Муаррихи варзида, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, барандаи Ҷоизаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Рустамҷон Юлдошев аз зумраи муҳаққиқони рӯйдоди муҳими таърихӣ -Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Суҳбати мо бо ӯ бобати аҳамияти таърихии иҷлосия сурат гирифт.
- Аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳоряк аср сипарӣ мешавад. Нигоҳи шумо ба ин рӯйдоди муҳими таърихӣ аз мавқеи имрӯз чӣ гуна аст?
- Ман мехоҳам посухи саволатонро аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буданд, оғоз кунам: «Ин Иҷлосия, ки минбаъд дар таърихи навини халқамон бо номи Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳум сабт шуд, дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ноороми кишвар нақши бузурги таърихӣ бозид ва роҳу сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷикро муайян намуд».
Бояд зикр кард, ки дар тӯли 25 соли баъди Иҷлосия дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳо, таҳкими худшиносӣ ва рӯҳияи ягонагии миллӣ гардиши куллӣ ба вуқӯъ пайваст. Бинобар ин, қадру қимат ва аҳамияти таърихии Иҷлосия бо гузашти солҳо боз ҳам дақиқтару равшантар аён мешавад ва боло меравад.
- Хизмати бузурги он барои халқи тоҷик дар чист?
- Аввалан, Иҷлосия саҳифаи наверо дар таърихи давлатдории тоҷикон кушода, оғози воқеии раванди сулҳу эҳёи рукнҳои давлатдории миллиро асос гузошт. Сонӣ, хизмати бузурги он дар интихоби Роҳбари давлат аз ҷониби вакилони халқ буд. Онҳо ақлу заковати баланд зоҳир карданд ва бо амри тақдир фарзонафарзанди миллат — Эмомалӣ Раҳмонро ба сарварии давлат пазируфтанд. Баъдан, маҳз ҳамин Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав боз намуд ва барои таҳияву қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ заминаи боэътимод гузошт. Ниҳоят, Иҷлосия роҳҳои ҳамкории мутақобилан судмандро бо мамлакатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ муайян кард.
- Оид ба қарор ва қонунҳои қабулнамудаи Иҷлосия чӣ фикру андеша доред?
- Иҷлосия дар маҷмӯъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул кард, ки нақши онҳо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар дар он солҳо басо бузург аст. Ҳамин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буданд, ки ҳидоятгари сокинони кишвар дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, бахшидани гуноҳҳои якдигар шуданд, орзуву омоли халқро ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташкили зиндагии осоишта қавӣ намуда, боиси афзудани эътимоди шаҳрвандон ба ҳокимияти конститутсионӣ гардиданд. Аз ин рӯ, ин Иҷлосияро метавон бо боварии комил сарнавиштсоз номид, ки ба халқ имконияти созандагиву бунёдкорӣ ва шукуфоӣ дод. Дастовардҳои халқ дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз татбиқи санадҳои ин Иҷлосияи тақдирсоз сарчашма мегиранд.
- Шумо дар як мақола навиштаед, ки «марҳилаи нави эҳёи миллати тоҷик маҳз аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад». Ин гуфтаҳоро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
- Ғояҳои сулҳу оштии миллӣ ва бахшидани гуноҳи якдигар навидҳое буданд, ки нахустин маротиба дар толори Қасри Арбоб садо доданд ва ҷавҳари фаъолияти роҳбарияти навинтихоби кишвар маҳз аз ҳаминҳо иборат буд. Дуюм, сохторҳои фалаҷгардидаи ҳукуматӣ барқарор шуданд, Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадбонӣ таъсис ёфтанд.
Иҷлосия аҳамияти байналмилалӣ низ дорад, зеро санадҳое, ки дар он қабул шуданд, барои таъмини амнияти минтақа аҳамияти таърихӣ доштанд. Маҳз дар Иҷлосия масъалаҳои стратегияи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар муайян шуд, ки минбаъд онро Сарвари тозаинтихоби давлат самаранок татбиқ карданд. Таъмини ҳифзи истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлати миллӣ, манфиатҳои миллии халқи тоҷик, таъмини якдилию ягонагии тоҷикон, худшиносию худогоҳӣ аз ҷумлаи масъалаҳои умда буданд, ки минбаъд ҳаллу фасл гардиданд.
- Сабақҳои Иҷлосияро дар чӣ мебинед?
- Якум, халқ ҳокимияти қонуниро ҷонибдорӣ кард. Дуюм, маҳз дар ҳамон Иҷлосия ба ҳамдигарфаҳмӣ, манфиати Ватанро аз манфиати шахсӣ боло гузоштан замина гузошта шуд. Сеюм, ба идоракунии давлат намояндагони неруҳои сиёсии гуногунақида дар асоси боварӣ ба ҳамдигар ҷалб карда шуданд. Дар ин робита, мехостам посухи худро боз ҳам бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба муносибати 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, таҳким бахшам: «Дар роҳи берун кашидани кишвар аз гирдоби даргириҳои сиёсӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ мехостам нақши созандаи Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми ҳар як сокини Ватани маҳбубамонро таъкид намоям».
Ана ҳамин нақши созанда буд, ки ҳар қадар аз баргузории Иҷлосияи тақдирсоз рӯзҳои бештар сипарӣ шаванд, аҳамияти бузурги таърихӣ ва сарнавиштсози он барои халқ ҳамон андоза қимати бештар касб мекунад.
Мирзоаъзам Мақсудов,
«Садои мардум»