 2012 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ дида баромад.
Бояд зикр намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ҳанӯз 14 декабри соли 1990 қабул шуда буд ва тайи солҳои сипаригардида ҳамчун рукни асосии заминаи қонунгузории соҳа амал кард. Дар ин миён кишвари мо давлати соҳибистиқлол шуд, шакли нави муносибатҳои иқтисодиро пазируфт, узви бисёр созмонҳои байналмилалӣ гардид ва бахусус дар давоми солҳои охир дар самти ташкилу таҳкими ниҳодҳои воқеан демократии ҳокимиятдорӣ қадамҳои устувору босубот гузошт. Аз ин рӯ, аз ҷумла такмили мунтазами қонунгузории ин соҳа як амри воқеист ва албатта, рушду тавсеа, мақому мартаба ва нақшу таъсири онро қувват хоҳад бахшид. Имрӯз воситаҳои ахбори омма аз нигоҳи фаврият, дастрасӣ ва таъсир такмил ёфтаанд ва иҷрои вазифаи муҳими созандаашон заминаи боэътимоди қонунгузориро талаб менамояд. Дар баробари рушду такомули матбуот, бахусус матбуоти мустақил, зарурати бо назардошти афкори ҷомеаи журналистӣ ва бо мақсади такмили мунтазами қонунгузорӣ қабули қонуни нави матбуот ба миён омад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 6 боб ва 36 модда иборат аст.
Дар қонуни нав, шуруъ аз пешгуфтор, ҳама моддаҳо дар таҳрири нав дода шудаанд. Моддаи 1 – «Мафҳумҳои асосӣ» нав буда, дар он бори аввал шарҳи истилоҳоти мафҳумҳои асосӣ пешниҳод мегардад, ки ба осоншавии кори рӯзноманигорон мусоидат хоҳад кард.
Моддаҳои 3 –«Озодии воситаҳои ахбори омма», 5 — «Дастгирии давлатии воситаҳои ахбори омма» ба тамом нав мебошанд. Масалан, дар моддаи 5 аз тарафи давлат таъмин намудани риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии воситаҳои ахбори омма дар самтҳои маблағгузории мақсаднок, расонидани кӯмакҳои молиявӣ ба онҳо ва дигар намудҳои дастгирии давлатӣ таъкид гардидааст, ки ин меъёрҳо дар қонуни амалкунанда дарҷ нагардида буданд.
Моддаи 7 –«Ҳуқуқи таъсиси воситаҳои ахбори омма», ки миёни рӯзноманигорон нофаҳмиҳои зиёдеро ба миён оварда буд, дар таҳрири нав баён гаштааст. Моддаи 8 – «Ҳуҷҷатҳои таъсиси воситаҳои ахбори омма» низ нав буда, он баҳри тақвияти моддаи 7 эҷод шудааст.
Дар мавриди бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воситаҳои ахбори омма низ миёни рӯзноманигорон давоми чанд соли охир баҳсҳо идома доштанд. Аз ин лиҳоз, моддаҳои 10 ва 11-уми қонун, ки дар таҳрири нав қабул шуданд, нофаҳмиҳоро аз байн бурданд. Минбаъд воситаҳои ахбори омма, сарфи назар аз шакли моликият, мутобиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд.
Лозим ба зикр аст, ки моддаҳои 12, 13, 14 ва 15-уми қонун бевосита ба фаъолияти рӯзмарраи воситаҳои ахбори омма дахл дошта, истифода аз моликияти зеҳнӣ, дарҷи маълумот ва муносибати молумулкиро дар идораҳои эҷодӣ мушаххасан баён месозанд. Паҳнкунии маҳсулоти эҷоди рӯзноманигорон дар моддаи 16-уми қонун мушаххас ифода гаштааст.
Мафҳумҳои ҷавоб ва раддия, ки дар таҷрибаи рӯзноманигорӣ ҳамарӯза вомехӯранд, алоҳида дар таҳияи нав, дар моддаҳои 18, 19, 20 ва 21 мувофиқ ба талаби замон ифода гардиданд.
Дар қонуни амалкунанда барои дастрасӣ ба иттилоот муҳлати муайян зикр нашудааст, ки ин боиси нигаронии рӯзноманигорон шуда буд. Ба ин масъала дар моддаи 23-юми қонуни нав равшанӣ андохта шудааст. Барои дарёфти иттилоъ, додани ҷавоб ба пурсишҳои рӯзноманигорон ва навиштаҳои таҳлилию танқидии онҳо муҳлат то се рӯз муқаррар шудааст, ки ҷавобгӯ ба ниёзҳои аҳли қалами ҷумҳурӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.
