Дар Осиёи Марказӣ кам кишварҳое ба мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳам наздик ҳастанд. Ин ду давлатро риштаҳои хуби хешутаборӣ, дӯстӣ боз амиқтар мепайвандад. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таъриху фарҳанг ва сарҳади муштарак доранд. Дар дохили ҳар ду ҷумҳурӣ намояндагони халқиятҳои ин кишварҳо зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар тӯли қарнҳо бо ҳамдигар дӯсту бародар ва ба ҳам наздику қарин гаштаанд.
Аз замонҳои қадим то ба ҳол риштаҳои дӯстию ҳамкорӣ миёни ду халқ-тоҷику ӯзбек вуҷуд дорад. Дӯстии беолоишу самимии бисёрасраи тоҷикону ӯзбекон аз қадимулайём ба ҳамагон маълум аст.
Дар давоми садсолаҳо онҳо бо ҳамдигар дар як сарзамин, паҳлу ба паҳлу, ҳамчун ҳамсояи дар ба дар зиндагиву кор кардаанд. Аммо вақтҳои охир дар миёни ин кишварҳо сардие падид омадааст, махсусан давлати ҳамсоя бо ҳар роҳу восита баҳонаи нав ба навро тарҳрезӣ мекунад, ки боиси мушкилоти Тоҷикистон мегардад. Яке аз ин мушкилот бастану симхор кашидани сарҳади ҳар ду кишвар аз ҷониби Ӯзбекистон аст. Ҷумҳурии ҳамсоя мушкилоти марзиро рӯз то рӯз печидатар мегардонад, ки боиси авҷи омилҳои номатлуб мешавад. Моҳҳои охир сар задани чунин амалҳои бадқасдона аз ҷониби марзбонони Ӯзбекистон меафзояд. Дар баробари рабудани одамон, аз ҷониби онҳо, инчунин ҳодисаҳои рабудани чорво- гову гӯсфанду бузу буз-ғола, мошину трактор ва ғайраҳо низ рух додааст. Чанде пеш сарҳадбонони давлати мазкур панҷ чӯпони сокини деҳаи Моғиёни шаҳри Панҷакент-Тӯлибой Қурбонхоҷаев, Рустам Ҳайдаров, Меҳриддин Шамсиддинов, Суҳроб Абдуллоев ва Довуд Ҳайдаровро бо рамаи гӯсфанду говашон боздошта, ба Ӯзбекистон бурданд, ки боиси гапу калочаи зиёде гардид.
Хешону наздикони чӯпонҳои рабудашуда, зимни ироаи нома ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори мусоидат дар раҳойии чӯпонҳо ва рамаҳо низ шуда буданд. Ҳамчунин ба мақомоти марзбонии Ӯзбекистон чандин маротиба нома ирсол кардаанд, вале ҷавоб нагирифтаанд. Чун амри воқеӣ ҳар мактубе, ки ба ҷониби ҳамсоя равон карда мешавад, беҷавоб мемонад ва ҳам марзбонони тоҷик ва ҳам аҳолии Тоҷикистон мунтазири посухи нома мешаванд. Бояд гуфт, ки то имрӯз Ӯзбекистон ба аксар мактубҳои Тоҷикистон на танҳо ҷавоби расмӣ, балки ҷавоби қабул, ё рад надодааст ва он мактубҳо гӯё миёни замину осмон муаллақ мондаанд.
Бемантиқии рафтори ҳамсоя дар он зоҳир мегардад, ки ӯ ҳатто масъалаи гӯсфандҳоро дар зинаҳои болоии ҳукумати Ӯзбекистон ба баррасӣ кашид. Аз он нашармид, ки ӯ ҳайвонро муҳокима мекунад.
Мақомоти Ӯзбекистон ҳамеша сокинони марзии Панҷакентро ба сарҳадшиканӣ айбдор мекунанд. Ин амали тарафи Ӯзбекистон барои кишвараш мӯд шудааст. Чун ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро, ки боздошт намуд, ба он туҳмату муҳри «ғайриқонунӣ убур кардани сарҳад»-ро мезанад. Аммо то ҳол касе аз сокинони Панҷакент иттиҳом ҳангоми шикастани марзро воқеӣ қабул намекунад. Масалан, як нафар бошандаи деҳаи Фароб Н. Эшмуродова гуфта буд, ки дастгир шудани пайвандонашро дар он сӯйи марз, яъне дар сарҳади Ӯзбекистонро қабул надорад. Ӯзбекистон ҳатто ин қазияро ба як муаммои сарбаста табдил додааст. Боиси таассуф аст, ки сарҳадбонҳои Ӯзбекистон худсарона вориди деҳоти «Фароб» шуда, маҷбуран сокинони он ҷойро боздошт карда, ба Ӯзбекистон бурдаанд, ки дар миёни онҳо кӯдак ва пирамард низ будааст. Чунин ҳодисаҳо дар вақти алафдаравӣ, дар саҳро кор кардану машғули кор будан рух медиҳад. Ин разилии марзбонон ва давлатмардони ҳамсояро нишон медиҳад, ки тоҷику тоҷикистониро чашми дидан надоранд.
Фарид Фаррухзода