Дар деҳаи Шитхарви ноҳияи Ишкошим бинои нави Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд.
Мавриди истифода қарор додани Маркази саломатӣ дар дурдасттарин деҳаи Бадахшон шаҳодати таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат, ба рушди соҳаи тандурустӣ мебошад. Бино дар ҳамбастагии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо «Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон»-и Бунёди Оғохон ба маблағи 333 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дорои чор ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мебошад.
Лутфишоҳи ДОДО