Ба моддаҳои 24, 25, 26 ва 27-ум низ тағйирот ворид карда шудааст. Ин моддаҳо аз нигоҳи забону тарзи баён таҳрир ёфта, меъёрҳои ҳуқуқиро дар мавриди таъхир дар пешниҳоди иттилоъ, истифодаи дурусти навиштаҳои хонандагон, ҳифзи сарчашмаи ахбор ва ҳолатҳои фош насохтани ахбор соддаву оммафаҳм баён шудаанд.
Ҳуқуқу вазифаҳо ва ваколати аккредитатсияи рӯзноманигорон дар моддаҳои 28, 29 ва 30-юми қонун дар таҳрири нав пешниҳод гардида, ба фаъолияти касбии рӯзноманигорон мусоидат менамояд.
Дар қонун ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии воситаҳои ахбори омма моддаҳои алоҳида – моддаҳои 31 ва 32 бахшида шудаанд.
Моддаҳои 33, 34 ва 35-уми қонун дар боби хотимавӣ оварда шудаанд. Онҳо воситаҳои ахбори оммаро ба риояи қонуни мазкур водор намуда, барои матолиби пешниҳодкарда дар назди хонанда ва ҷомеа масъул будани рӯзноманигорро таъкид месозанд.
Кумита, бо назардошти нишондодҳои дар боло зикргардида, ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» шуруъ менамоем. Марҳамат, Мамадшо Илолович.
Мамадшо ИЛОЛОВ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» дар асоси ду лоиҳа таҳия шудааст, ки яке аз онҳо бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Абдуллоев, Матлуба Сатторова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ва дигаре аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни зикргардида ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин такмил додани меъёрҳои мушаххаси он таҳия ва қабул шудааст.
Дар тамоми матни қонуни амалкунанда бо мақсади истифодаи гуногуни истилоҳот ва бо назардошти вазъи ҳуқуқии филиалҳо ва намояндагиҳо ҷойи онҳо иваз гардида, истифодаи намояндагӣ ва филиалҳо роҳандозӣ шудааст.
Ба моддаи 22-юми қонун, ки қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад, дар маҷмуъ 11 қисм ва сархатҳои нав илова шуда, дар онҳо тартиби рад кардани қайди баҳисобгирии филиалҳо ва намояндагиҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, оқибати ҳуқуқии онҳо, додани нусхаи Шаҳодатнома дар бораи қайди баҳисобгирии намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, назорати фаъолият, боздошти фаъолият ва барҳам додани онҳо, ҳуқуқӣ муроҷиат ба суд ҳангоми рад кардан ё саркашӣ аз бақайдгирии намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба танзим дароварда шудааст.
Ин иловаҳо қонуни амалкунандаро ҷиҳати танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба иҷрои ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, таъсис, фаъолият, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро такмил бахшида, барои татбиқи қонун имконияти мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам месозад.
Инчунин бо мақсади дар матни қонун истифода шудани истилоҳҳои якхелаи мушаххас дар қисми 1 моддаи 331 ба ҷойи калимаи «Мақомоте» калимаҳои «Анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» истифода карда шудаанд.
Ҳамзамон қонуни амалкунанда аз нигоҳи талаботи моддаҳои 31 ва 39-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки мутобиқати дохилии санади меъёрии ҳуқуқӣ, истифодаи мафҳуму истилоҳоти фаҳмову ҳаммаъноро тақозо мекунад, камбудӣ дошта, ин ҳолат риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунро халалдор мегардонид.
Дар қонуни нав ин камбудиҳо бартараф шуда, инчунин дар он ба таври мушаххас масъалаҳои аз ҷониби мақомоти марбутаи давлатӣ амалӣ сохтани назорати давлатии фаъолияти намояндагиҳо ва филиалҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, тартиби боздошт ва барҳамдиҳии фаъолияти онҳо пешбинӣ шудааст.
Кумита, бо назардошти нишондодҳои дар боло зикргардида, ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
РАИС: — Ба масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия –Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Тоҷикистон дар соли 2012» шуруъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Салимзода Шерхони Одина дода мешавад. Марҳамат.
Салимзода Шерхони ОДИНА: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!
Чуноне ҳамагон огоҳӣ доред, Президенти ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012-ро, бо назардошти дастовардҳои бузургу беҳамто, соли пурфайзу пурбарор, соли арҷгузории олӣ ба Ваҳдати миллии тоҷикон номид.
Барҳақ, дар ин сол мушарраф шудан ба рушди бонизоми иқтисодӣ, инкишофи бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, раҳо ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ворид шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ин баҳогузориро тақвият медиҳад.
Дар ин раванд, мақомоти прокуратураи мамлакат, ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, инчунин баҳри иҷрои Дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми марти соли 2012-ум оиди ҳисоботи Прокурори генералӣ корҳои зиёдеро амалӣ намуд, ки мехоҳам оиди онҳо ҳисоботи худро манзури шумо гардонам.
