Одате, ки зарар ба саломатӣ ва хисорот ба хонавода мерасонад

№126 (3763) 24.10.2017

Легкие-курильщика-300x192Агар наврас ба амали номатлуб даст занаду аз ҷониби атрофиён вокуниш нашавад, шояд он ба одат табдил ёбад, ки то вопасин рӯзи ҳаёт тарк кардан натавонад. Истифодаи тамоку, хусусан сигор низ чунин аст. Ҳарчанд истифодаи он расман мамнӯъ нашудааст, аммо ҷомеа ҳама вақт онро маҳкум менамояд. Ҳатто инсонҳое, ки як рӯзро бе истифодаи он гузаронида наметавонанд, ба касе  кашидани сигорро тавсия намедиҳанд. Зеро он агар ба саломатии шахси сигоркашу атрофиён зарари ҷиддӣ расонад, аз ҷониби дигар ба буҷаи оилавӣ низ хисороти чашмрас ворид месозад. Аз ин ҷост, ки дар дунё ба истифодаи тамоку маҳдудият ҷорӣ кардаанд.  Дар кишвари мо низ  истифодаи сигор ва дигар маҳсулоти тамоку дар доираи қонун танзим мешавад. Якуми январи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» мавриди амал қарор гирифт, ки тартиби истифодаи сигарет ва дигар маҳсулоти аз тамоку истеҳсолшавандаро танзим менамояд. Дар доираи талаботи қонуни мазкур истифодаи маҳсулоти аз тамоку истеҳсолшаванда, аз ҷумла носу сигарет дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, махсусан бинои корхонаву ташкилот, боғу гулгаштҳо манъ аст. Дар баробари ин, банди 2 моддаи 7 қонуни мазкур корфармо ва маъмурияти ташкилотҳоро уҳдадор намудааст, ки барои кашидани тамоку ҷойҳои махсус муайян намоянд. Бо вуҷуди гузаштани наздики 7 сол аз мавриди амал қарор гирифтани қонун, ин банд то ҳол иҷро нагардидааст. Набудани ҷойҳои махсуси сигоркашӣ боис ба он мешавад, ки нафарони мубталои ин одат дар ҷойҳои нисбатан камодам сигор кашанд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ гуфт, ки тибқи талаботи моддаи 463  Кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи маҳсулоти тамоку дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар 9 моҳи соли 2017 нисбат ба  9558 нафар протоколи маъмурӣ  тартиб дода, 477900 сомонӣ ҷарима рӯёнида шуд.  Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 1081 протокол зиёд мебошад.

Ба савол оид ба набудани ҷойҳои махсуси сигоркашӣ номбурда гуфт, кормандони милитсия вазифаи худро иҷро мекунанд. Ҷойҳои махсуси сигоркаширо бояд мақомоти дахлдор, ки дар қонун зикр шудааст, ташкил намоянд.

- Маърифати ҳуқуқии мардум бояд баланд бардошта шавад. Бояд кӯшиш кунем, ки сокинон аз истифодаи сигор худдорӣ кунанд. Дар дунё бо роҳҳои қонунӣ истифодаи маҳсулоти тамоку маҳдуд шуда истодааст. Бештари ҷавонон сигоркаширо ифтихор медонанд, ки кори дуруст нест, зеро кашидани сигор, пеш аз ҳама, ҷабр ба   истифодабарандаи он аст, — зикр кард ҳамсуҳбатам.

Сокини шаҳри Душанбе Қурбон Бобозода, ки ҷавон аст ва чор сол боз сигор мекашад, зимни суҳбат гуфт, ки бинобар набудани ҷойҳои махсус баъзан дар канори роҳ сигор мекашад. Ҳолатҳое иттифоқ афтодааст, ки кормандони милитсия барои ин амалаш бозпурсӣ намудаанд. Номбурда мегӯяд: «Модом ки манъ будани кашидани сигорро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба қонун асоснок менамоянд, пас ташкили ҷойҳои махсус, ки меъёри қонун аст, бояд амалӣ шавад».

Сардори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотима Ғоибова иттилоъ дод, ки бинобар он ки нафарони сигоркаш ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат намекунанд ва онҳо дар ягон ҷо ба қайд гирифта намешаванд, айни замон омори дақиқи нафарони сигоркаш мавҷуд нест. Бино ба гуфти ӯ, намояндагии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки соли оянда тадқиқотеро оид ба муайян кардани шумораи истифодабарандагони сигор дар кишвар гузаронад. Пас аз анҷоми тадқиқот метавон омори дурустро оид ба истифодабарандагони сигор дастрас кард.

Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 971 тоннаву 758 кг  ва ё 878 миллиону 658 ҳазору 800 дона сигарет ба маблағи 14 211 190 доллари ИМА ба кишвар ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2016 — ум 28 232 кг ё 17 134 550 дона зиёд мебошад. Чунин фарқият гувоҳи он аст, ки бо вуҷуди ҷорӣ кардани маҳдудият дар истифодаи сигарет истифодаи он тамоюли афзоишро касб кардааст.

Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки меъёри аксизиро барои сигарет се баробар қимат намояд. Дар баробари ин, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» низ тағйиру иловаҳои нав бояд ворид шавад, ки айни замон дар баррасии кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон қарор дорад. Бо истифода аз фишангҳои танзимкунанда пешгирии роҳи афзоиши истифодабарандагони тамоку вазифаи мақомоти давлатӣ буда, иқдоми  Ҳукумати кишвар доир ба масъалаи мавриди назар қобили дастгирӣ аст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»