Кумаки хайриявии Ҳиндустон ба Афғонистон

№ 07.11.2017

 Ҷумҳурии Ҳиндустон тавассути  бандари «Чобаҳор»-и Эрон нахустин корвони гандуми хайриявиро ба Афғонистон ирсол намуд. Интиқоли гандум ба Афғонистон марҳилаи нави ёрии башардӯстонаи Ҳукумати Ҳиндустон буда, дар маҷмӯъ 1,1 миллион тоннаро дар бар хоҳад гирифт.

Кӯмаки Ҳиндустон барои барқароршавии Афғонистон то ин дам зиёда аз 2 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ҳукумати Ҳиндустон эълон намуд, ки барои пешрафти Афғонистон боз 1 миллиард доллар кумак хоҳад кард.

 

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»