Таҳти ин унвон 18 октябри соли равон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид. Дар робита ба аҳамияти мавзӯъ ва маърӯзаҳои пешниҳодшуда директори Марказ, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир андешаҳояшро иброз намуд.
Сипас, сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳкам Аъзам, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода суханронӣ намуданд.
Муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Каримзода Карим Мазиё ва муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузорӣ, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент Баҳриддинзода Субҳиддин Эсо доир ба мавзӯъҳои «Бехатарии конститутсионӣ ҳамчун категорияи конститутсионӣ», «Таҳдидҳо ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза карданд. Дар маҷмӯъ, ба конференсия беш аз 30 маърӯза пешниҳод гардид, ки паҳлуҳои гуногуни масоили амнияти кишварро дар бар мегирифтанд.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»