ДАНҒАРА. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Картошкапарварони ноҳияи Данғара аз майдони 255 гектар замин ҳосили дилхоҳи картошка ба даст оварданд. Онҳо 3750 тонна картошка ҷамъоварӣ карда, иҷрои нақшаи дурнаморо 100 фоиз таъмин намуданд. Ҳосили бардошташуда ба ҳар гектар 147,1 сентнерӣ рост меояд.
Воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон