Аз фаъолияти парлумонҳои ҷаҳон

№128 (3765) 31.10.2017

Вакилон ҷарима мешаванд

Моҳи октябр иштироки вакилони Радаи Украина дар иҷлосияҳо ғайрифаъол буд. Дар ин муддат аз 422 вакил ба ҳисоби миёна дар ҷаласаҳо 318 нафар ба қайд гирифта шуд. Шаш вакил умуман дар ҷаласаҳо ширкат надоштанд.

Аз ин рӯ, Президенти Украина Пётр Порошенко ба парлумон лоиҳаи қонун оид ба бекор кардани дахлнопазирии вакилонро пешниҳод кард. Иштирокчиёни митинги назди бинои Рада низ қабули ин қонунро талаб доранд.

 ***

Парламенти ЮАР бошад, вакилони «прогулчӣ» — ро ҷарима мекунад. Агар вакил се маротиба бе розигии ҳизбе, ки узви он аст, ба ҷаласаҳо наояд, он ҳизб ҷарима карда мешавад. Маблағи ҷарима 75 доллари амрикоӣ барои як рӯз мебошад. Музди моҳонаи аз ҳама пасте, ки узви парлумони ЮАР мегирад, ба 6,5 ҳазор доллар баробар аст.

Ноибони раиси Маҷлис афв шуданд

Ноибони раиси Маҷлиси тоторҳои Қрим – Илмӣ Умаров ва Аҳтам Чийғоз афв шуданд. Дар ин бора хабарнигори бахши русии радиои «Озодӣ» 25 октябр бо такя ба нишондоди вакили дифоъ Николай Полозов гузориш дод.

Фармонҳои Президенти Россия дар бораи афви ин ду сиёсатмадор муҳри махфӣ доранд ва нашр нашудаанд. Баъди аз маҳбас баромадан Умаров ва Чийғоз аз Қрим ба Туркия рафтанд. Назар ба қавли намояндагони раванди музокироти озодии тоторҳои Қрим, «ин як ҳалли сиёсӣ ва натиҷаи музокирот бо ширкати Украина ва Туркия буд».

Илмӣ Умаров бо ҷурми даъват ба халалдор кардани тамомияти арзии Россия ду сол ва Аҳтам Чийғоз бо иттиҳоми ташкили бетартибии оммавӣ, соли 2014 дар назди парлумони Қрим, ба ҳашт соли зиндон маҳкум шуда буданд.

Достон раиси парлумон шуд

25 октябр узви ҳизби «Қирғизистон» — Достон Ҷумъабеков ба ҷойи Чинибой Турсунбеков раиси парлумони Қирғизистон интихоб шуд. Аз 120 намояндаи мардумӣ дар парлумон 80 нафар ба тарафдории ӯ раъй доданд. 32 вакил намояндаи мардумӣ Исҳоқ Масалиев — номзади ҳизби «Онугуу-Прогресс»-ро ҷонибдорӣ карданд.

Интихоби раиси парлумон ба таври пӯшида сурат гирифт.

Достон Ҷумъабекови 40 — сола бори аввал соли 2010, аз рӯйхати ҳизби «Ата-Журт» ва соли 2015 дар ҳайати ҳизби «Қирғизистон» вориди парлумон шуд. Вай Устоди варзиш дар риштаи якҳарбаи шарқӣ мебошад.

Таҳияи Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»