Мақомоти прокуратура вобаста ба иҷрои қонунҳои ҷорӣ, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки назорати прокурорӣ: ҳимояи ҳуқуқи инсон, баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, бахусус дар мавриди тафтишу таҳқиқи ҷиноятҳо, назорати риояи қонунгузориҳои замин, муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ ва таъмини иҷрои воқеии санадҳои эътиноии прокурорӣ 6260 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи онҳо баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 22 300 санади эътиноии прокурорӣ пешниҳод намуд, ки дар натиҷаи баррасии онҳо 18700 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида, 1708 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, зимни ин 208 млн. 540 ҳазор сомонӣ товони зарарро ошкор намуд, ки аз ин 126 млн. сомонӣ ба буҷет барқарор карда шудааст.
Соли 2012 тасмим гирифтем, ки аз санҷишҳои барзиёд худдорӣ намуда, шумораи санадҳои эътиноии прокурориро низ кам намоем. Ин имконият дод, ки самаранокӣ ва воқеан иҷрои пурраи онҳо таъмин гардида, санадҳои эътиноии хусусияти сатҳидошта, ки барои беҳтар нишон додани натиҷаи корӣ бароварда мешуданд, аз байн рафта, воқеан бартараф гардидани қонуншиканиҳо беҳтар гардиданд.
Ҳамин тариқ, соли 2012 зиёда аз 530 санҷиш камтар гузаронида, зиёда аз 18 ҳазор санади эътиноии прокурорӣ камтар бароварда шудаанд.
Дар раванди ин санҷишҳо, пеш аз ҳама диққати асосӣ ба таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дода шуда, иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» дар зинаҳои гуногуни мақомоти идоракунии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ мавриди санҷиш ва чораандешӣ қарор гирифт.
Санҷишҳо муайян намуд, ки камбудиҳо дар риояи қонуни мазкур зиёд буда, халалдор шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ҷой доранд.
Масалан, дар шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Шаҳринав, Панҷакент, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Ҷалолиддини Румӣ, Восеъ ва Балҷувон 1603 ҳолати ғайриқонунӣ баррасӣ кардани муроҷиатҳои шаҳрвандон, аз он ҷумла дар муҳлатҳои тӯлонӣ баррасӣ накардани онҳо ошкор карда шуд, ки дар натиҷа нисбати нуҳ раис, панҷ нафар муовини раис, чор нафар котиб ва ҳашт нафар муҳандиси заминсози ҷамоатҳо ва дар як ҳолат нисбати муовини аввали раиси ноҳияи Ғончӣ 34 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуданд.
Бо назардошти яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор рафтани истифодаи оқилонаю самараноки замин, ҳолати иҷрои қонунгузории мазкур бештар дар фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳо мавриди санҷиш қарор гирифт.
Санҷишҳои прокурорӣ собит сохтанд, ки дар ин самт беҳбудиҳо ба назар расида, дар аксар ҳолат талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда риоя мешаванд.
Баробари пешравиҳо, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо раисон аз доираи салоҳияти хизматӣ берун баромада, дар мавриди тақсими замин қарори ғайриқонунӣ қабул менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар соли 2012 бо 916 қарори ғайриқонунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз он ҷумла ба 660-тои он вобаста ба қонунгузории замин эътирози прокурорӣ оварда шудааст.
Бояд зикр кард, ки мақомоти прокуратура дар самти қонунгузории замин 620 санҷиш гузаронида, зиёда аз 2800 нафарро ба ҷавобгарӣ кашида, 557 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда дар интиҳо 251 гектар заминҳои худсарона ишғолшуда ба ҳолати аввала баргардонида шуданд. (ВКД-108 парванда, АНДМ ва МК-82 парванда).
Баъзе аз масъулини комиссияҳои ҷамъиятӣ бо ҳамиштирокии шахсони мансабдори кумитаҳои заминсозӣ ба рӯйхати эҳтиёҷмандон наздикон ва пайвандони худро дохил намудаанд. Барои ин қонуншиканиҳо нисбати шахсони масъули шаҳру ноҳияҳо ва раисони кумитаҳои заминсозии ноҳияҳои Хуросон, Ғончӣ, Фархор ва дигарон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба 78 нафар, ки оила барпо накарда, эҳтиёҷманд нестанд, қитъаҳои замин ҷудо карда, дода шудааст.
Боиси таассуф аст, ки баъди аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳо қонеъ гардидани эътирозҳои прокурорҳо ва бекор кардани қарорҳои ғайриқонунӣ шахсоне, ки ғайриқонунӣ замин гирифтаанд, аз рӯйи ин қарорҳо ба суд шикоят мекунанд. Суд, дар навбати худ, шикояти онҳоро қонеъ карда, қарори раисонро оиди қонеъ кардани эътирози прокурор бекор мекунад. Бо сабаби он ки дар баррасии ин шикоят дар судҳо прокурор иштирок намекунад, қарори ғайриқонунии аввала бо истифода аз хомӯшии раиси ноҳия ва дигар шахсони манфиатдор ҳукми қонунӣ пайдо мекунад ва замин ғайриқонунӣ боз дар ихтиёри истифодабаранда мемонад.
Масъалаи иштироки прокурор дар баррасии парвандаҳо вобаста ба замин бо дастгирии Суди Олӣ ҳалли мусбии худро ёфт.
Санҷишҳо оиди иҷрои қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ собит намудаанд, ки дар аксарият корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ қонунвайронкуниҳои зиёде ҷой доранд, ки онҳо ба поймол шудани ҳуқуқҳои кормандон ба меҳнат замина гузоштанд.
Дар харҷномаҳои молиявӣ-иқтисодии корхонаҳо барои таъмини муҳофизати меҳнат сол андар сол хароҷоти маблағҳо пешбинӣ карда намешаванд.
Дар ҷумҳурӣ соли 2012-ум 82 ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот рух додааст, ки дар натиҷа 38 нафар ҳалок гардидаанд.
Баҳри иҷрои банди 2-юми Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҳисоботи Прокурори генералӣ назорати риояи қонунгузорӣ дар бораи муҳоҷирати меҳнатиро яке аз масъалаҳои муҳим дар соли 2012 эътироф карда, дар ин самт низ санҷишҳои зиёди прокурорӣ амалӣ шуданд.
Санҷишҳои прокурорӣ оиди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» нишон доданд, ки аз тарафи ҲНИТ риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи муроҷиати шаҳрвандон, андоз, санитарӣ-эпидемиологӣ ва ғайраҳо ҷой доранд. Инчунин аз тарафи аъзои ҳизб дар давоми солҳои 2009-2012 содир намудани як қатор ҷиноятҳои террористӣ-экстремистӣ ба қайд гирифта шудааст, 11 нафар аъзои ҳизб дар содир намудани ин ҷиноятҳо гунаҳгор дониста шудаанд.
Дар ин давра диққати прокуророн ба ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, хусусан ба истифодабарии маблағҳои буҷетӣ, нигаронида шуд.
Дар соли 2012-ум 1100 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла 131 ҷинояти азонихудкуниҳо ва исрофкориҳои моликияти давлатӣ, дигар ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, бо маблағи зарари моддии 29 млн. сомонӣ ва 89 ҳолати гирифтан ва додани пораро ошкор намудем.
Баҳри пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан омилҳои коррупсионӣ дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз он ҷумла кормандони прокуратура, диққати доимӣ дода истодаем, нисбати 163 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои ташкилоти байналмилалии «Трансперенс интернейшнл», рейтинги Тоҷикистон оид ба дарки коррупсия панҷ зина поён фаромадааст. Ин моро водор месозад, ки оид ба ин масъала ҳаматарафа андеша намоем ва тадбирҳои судманд андешем.
Дар рафти санҷишҳои қонунгузории андозу гумрук 26 ҳолати саркашӣ аз пардохти андозҳо ошкор шудааст, ки дар 11 ҳолат маблағи андозҳои пинҳонкарда бо ҳар яки он аз як млн. сомонӣ зиёд буда, ҷамъи маблағҳои пинҳонкарда 29 млн. 155 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.
Дар натиҷаи бештар диққат додани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба масъалаи пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояткории ноболиғон ва ҷавонон онҳо 80 адад (625/545) ё 15 фоиз зиёдтар ошкор карда шуданд, ки он дар пешгирии ҷинояткории ноболиғон ва ҷавонон таъсири мусбии зиёд мерасонад.
Дар ин маврид назорати толорҳои варзишӣ, мураббиёни онҳо, хусусан толорҳое, ки дар таҳхонаҳо бе қайд мебошанд, назорати марказҳои дилхушӣ андешидани чораҳои ҷиддиро тақозо менамоянд. Вақтҳои охир шахсони тасодуфӣ ва гурӯҳҳои ҷавонони ҷиноятпеша дар ин ҷойҳо ҷамъ шуда, фаъолияти худро барои зиёд кардани таъсир ва нуфузи худ дар ин ё он маҳал ва ҳатто ҷомеа тарҳрезӣ ва амалӣ менамоянд. Ин ҳолатҳо ба ҷудошавии ҷавонон ба гурӯҳҳо ва пайдо шудани муноқишаҳо байни онҳо мусоидат карда истодааст. Чунин ҳолатҳо бештар дар шаҳрҳо ва марказҳои вилоятҳо ба мушоҳида мерасанд.
Иҷрои қонунҳоро дар бораи маориф, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд санҷида, камбудиҳоро дар фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ ва падару модарон ошкор намудем, чораҳо баҳри бартараф намудани онҳо андешида шуданд.
Барои ба низом овардани корҳои огоҳкуниву пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, тибқи супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мақомоти прокуратура тасмим гирифтааст сабабу шароитҳое, ки ба содиркунии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғон мусоидат карданд, дар се соли охир мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри таҳия намудани низоми махсуси корҳои пешгирии ин аъмоли номатлуб ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод ирсол намояд ва чораҳо андешад.
Борҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ҷой доштани ҳолатҳои пинҳон намудани ҷиноятҳо дар фаъолияти онҳо ҷалб намудаанд.
Аз ин рӯ, мо баҳри пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар асоси талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда масъалаи ошкор намудан ва ба қайд гирифтани ҷиноятҳоро дар ду-се соли охир зери назорати қатъӣ қарор додем. Дар натиҷа, соли 2012-ум 16600 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки он назар ба соли 2011-ум 1,6 фоиз кам, вале назар ба соли 2009 (12408) 4200 адад ва ё 34 фоиз зиёд мебошад. Ин натиҷаи маҳсули ҳамкории ҳамаҷониба ва беҳтар гардидани кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан милитсия дар ошкор сохтан ва ба қайд гирифтани ҷиноятҳо, мебошад.
Чорабиниҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оиди безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии ҷинояткор, беҳтар гардидани интизоми бақайдгирии ҷиноятҳо ва таъмини ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ, натиҷаи мусбӣ медиҳад.
Аз ин ҷост, ки дар соли 2012 ҷиноятҳои вазнин 23 фоиз, аз он ҷумла бо истифодаи яроқ 37 фоиз, одамкушӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, таҷовуз ба номус, хариду фурӯши одамон, роҳзанӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, терроризм, экстремизм ва бандитизм аз 16 то 60 фоиз кам содир шудаанд. Чунончӣ, давоми соли сипаришуда 104 куштор ба қайд гирифта шуд, ки назар ба соли 2011-ум 30,6 фоиз ва назар ба солҳои пешин аз 30 то 35 фоиз кам мебошад. Баробар ба ин дар соли 2012 аз кушторҳои нокушодаи солҳои пешин 43 куштор кушода шуда, ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ таъмин гардид.
Мақомоти тафтишоти ҷумҳурӣ тафтиши 7170 парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла мақомоти прокуратура 2312 парвандаро ба анҷом расонида, ба судҳо ирсол намуданд.
Аз рӯйи ин парвандаҳо зарари моддӣ ба маблағи 62 млн. 710 ҳазор сомонӣ ва 748 ҳазор доллари ИМА муқаррар карда шудааст, ки дар рафти тафтишот 31 млн. 140 ҳазор сомонӣ ва 133 ҳазор доллари ИМА барқарор карда шудааст.
Таҳлили ҳолати ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки ин ҳам ҳолати воқеии ҷинояткорӣ набуда, принсипи ногузирии ҷавобгариро барои содир намудани ҷиноят пурра таъмин намекунад, бақайдгирӣ ва муайянкунии ҷиноятҳо ба такмили куллӣ ниёз доранд.
Тӯли соли 2012 мақомоти прокуратура 770 адад ҷинояти аз ҷониби дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳонкардаро ошкор ва ба қайд гузошт, ки он панҷ фоизи ҳамаи ҷиноятҳои бақайдгирифтаро ташкил менамояд.
Аз ин рӯ, бо назардошти ҳолати мавҷуда, назорати интизоми бақайдгирӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳо, бо ин васила таъмини принсипи ногузирии ҷавобгарии ҷиноятӣ самти афзалиятноки фаъолияти прокуратура дар соли 2013 ҳисобида шудааст.
Чорабиниҳои амалинамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ баҳри мубориза бо ҷинояткорӣ, безарар гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии ҷинояткор дар таҳкими қонуният ва ҳимояи ҳуқуқи инсон такони ҷиддӣ бахшид.
Дар давоми солҳои 2000-2012 гурӯҳҳои ҷинояткори шаҳри Хоруғ дар атрофи худ ҷавононро ҷамъ ва мусаллаҳ намуда, мунтазам ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир кардаанд.
Оиди асоснокӣ ва зарурияти гузаронидани чорабиниҳо дар шаҳри Хоруғ зикр карданиам, ки баъди амалиёти 24 июли соли 2012 давоми панҷ моҳ аз тарафи сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон 325 адад яроқи оташфишон ва миқдори зиёди муҳимоти ҷангӣ ба мисли автомат, пулемёт, гранатомёт ва дигар аслиҳаи вазнин ихтиёрӣ супорида шуд ва ё аз ҷониби мақомот дарёфт карда гирифта шуд. Аз ҷониби гурӯҳҳои ҷинояткор сардори Раёсати КДАМ дар ВМКБ А.Назаров ба қатл расонида шуд. Гурӯҳи тафтишотии Прокуратураи генералӣ, ки барои тафтиши ин ҳодиса омада буд, гаравгон гирифта шуд.
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки барои озодкунии гаравгонон сафарбар шуданд, ба муқовимати мусаллаҳонаи ин гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор дучор омаданд.
