- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон проблемаҳои экологӣ, аз қабили ифлосшавии обу ҳаво, камшавии ҷангалзор, обшавии пиряхҳо, фаромадани селу ярч ва тағйирёбии иқлим хеле зиёданд ва онҳо дар ВАО-и ҷумҳурӣ бояд инъикос ёбанд, — изҳор дошт ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, профессор Нуралӣ Солеҳов дар конференсияи илмӣ- амалии байнидонишгоҳӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои муосири экологӣ ва тамоюли рушди журналистикаи экологӣ дар Тоҷикистон», ки 27 октябри соли равон баргузор гардид. Н. Солеҳов афзуд, ки ҳадаф аз баргузории конференсия бори дигар ҷалб намудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масоили экологӣ, тавассути матолиби экологии нашрияҳо ва усулҳои инъикоси проблемаҳои муҳити зист дар ВАО-и ҷумҳурӣ муайян намудани тамоюли рушди журналистикаи экологӣ дар Тоҷикистон аст.
- Аксари матолиби дар мавзӯъҳои экологӣ нашршуда хусусияти иттилоотӣ доранд на таҳлилӣ, — қайд кард муаллими калони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия Ш. Соҳибназарова дар маърӯзааш, ки ба «Масъалаҳои муҳими экологӣ дар фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида шуд.
Сардабири рӯзномаи «Инсон ва табиат» Ҷамолиддин Яъқубов оид ба зарурати тайёр намудани журналистон — экологҳо сухан ронда, таъкид намуд, ки ин тадбир ба инъикоси беҳтар ва ҳалли масъалаҳои экологӣ мусоидат хоҳад кард. Ин нуктаро профессор Н. Солеҳов низ дастгирӣ намуда, изҳор дошт, ки дар донишгоҳ барои донишҷӯёни соли дуюми бахши «Журналистикаи байналмилалӣ» курси махсуси журналистон-экологҳо ба роҳ монда шудааст.
Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»