Истаравшан: Мардум аз фаъолияти раиси шаҳр қаноатманданд

№124 (3761) 19.10.2017

Untitled8Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 4 ҳазор соҳибкор фаъолият менамоянд, ки саҳми онҳо дар ободии шаҳр калон аст.

Баъди раиси шаҳр таъин гардидани Баҳром Иноятзода дар муддати кӯтоҳ як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба сомон расид. Таҷдиду азнавсозии майдони Ғалаба, чароғонкунии кӯчаҳои марказии шаҳр, ободу зебо намудани даромадгоҳи корхонаю муассисаҳо анҷом пазируфтанд. ҳоло таҷдиди Қалъаи таърихии Муғ, азнавсозии роҳҳо, сохтмони биноҳои баландошёна ва иншооти дигар идома доранд. Қобили зикр аст, ки дар давоми шаш моҳи фаъолият Баҳром Иноятзода сохтмони зиёда аз 28 иншооти хурду калони таъиноташон гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизмат­расониро роҳандозӣ намуд. То имрӯз ҳашт иншоот — чор коргоҳи истеҳсолӣ, ду муассисаи таълимӣ, ду муассисаи тиббӣ ба истифода дода шудааст.

Инчунин, таъмиру азнавсозӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳр ба итмом расид ва дар он 26 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид. Алҳол бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии соҳибкорон дар назди муассисаҳои таълимии деҳаи Найман сохтмони се синфхонаи иловагӣ бо 75 ҷойи нишаст, деҳаи Қунҷок чор синфхона бо 100 ҷойи нишаст, деҳаи Чорбоғ 6 синфхона бо 150 ҷойи нишаст, деҳаи Сӯфӣ Ориф чор синфхона бо 100 ҷойи нишаст, деҳаи Ругунд шаш синфхона бо 150 ҷойи нишаст, деҳаи Боғи Калон ҳашт синфхона бо 200 ҷойи нишаст бомаром идома дорад. Ҳамчунин, азнавсозии саҳни Қасри фарҳанг аз рӯи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ оғоз гардидааст ва бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар шаҳр ду меҳмонхонаи замонавӣ ба истифода дода мешавад.

Тибқи суханони мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои дастгоҳи раиси шаҳри Истаравшан У. Абдулхайров, ин тадбир ба буҷаи давлат даромад оварда, барои беҳбудии зиндагии мардум замина мегузорад. Раиси шаҳр ба рафти корҳои сохтмонӣ ҳар рӯз шинос шуда, ба коргарон маслиҳатҳои судманд медиҳад. Борҳо дидаем, ки дар тан либоси корӣ ҳамроҳи сохтмончиён кор мекунад.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»