Шояд фарде дар ҷомеа ёфт нагардад, алалхусус дар миёни насли калонсол, ки дуоҳое ба мисли «хокро гирад, зар гардад», «хока гирӣ, зар шавад», ё баръакс, «ҳар кӣ бурдааст, хокистар шавад» — ро нашунида бошаду надонад. Маълум аст, ки дуо хоси калонсолон буда, бештар ба ҷавонону наврасон нигаронида мешавад. Мақсад аз дуо дар рӯҳияи он ба воя расонидани насли комилу оқил ва саховатманду одил аст. Вале на ҳама дуо иҷобат мешаваду на ҳама дуобурда босаодат.
Месазад оид ба ин масъала андеша ронд, зеро ҳар падару модар ҳангоми тарбияи фарзанд умеду орзуҳое ниҳон дар дил мепарварад. Чӣ бояд кард, то ин ки хостаҳо амалӣ гарданду дуоҳо қабул? Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мефармояд:
Луқмае, ки нур афзуду камол,
Он бувад оварда аз касби ҳалол.
Равғане, к-ояд, чароғи мо кушад,
Об хонаш, чун чароғеро кушад.
Илму ҳикмат зояд аз луқмай ҳалол,
Ишқу риққат ояд аз луқмай ҳалол.
Чун зи луқма ту ҳасад бинию дом,
Ҷаҳлу ғафлат зояд, онро дон ҳаром.
Ҳеҷ гандум корию ҷав бардиҳад,
Дидаӣ аспе, ки куррай хар диҳад?
Луқма тухм асту бараш андешаҳо,
Луқма баҳру гавҳараш андешаҳо.
Ҳақ ҷониби Мавлоност, ки шарти афзудани нуру камол, илму дониш ва меҳру муҳаббатро дар инсон ба луқмаи аз касби ҳалоловарда рабт медиҳаду бухлу ҳасад ва ҷоҳилию ғофилиро нишонаи луқмаи ҳаром меҳисобад. Волидонро зарур аст, ки қабл аз ҳама, андешанд, ки чӣ чизеро бар даҳони худ ва фарзандон мениҳанд, зеро даҳону забони аз луқмаи ҳаром олудаи ӯ шоистаи дуохонӣ ва даҳону забони аз луқмаи ҳаром олудаи фарзандаш магар қобили муҳаббату меҳрубонӣ буда метавонанд? Ҳаргиз. Чун вуҷуди беолоиши кӯдак олудаи нопокӣ шавад, дуоҳои аз даҳони нопоки волидон хондашуда низ поккорие натавонанд кард. Бояд дар ёд дошт, ки луқмаи мениҳода бар даҳони фарзанд тухмест ба бороварандаи ояндаи ӯ, чӣ бад бошад, чӣ наку. Яъне, гандум корӣ, гандум мегирӣ, ҷав корӣ, ҷав.
Шубҳае нест, ки дар ташаккули шахсият, бахусус инсони комил, луқмаи аз касби ҳалол овардашуда омили асосӣ ва муҳим ба шумор меравад. Мисоли равшани он шахсиятҳои маъруфи гузаштаву имрӯзаи фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мебошанд, ки зодагони волидони худотарсу баор ва баномусу парҳезкор буда, аз луқмаи ҳалол ризқ ёфтаанд. Чун барои собит сохтани андешаҳо далелу ҳуҷҷат лозим ояд, кофист, ки перомуни фарде аз ҳамқадамону ҳамасрон ва фарзанди ҳамин давру замон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чанд нуктае зикр шавад.
Тарҷумаи ҳоли Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва волидонашон ниёз ба шарҳ надорад, чунки мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурун аз он бо он ошноанд. Ҳама медонанд, ки ин хонавода чӣ зиндагии фақирона дошт. Ҳама медонанд, ки аҳли оила аз гандуми ба заҳмат овардаи падару бо муҳаббат хамиркардаи модар нон хӯрдаанд… Қайд кардан бамаврид аст, ки онҳо ба ваъдаҳо содиқанду ба кардаҳо дақиқ. Кӣ намедонад, ки фарзанди чунин падару модар – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон то кори саркардаашонро ба охир нарасонанд, ором нахоҳанд гирифт? Мо медонем ва дигарон низ, ки танҳо чунин ашхоси парвардаи луқмаи ҳалол қодиранд ба иҷрои ваъдаҳо дар аъмолашон. Оре, Пешвои миллат рамзи инсони комиланд, ки нур бар чашму умед бар дил мебахшанд.
Чун сухан майли нуру чашм ва умеду дил кард, ёди орзуву умеди дили миллат – нуру неруи барқи аз НБО «Роғун» ҳосилмешуда пеши назар омад. Неругоҳи барқи обие, ки бунёдаш наҷоти миллату истифодааш рафъи иллат хоҳад гашт. Бунёду баҳрабардории он масъалаест, ки солҳост андешаҳоро бо чунин саволҳо банд кардааст: «Кӣ?», «Кай?», «Чӣ тавр?», «Бо кадом восита?» ва ғайра. Воқеан, инҳо саволҳоеанд, ки шунидани ҷавобашон орзуи ҳар тоҷику тоҷикистонист. Ҷавоб ба ин суолҳо чунин аст: «Тоҷику тоҷикистонӣ, дар муҳлати на чандон зиёд, аҳлона ва ба воситаи меҳнати дастаҷамъона».
Акнун айни бозгашт аст ба сӯи инсони комил ва саёҳат дар олами дил. Диле, ки пок аст аз олоиш, макони пур аз меҳру навозиш, орӣ аз ҳасад, надида шарру бад… Соҳиби ин дил марди некном, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Боз ҳам Мавлоно гуфта, гӯё барои Пешвои миллат:
Комиле гар хок гирад, зар шавад,
Ноқис ар зар бурд, хокистар шавад.
Чун қабули Ҳақ бувад он марди рост,
Дасти ӯ дар корҳо дасти Худост.
Абдумумин МУРОДИЁН,
сардори Раёсати марҳилаи назоратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон