Дуюми ноябри соли 2017 Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедовро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.
Маросими истиқбол бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт. Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории бисёрпаҳлуи ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардид.
Дуюми ноябри соли 2017 муҳокимаи мавзӯъҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳ дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон идома ёфт.
Дар оғоз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедовро ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ташрифи меҳмони олимақомро боз як қадами муҳим барои таҳкими дӯстию ҳамкорӣ дар таърихи муосири муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ карданд.
Тавре таъкид гардид, дар давоми даҳсолаҳои охир равобити кишварҳо марҳилаҳои нави рушдро касб кардааст, ки ба таъмиқи ҳамкории ду давлат такони ҷиддӣ мебахшад.
Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ин раванд имзои Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ арзёбӣ шуд.
Ба андешаи ҳар ду ҷониб соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, сохтмон, кишоварзӣ ва туризм аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодӣ боқӣ мемонанд.
Ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Туркманистон аз январ то августи соли 2017- ум 32 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.
Ҷонибҳо нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ – иқтисодӣ, илмию техникӣ ва баргузории бизнес — форумҳоро байни доираҳои соҳибкории ду кишвар барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои баланди иқтисодӣ муҳим маънидод карданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни мулоқот аз сатҳи муколамаҳои сиёсӣ ва татбиқи санадҳои қаблан баимзорасидаи ҳамкорӣ ибрози қаноатмандӣ карда шуд.
Тоҷикистону Туркманистон дорои иқтидори бузурги захираҳои на танҳо иқтисодӣ, балки имкони таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги нақлиётию энергетикӣ мебошанд. Сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон намунаи олии ҳамкорӣ дар ин самт номида шуд.
Дар соҳаи нақлиёт ҷонибҳо, ҳамчунин, ба масъалаи ба роҳ мондани хатсайри мустақими ҳавоии байни ду кишвар аҳамияти махсус зоҳир карданд.
Пойтахти Туркманистон — шаҳри Ашқобод макони бузурги баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла варзишӣ, гардидааст. Аз ин рӯ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Гурбонгули Бердимуҳамедов ва мардуми туркманро барои муваффақона доир кардани Бозиҳои панҷуми варзишии Осиё, ки омили муҳими баҳамоии мардум гардид, табрик гуфтанд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ ва маорифро баррасӣ карда, баргузории рӯзҳои фарҳанги кишварҳоро омили муҳими таконбахши равобити дуҷониба маънидод карданд.
Дар охири мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, ҳар ду ҷониб омодагии худро барои таҳкиму густариш бахшидани ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалӣ ба хотири ҳалли мушкилоти глобалӣ, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, таъмини амну субот дар минтақа ва ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ дар Афғонистон баён доштанд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 13 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон ба имзо расид:
Зери Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Туркманистон ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба шарикии стратегӣ сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳамедов имзо гузоштанд.
Санадҳои дигари ҳамкорӣ:
Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон дар бораи принсипҳои андозситониҳои ғайримустақим ҳангоми содироту воридоти молҳо, иҷрои кор ва хизматрасонӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкориҳои дарозмуҳлати тиҷоратию иқтисодӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳо оид ба таҳсилот;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода;
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи эътирофи мутақобилаи иҷозатномаҳо барои амалӣ намудани фаъолияти сохтмонӣ;
Барномаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар соҳаи фарҳанг ва санъат барои солҳои 2018 — 2020;
Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба сохтмони бинои (маҷмӯи биноҳои) мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумкули дар Иттиҳодияи деҳқонии «Эргаш Султонов»- и ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Ашқобод дар бораи барпо намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Ашқобод;
Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳокимияти вилояти Лебапи Туркманистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест»- и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи соҳибкорон ва саноатчиёни Туркманистон.
То имрӯз заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро зиёда аз 60 санад ташкил медод, акнун бо имзои санадҳои нав, ки бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сохтмону саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд, шумораи онҳо ба беш аз 70 адад расид. Татбиқи самараноки санадҳо, ки барои Тоҷикистону Туркманистон боманфиату судовар хоҳад буд, ба таҳкиму густариши муносибатҳои деринаи дӯстӣ заминаи боэътимод мегузорад.
Пас аз маросими имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ сарони ҳар ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгули Бердимуҳамедов барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои сафари расмии Президенти Туркманистонро ба Тоҷикистон пурарзиш ва бобарор арзёбӣ карданд.
Сеюми ноябри соли 2017 сафари расмии Президенти Туркманистон дар Тоҷикистон идома ёфт. Дар доираи сафар Гурбонгули Бердимуҳамедов бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзараҳои нотакрори кишвари биҳиштосои мо дар ноҳияи Варзоб ва боғи пур аз гулу дарахтони нодири Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо карданд.
Сайругашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт. Ба меҳмони олиқадр намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун, сабзавоту меваҳои тару тоза ва шаҳдбори Тоҷикистон, хушкмеваҳо, нону кулчаҳо ва таомҳои хушлаззати миллӣ намоиш дода шуд.
Гурбонгули Бердимуҳамедов аз меҳмоннавозии гарм, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Бо ҳамин сафари расмии Президенти Туркманистон дар Тоҷикистон анҷом ёфт ва Гурбонгули Бердимуҳамедов аз шаҳри Душанбе ба Ашқобод баргашт.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд ва бо расму оини аҷдодии хоси меҳмоннавозии тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.
www.president.tj