Онро Кумитаи иҷроияи ҳаракати ҷамъиятии «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», Вазорати фарҳанг ва Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон барои беҳтарин суруд ва беҳтарин асари мусиқӣ баргузор менамоянд.
Ҳадаф тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, тамомияти арзии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат дар бунёд ва таҳкими давлати нави тоҷикон, эҳсоси ифтихор аз Ватани маҳбуб ва мероси бойи ниёгон маънидод мегардад.
Ҳамчунин, ташаббускорон мақсад доранд, ки оҳангсозони ҷавони боистеъдодро пайдо ва жанрҳои мусиқии касбиро тарғиб намоянд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.
«Садои мардум»