ФАЙЗОБОД. (Маҷид ҲОМИДОВ) Дарав ва ҷамъоварии ғалла имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Файзобод бомуваффақият идома дорад. Заҳматкашони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия аллакай майдони 510 гектар ғалларо дарав кардаанд. Дар ин самт махсусан хоҷагиҳои деҳоти «Бӯстон», «Меҳробод», «Ҷавонон», «Файзобод» пешқадаманд.
-Мо бо истифода аз техникаҳои ғалладарав кӯшиш дорем, ки майдони 1720 гектар ғаллаи обию лалмиро сари вақт ҷамъоварӣ намоем, ҳосилнокии ҳар гектар ғаллаи лалмиро ба 18 сентнер ва обиро ба 30 сентнерӣ расонем, — гуфт сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Ҳикматулло Қодиров.