Дар ихтиёри ин гурӯҳҳо мавҷудияти миқдори зиёди силоҳи оташфишон, аз ҷумла силоҳҳои вазнин, муҳимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда, содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷониби онҳо аз дараҷаи махсусан хавфнокии ин гурӯҳҳо шаҳодат медод ва андешидани чораҳои заруриро нисбати онҳо тақозо менамуданд.
Дар асоси талаботи қонун, баҳри таъмини сулҳу субот шахсоне, ки яроқҳои оташфишон ва лавозимоти ҷангиро ихтиёрӣ супориданд, барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва гирифта гаштани онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда, қисми маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо қатъ карда шудааст.
Дар ин хусус тавассути телевизиони Бадахшон, сомонаҳои интернетии АМИТ «Ховар», рӯзномаҳо, шабакаҳои радио ба самъи шаҳрвандон расонида шуд.
Дар соли 2012 ҳамагӣ 96 ҷинояти ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи оташфишон ба қайд гирифта шудааст, ки бо назардошти далелҳои дар боло овардашуда хеле кам мебошад. Ин ҳолатҳо тақозо менамоянд, ки баҳри пешгирӣ ва мубориза бо омилҳои ғайриқонунӣ ба даст овардани силоҳи оташфишон чораҳои судманд андешида шавад.
Ҳифзи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ҳангоми баамалбарории фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҳқиқ ва тафтишоти пешакӣ соли гузашта ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои дар сатҳи роҳбарияти олии кишвар ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ муҳокимашванда табдил ёфт.
Бевосита аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи шиканҷа маҳкум карда, ба мақомоти дахлдор супориш дода шуд, ки баҳри пешгирии чунин амалҳои номатлуб чораҳои зарурӣ андешанд. Аз ин рӯ, ба масъалаи мазкур диққати махсус дода, дар ин самт чорабиниҳои зиёди пешгирикунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, нуҳ парвандаи ҷиноятӣ оиди содир намудани шиканҷа ва баромадан аз ҳадди ваколатҳо аз ҷониби кормандони мақомоти пешбарандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуӣ оғоз намуда, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Мавриди ёдоварист, ки соли 2012 оиди масъалаи шиканҷа Ҳисоботи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи СММ шунида шуда, вобаста ба ин маърӯзачии махсуси СММ Хуан Мендез ба Тоҷикистон ташриф овард ва масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дод. Кумитаи СММ ва Хуан Мендез дар ҳуҷҷатҳои хулосавии худ корҳои анҷомдодаи Тоҷикистонро дар ин самт мусбӣ арзёбӣ карданд. Ин дастоварди бузурги Тоҷикистон дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки он пеш аз ҳама бо заҳматҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Дар баробари ин, Кумитаи СММ зидди шиканҷа ва Хуан Мендез камбудию норасоиҳоро дар ин самт зикр намуданд ва тавсияҳо низ доданд, ки мо онҳоро ба ҳисоб мегирем ва баҳри иҷрои онҳо тадбирҳо меандешем.
Ҷиҳати пешгирии ғайриқонунӣ дастгир намудани шаҳрвандон ва истифодаи азобу шиканҷа, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ дар ҳамкорӣ бо Суди конститутсионӣ, Шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Комиссариати Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон бо кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, судяҳо, прокуророн ва кормандони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан мақомоти пешбарандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар вазоратҳо, дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинарҳо гузаронида шуданд.
Санҷишҳои прокурорӣ собит сохтанд, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти гумрук ва ҳифзи сарҳад оид ба пешгирии қочоқи маводи нашъаовар тавассути гузаргоҳҳои сарҳадӣ, роҳи оҳан ва нақлиёти ҳавоӣ ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯ набуда, дар ин самт қонуншиканиҳои ҷиддӣ ҷой доранд.
Тӯли соли 2012 дар дохили кишвар назар ба соли 2011 ба миқдори 1 тоннаю 741 кг. зиёд мусодира шудани маводи мухаддир, аз ҷумла 5,5 кг героин, дар хориҷи кишвар бо маводи нашъаовар бештар дастгир шудани шаҳрвандони мамлакат, гарчанде миқдори мавод кам ҳам мусодира шуда бошад ин хулосаро тасдиқ мекунад.
Баҳри иҷрои банди 2-юми Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҳисоботи Прокурори генералӣ аз 29-уми марти соли 2012 мақомоти прокуратура вохӯрии прокуроронро дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба фаҳмондадиҳӣ ва таблиғи қонунҳо дар бораи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, моҳияти эълони ҷиҳод, дар байни аҳолӣ идома дода истодааст.
Ҷиноятҳо дар ин самт ошкор нашуда, дар маҷмуъ бо 20 парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои террористӣ-экстремистӣ 238 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида ва бо ҳукми судҳо маҳкум карда шуданд.
Дар ин давра Прокуратураи генералӣ тафтиши як қатор парвандаҳои ҷиноятии мураккаб, калонҳаҷм, аҳамияти махсуси сиёсиву ҷамъиятидошта ва мавриди таваҷҷуҳи зиёди аҳолиро ба охир расонид.
Масалан, директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Мовароуннаҳр» Ҷ.Т. Охонов давоми солҳои 2006 то ноябри 2010 бо роҳи бастани шартномаҳои саҳмгузорӣ барои сохта ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе аз боварии зиёда аз 530 нафар шаҳрвандон истифода карда, маблағи қариб 16 млн. доллари ИМА, баробар ба 60 млн. сомонӣ аз онҳо ситонида, барои онҳо манзилҳои истиқоматӣ бунёд накардааст.
Ба ғайр аз ин, Ҷ.Т.Охонов аз ҳисоби маблағҳои барои сохтмони бинои Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» пешбинишуда маблағи 850 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби маблағи барои сохтмони беморхона пешбинишуда 7,5 млн. сомонӣ, ки аз он 2,4 млн. сомонӣ дар рафти тафтишоти пешакӣ барқарор шудааст, аз они худ карда, бо ин кирдорҳои ҷиноии худ ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Парвандаи ҷиноятӣ бо анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд фиристонида шуд, ки бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ маҳкум карда шуда, ҶДММ «Мовароуннаҳр» вазифадор шуд, ки зарари ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ расонидаашро барқарор намояд.
Инчунин Прокуратураи генералӣ тафтиши як қатор парвандаҳои дигари ҷиноятиро нисбати Ш.М.Атҳамов, Бахтиёри Музаффарзода, Р.Мирзоахметов, М.Давлатов, Ш.Сангимуродов, Б.Шоев, М.Абдуллоев ва дигарон оиди содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз қабили: одамкушӣ, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии моддаҳои нашъаовар ва силоҳ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунии ҷинояткор, ғасби гаравгон, роҳзанӣ, муқовимат бо намояндаи ҳокимият, қаллобӣ, гирифтани пора, азонихудкунӣ ва ғайраро ба анҷом расонида, гунаҳгорон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он, сарфи назар аз чораҳои андешидаи мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва муҳити атроф то ҳанӯз барои фароҳам овардани ҳама шароитҳо барои аз баҳри қиматтарин неъмат — ҳаёт даст накашидани бархе аз шаҳрвандон басандагӣ намекунад. Соли гузашта шумораи худкушиҳо дар ҷумҳурӣ 48 адад зиёд гардиданд. Ин ҳодисаҳо дар вилоятҳои Суғд- 33 адад, Хатлон- 14, Бадахшон -3, ноҳияҳои Шаҳринав -7, Ҷиргатол ва Файзобод- 3 адад зиёдтар содир шудаанд.
Аз рӯйи ҳодисаҳои худкушӣ ва сӯиқасд ба он 51 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, аз онҳо 42-тоашон баъди анҷомёбии тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол гардиданд ва боқимонда мавриди тафтиш қарор доранд.
Прокуророн барои ба ҳабс гирифтан ва ба суд дархост пешниҳод намудани 3141 шахсони гумонбар розигӣ дода, бо қарори суд нисбати 3121 нафар гумонбар ва айбдоршаванда чораи ҳабси пешакӣ татбиқ шудааст.
Дар рафти баррасии судии 10938 парвандаи ҷиноятӣ, иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ прокуророн иштирок намуда, барои ба амал баровардани адолати судӣ ва қабули қарорҳои қонунӣ саҳмгузорӣ намуданд.
Ҷиҳати барқарор намудани товони зарар ба манфиати давлату шаҳрвандон 946 даъво ба маблағи 76,3 млн. сомонӣ ба судҳо пешниҳод шудааст, ки аз ин шумора, 716-тои онҳо ба маблағи 76,3 млн.сомонӣ қонеъ шудаанд.
Аризаҳои даъвоии прокурорҳо оиди рӯёнидани зарар, гарчанде дар бисёр ҳолатҳо бо ҳалномаҳои судҳо қонеъ карда шаванд ҳам, иҷрои воқеии онҳо таъмин намегардад.
Чунончӣ, давоми солҳои 2011-2012 аз ҷумлаи даъвоҳои қонеъшуда маблағи воқеан барқароркардашудаи зарарҳо 10 фоизро ташкил медиҳаду халос.
Омӯзиши масъалаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди мусодираи амвол ва ҷарима, инчунин барқарории товони зарар аз рӯйи аризаҳои давоӣ нишон дод, ки фаъолияти судиҷрочиёни Вазорати адлия ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Дар соли 2012 нисбати 1320 нафар маҳкумшудагон судҳо ҷазои мусодираи амвол таъин намудаанд, ки танҳо дар 150 ҳолат аз онҳо 20 адад автомашинаи кӯҳна ва баъзе дигар молу амволи ночиз мусодира шудаасту халос, дар 1170 ҳолати дигар санад тартиб дода шудааст, ки ҷинояткор молу амволи мусодирамешуда надорад.
Албатта, бо чунин иқтидор, салоҳият ва вазифаҳое, ки имрӯз иҷрочиёни суд дар Вазорати адлия доранд, имконият надоранд, ки ин фаъолиятро пурра амалӣ намоянд. Аз ин рӯ, фаъолияти онҳо такмил мехоҳад.
Вазъи ҳуқуқӣ ва нигоҳдории маҳкумшудагон мунтазам дар муассисаҳои ислоҳӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, дар натиҷа нисбати кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар ду ҳолат барои баромадан аз ҳадди ваколатҳо, хунукназарӣ ва поймолкунии ҳуқуқи маҳкумшудагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Бобати рӯёнидани маблағҳои зарар роҳбарияти муассисаҳои ислоҳӣ ташаббускорӣ нишон надода, ҷиҳати зиёд намудани ҷойҳои корӣ аз рӯйи қудрати истеҳсолӣ тадбирҳо наандешидаанд.
Мақомоти прокуратура вобаста ба таҳкими муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо дигар мамлакатҳо корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Давоми соли сипаришуда мо дар ҳимояи шарҳи универсалии даврӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар Шӯрои СММ, дар мулоқоти Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар пешниҳоди ҳисобот оиди иҷрои Конвенсияи СММ зидди шиканҷа ва дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, манфиатҳои Тоҷикистонро ҳимоя кардем.
Ҷаласаи 10-уми прокуророни генералии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхайро дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор кардем.
Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва кормандони мақомоти прокуратура ҳамарӯза ба роҳ монда шудааст.
Дар ноҳияҳои вилояти Суғд қабули шаҳрвандон бо иштироки бевоситаи раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят гузаронида мешавад, ки ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат кардааст.
Ташвиқу тарғиби қонунҳо яке аз рукнҳои асосии баланд бардории маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб рафта, дар ин самт мақомоти прокуратура 8 маротиба нишасти матбуотӣ ташкил карда, натиҷаи он дар телевизиону матбуот дарҷ ва пахш гардид.
Тӯли ин давра дар муассисаву ташкилот ва қисмҳои ҳарбӣ вохӯриву суҳбатҳо гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма баромадҳо ташкил намудем.
Муҳтарам Раис! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳозирини гиромӣ!
Ҳисоботро дар бораи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли сипаришуда манзури шумо намуда, боварӣ дорам, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмилу ташаккули минбаъдаи фаъолияти мақомоти прокуратура дар тақвияту таъмини волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкили мубориза ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти ҷиноӣ ва дар маҷмуъ субот ва оромии мамлакат моро роҳнамоӣ менамояд.
Мо, кормандони мақомоти прокуратура, дар оянда низ баҳри иҷрои вазифаҳое, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, Президенти мамлакат ва қарорҳои Маҷлиси миллӣ ба зиммаи мо гузоштааст, аз рӯйи виҷдони пок, дасту дили тоза ва дар сатҳи баланди касбӣ омодаем.
Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Бахтиёр Худоёров аз рӯйи ин масъала баромади иловагӣ намуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012» ба овоз монда, бо назардошти таклифҳо Қарор қабул шуд.
Масъалаҳои навбатии рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Бохтар, Темурмалик, Ҷиликӯл, Панҷ, Қубодиён, Қумсангир ва Восеъи вилояти Хатлон» ва лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд» низ баррасӣ гардиданд.
Аз рӯйи ин масъалаҳо таври алоҳида қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд.
РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия – «Дар бораи қатъ намудани ваколати муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров М.» шурӯъ менамоем.
Сухан оид ба ин масъала ба Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ — намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич дода мешавад.
Ҷумъа Давлатов пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат менамояд:
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодро дар бораи қатъ намудани ваколати муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Мустафо, бинобар вафоташ, ирсол менамоям.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қатъ намудани ваколати муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Мустафо» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.
Масъалаи охирини рӯзномаи иҷлосия – лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» низ баррасӣ гашта, вобаста ба тасдиқи он Қарор қабул шуд.
РАИС: — Раиси Котибот гуфтание доред? Нест.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд? Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолонаатон дар кори иҷлосия ташаккур мегӯем.
Дар иҷлосияи мазкур 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 10 қонуни мукаммал, 18 қонун бо мақсади такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 11 масъалаҳои марзиву маъмурӣ баррасӣ гардид.
Бо ҳамин Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.
(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)
Ҷумъахон НАБОТОВ,
Абдулмаҷид МУРОДОВ,
Аъзам МӮСОЕВ,
Далер МЕРГАНОВ,
«Садои мардум»
Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